Пайвандҳои дастрасӣ

"Тухмии чинӣ" пахтакорони тоҷикро ба марра расонд. ВИДЕО


Дар Тоҷикистон барои нахустин бор дар 10 соли охир нақшаи истеҳсоли пахта пеш аз мӯҳлат иҷро шудааст. Кишоварзон гуфтанд, ки то имрӯз 356 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст ва сифати хуби тухмии пахта, ки навъи "чинӣ" гуфта мешавад, барои ин мусоидат кардааст.

Бо ин, ки нақшаи имсолаи чиниши ҳосил пурра шудаааст, дар назар аст боз 120 ҳазор тонна пахтаи бештар ҷамъоварӣ шавад. Кишоварзон мегӯянд, майдонҳои пахта ҳанӯз ҳосили фаровони ҷамъоваринашуда доранд. Пахтакорон дар Тоҷикистон мегӯянд, дар баробари мусоидии обуҳаво, имсол тухмии хушсифате, ки аз ҳамкорони чинӣ харидорӣ карданд, боиси фаровонии ҳосили пахта дар кишвар шудааст.

Пахта баъд аз алюминий дувумин маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аммо солҳои ахир кишт ва коркарди он дар Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст.

Ҷунайдулло Зикиров, яке аз саҳҳомони хоҷагии пахтакор дар шаҳри Ваҳдат, аз ҳосили хуби пахта хушҳол аст. Вай мегӯяд, ҳоло дар пахтазори онҳо даври дуюми чиниш идома дорад ва ҳанӯз саҳро пур аз пахта аст. Ба таъкиди Зикиров, онҳо аз чинаки аввал 20 сентнер ҳосил ба даст овардаанд ва аз рӯи пешбиниашон, то охири мавсим ҳосилро ба 30 сентнер аз ҳар гектар, баробар хоҳанд кард.

Зикиров, ки мегӯяд, ҳанӯз аз замони кӯдакӣ бо пахта сарукор дорад, афзуд, ҳосили хуби пахта замони шӯравӣ ҳам бештар аз заминҳои навкорам ба даст меомад. “Тухмиро аз Чин овардаанд, ҳосилаш ниҳоят нағз аст. Дар вақташ озуқаашро додем, 4 то 5 маротиба чобуқ кардаем. Аз солҳои қаблӣ фарқи калон дорад. Меҳнат ҳам хуб аст, вале тухмие, ки мо дурага кардем, ҳосилро боз бештар кард”- гуфт ӯ. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, ҳарчанд навъи пунбадонаи чиниро бо нархи гаронхаридорӣ карданд, вале аллакай дар ҳосили якум хароҷоти онро пӯшонд.

Ҷунайдулло Зикиров
Ҷунайдулло Зикиров

Ин деҳқон тасмим дорад, аз даромади имсолаи пахта, ки серҳосил аст, барои хоҷагиаш техникаҳои нав харидорӣ кунад. Аслан хоҷагии деҳқонии “Авазмурод Кенҷаев” дар шаҳри Ваҳдат ҳамагӣ шаш корманд дорад. Аммо ҳоло бештар аз 40 нафари дигар, умдатан занҳои хонашин дар пахтазори Ҷунайдулло Зикиров кор мекунанд. Ба ҳар килои пахтаи чидашуда ба ёрдамчиён аз 50 то 70-дирамӣ ҳақ дода мешавад. Дар поёни ҷамъоварии ҳосил ҳам ба беҳтарин чинакчиён аз номи хоҷагии деҳқонӣ тӯҳфаҳо тақдим мешавад.

Саодат Гулакова рӯзе то 80 кило пахта мечинад. Ин ягона даромади хонаводаи ӯву дигар ҳамсояҳояш аст. Вай мегӯяд, ҳосили фаровони пахта кори ӯ ва дигаронро осон мекунад. Чун онҳо агар пахтаи зиёд чинанд, даромади зиёд ба даст меоранд ва вазъи иқтисодии хонаводаҳояшон ҳам беҳтар мегардад. “Баъзе занҳоро шавҳаронашон чанд сол шуд партофта Русия рафтанд, 3-4 кӯдакӣ доранд. Зиндагӣ ба сари занҳо бор мешавад. Соли гузашта ҳамсоямон, ки шавҳараш нест, аз ҳамин пули пахта духтарашро ба шавҳар дод”,-нақл кард Саодат.

Мақомот сабаби сари вақт иҷро шудани нақшаи ҷамъоварии пахтаро инчунин дар мусоид омадани боду ҳавои имсола ва ҳам шароити хуби агратехникии кишоварзон меноманд. Вале як сабаби дигарро деҳқононе мисли Ҷунайдулло Зикиров дар навъи тухмии пахта мебинанд, ки ҳосили зиёд додааст.

Амирҳамза Фозилзода
Амирҳамза Фозилзода

Амирҳамза Фозилзода, масъули раёсати кишоварзии шаҳри Ваҳдат дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба эҳтимоли зиёд саривақт иҷро шудани ҳосили пахта ҳам маҳз ба тухмии он вобастагӣ дошт. Чун имсол онҳо баръакси солҳои пеш тухмиро аз ҳамкорони чинӣ дастрас карданд, на аз вилояти Суғду Хатлон.

Вай гуфт, ҳоло шаҳри Ваҳдат нақшаро иҷро накардааст, вале умедваранд аз ин саҳрои пур аз "тиллои сафед", ҳосили барзиёд ба даст оранд. “Мо аслан бо ду корхонаи коркардаи пахта, дар Ҳисору Ёвон ҳамкорӣ дорем. Аслан тоннаи пахтаро то 4,7 ҳазор сомонӣ мефурӯшем. Онҳое, ки бо мо ҳамкорӣ мекунанд, 3,5 ҳазор сомонӣ барои як тонна ҳисоб мекунанд”.

Пахта баъд аз алюминий дувумин маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аммо солҳои ахир кишт ва коркарди он дар Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст. Дар замони Шӯравӣ ин ҷумҳурӣ ҳар сол наздики 1 миллион тонна пахтаро ба фоидаи давлат ҷамъ меовард.

Мақомот дар чанд соли ахир кӯшиш дорад ин маҳсулотро дар дохил коркард намуда, аз он даромади бештар ба даст орад. Барои ин дар як соли ахир барои корхонаҳои коркарди пахта ва истеҳсолкунандагон имтиёзҳо дода шуд.

Бо вуҷуди инки пахта яке аз маҳсулоти умдаи содиротии Тоҷикистон боқӣ мемонад, мунтақидон мегӯянд, фоидаи он асосан ба ҷайби тоҷирони ин маҳсулоти стратегӣ меравад ва ба худи деҳқон ғайр аз пули ночиз ва ғӯзапоя, суди дигаре намемонад. Барои ҳар килограм пахта дар Тоҷикистон маъмулан 50-60 дирам пардохт мешвад, ки дар муқоиса бо заҳмати пурмашаққати он, хеле ночиз аст.

Дар тақрибан 4 моҳи аввале, ки аз кишт то чидани пахта мегузарад, деҳқонони тоҷик тақрибан бидуни музд кор мекунанд. Ҳоло деҳқонон мегӯянд, як тонна пахтаро ба корхонаҳои кишвар ба нархи аз 3,5 то 4,5 ҳазор сомонӣ мефурӯшанд.

То расидан ба он марҳила, пахтаи хоми тоҷик бояд коркард, аз пунбадона ҷудо ва хушконда шуда, баъдан дар шакли тойҳо дар ихтиёри ширкатҳои фурӯши пахта қарор гирад. Аммо на ҳамаи онҳо ба Биржаи молу ашёи хоми Тоҷикистон дастрасӣ доранд. "Танҳо ширкатҳои махсус ҳаққи роҳ ёфтани молашон ба биржаҳоро доранд",- мегӯянд коршиносон.

Шамсиддин Ҷалолов
Шамсиддин Ҷалолов

Шамсиддин Ҷалолов, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, агар дар Тоҷикистон пахта аз ибтидо то интиҳо, яъне то баровардани маҳсулоти ниёзи мардум дар дохил коркард шавад, кишвар метавонад на камтар аз се баробар аз пахта даромади хуб ба даст биорад. Ин иқтисоддон мегӯяд, муваффақияти ин соҳа аз омилҳои мухталиф бастагӣ дорад. Барои мисол, гуфт ӯ, талошҳои бозбинӣ шудани сиёсати пахтакорӣ дар тамоми солҳои иқтиқлолият, аз ҷумла гузариш ба созишномаҳои фйючерӣ натиҷа надод. Чанд талоши дигари бозбинии сиёсати пахтакорӣ дар кишвар иҷро нашуд.

Бо ин вуҷуд, ба таъкиди иқтисоддон Ҷалолов, Тоҷикистон наметавонад аз пахтакорӣ даст кашад, чунки яке аз муҳимтарин молҳои содиротии кишвар ба ҳисоб меравад, дар бозори ҷаҳонӣ харидор дорад ва барои кишоварзони маҳаллӣ ҳам дар минтақаҳои дурдасти кишвар машғулият ва даромади аслии кор ба ҳисоб меравад. Айни замон қиммати пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ дар ҳоли афзоиш аст. Ҳоло як килограм пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ 1 доллару 52 сент хариду фурӯш мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG