Пайвандҳои дастрасӣ

"Раис амр дод, раис бекор кард". Баҳси замини Афзалмоҳ. ВИДЕО


Афзалмоҳ Хоҷаева, роҳбари хоҷагии деҳқонии “Комрон” дар ноҳияи Ёвон, гуфт, як сол боз барои барқарории ҳуқуқи худ талош дорад, аммо ба натиҷае нарасидааст. Ду қарори раиси ноҳия дар бораи як замин боис ба ин моҷаро шудааст.

Як сол шуд, ки аз паси мансабдорон медавам. Барои замин. Ман ин қадар азоб кашидам, меҳнат кардам, фарзандҳоямро азоб додам. Ба ҷойи онки тарафи маро гиранд, ҳамаро зери по карданд.

Хоҷаева соли 2014 ҳудуди 5 гектар замини обии ҷамоати Чоргули ноҳияи Ёвонро, ки чанд сол боз дар он кишт мекард, ҳамчун хоҷагии деҳқонӣ ҳуҷҷат кардааст. Ҳукумати ноҳияи Ёвон ва ҳамаи идораи масъул ҳуҷҷатҳои заруриро барои истифодаи якумрии меросӣ ба ин зани кишоварз додаанд. Вале имсол ҳукумати ноҳия аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии “Комрон” барои сокинон қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҷудо кардааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Онҳое, ки аз ин хоҷагӣ соҳиби замин шудаанд, сангу шағал оварда, дар миёни зироати Афзалмоҳ ба сохтмони хона шурӯъ кардаанд. Ин зани кишоварз мегӯяд, ҳар сол дар ин замин сабзавот кишт мекард, вале имсол ба сабаби сарсонӣ ва мушкиле, ки бо мақомоти ноҳия дошт, танҳо гандум ва беда коридааст.

Афзалмоҳ Хоҷаева рӯзи 27-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “як сол шуд, ки аз паси мансабдорон медавам. Барои замин. Ман ин қадар азоб кашидам, меҳнат кардам, фарзандҳоямро азоб додам. Ба ҷойи онки тарафи маро гиранд, ҳамаро зери по карданд. Ҳол онки дар назди замини ман зиёда аз 35 гектар замини захиравии ноҳия аст, ки онро худи мақомот истифода мебаранд.”

Ҳангоме ки мо дар сари замин будем, масъулони бахши кишоварзии ноҳия бо дархости Афзалмоҳ Хоҷаева ба онҷо омада, зироатаҳои поймолкардаи сокинонро ҳисоб карданд. Ба гуфтаи онҳо, гандум ва як миқдор аз бедаи ин зан поймол шудаанд.

Дар ҳукумати ноҳия гуфтанд, шояд ҳангоми ҳуҷҷатгузорӣ иштибоҳӣ ба ҷойи истифодаи “муҳлатнок” “якумраи меросӣ” навишта шуда бошад.

Вале ин масъулон гуфтанд, танҳо пас аз ҳисобу китоби мутахассисон зарари расондаи сокинон ба ин хоҷагиро муайян хоҳанд кард. Афзалмоҳ Хоҷаева мегӯяд, ҳарчанд дар атрофи хоҷагии вай заминҳои зиёде барои фонди манзил ҷудо шудааст, аммо мақомот боз ҳам аз заминҳои вай ба мардум ҳисса тақсим кардаанд.

Дар ҳукумати ноҳияи Ёвон ба мо гуфтанд, ки дар ҳақиқат як қисми заминҳои хоҷагии деҳқонии “Комрон”-ро ба сокинон тақсим кардаанд, аммо ин аз рӯи қарори раиси ноҳия ва ҳукумати кишвар сурат гирифтааст.

Сулаймон Собиров, як корманди идораи замини ноҳияи Ёвон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “заминҳои хоҷагии деҳқонии «Комрон» вақте ташкил шуд, ки пеш аз он парвандаи 400-гектарӣ барои заминҳои наздиҳавлигӣ ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шуда буд.”

Аз тафтиши ҳуҷҷатҳо маълум шуд, раиси ноҳияи Ёвон аз соли 2011 барои ҷудо кардани 412 гектар замин барои фонди манзил қарор қабул намудааст, ки ба гуфтаи мақомоти ноҳия замини хоҷагии деҳқонии Афзалова ҳам дар ҳудуди он заминҳо ворид мешавад.

Дар соли 2014 раиси ҳамин ноҳия бо қарори худ аз дохили фонди манзил барои Хоҷаева 5 гектар замин барои истифодаи якумрии меросӣ ҷудо кардааст. Ҳатто иловатан соли 2015 боз бо як қарори дигар раиси ноҳия барои ин хоҷагӣ бештар аз 1 гектар замини дигар ҷудо кардаанд.

Афзалмоҳ Хоҷаева мегӯяд, он солҳо касе барояш нагуфтааст, ки инҷо барои фонди манзил ҷудо шудааст ва дар оянда метавонад аз дасташ равад.

Ҳоло масъулони ноҳия аз дигар заминҳо 4 гектар замин барои Хоҷаева пешниҳод кардаанд, вале вай рад кардааст. Дар идораи замини ноҳияи Ёвон ба суоли он ки чаро вақте заминҳои хоҷагии деҳқонии “Комрон” ҳанӯз аз соли 2011 дар фонди манзил ворид шуда буд, боз ҳамчун хоҷагии якумраи меросӣ ҳуҷҷат кардаанд, касе посух надод.

Яке аз пурсару садотарин чунин ҳолат дар ноҳияи Ҳисор буд, ки қарори тақсими замин ба беш аз 700 нафар аз тарафи раиси шаҳр бекор карда шуд

Танҳо дар ҳукумати ноҳия гуфтанд, шояд ҳангоми ҳуҷҷатгузорӣ иштибоҳӣ ба ҷойи истифодаи “муҳлатнок” “якумраи меросӣ” навишта шуда бошад. Иштибоҳе, ки сарсониҳои ин сокин ва ҳам мақомотро ба миён овардааст.

Дар чанд соли охир борҳо амри раисони баъзе шаҳру ноҳияҳо дар мавриди тақсими замин мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтаанд. Додситони кулли кишвар ҳам дар моҳи феврали ҳамин сол гуфта буд, аз ҳисоби муомилоти ғайриқонунии замин 495 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуда, 924 қарори раисони шаҳраку ҷамоатҳо бекор гардиданд.

Яке аз пурсару садотарин чунин ҳолат дар ноҳияи Ҳисор буд, ки қарори тақсими замин ба беш аз 700 нафар аз тарафи раиси шаҳр бекор карда шуд ва боис ба нигаронии сокинон гашт.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG