Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷир, муаллим ва “ҷиҳодӣ” – Се сарнавишти ҷавонони тоҷик


Акс аз бойгонӣ

"Муҳоҷири беҳуқуқ", "омӯзгории маҷбурӣ" ва "ҷиҳодиҳои бесавод" - се қишри муҳиме ҳастанд, ки ба андешаи ҷомеашиносони тоҷик ба ислоҳ ва таваҷҷӯҳи махсус ниёз доранд.

Тибқи омори расмӣ беш аз ду миллион ё ҳафтод дар сади аҳолии Тоҷикистон ҷавононанд. Ҷавононе, ки бархе мисли Хайрулло муҳоҷири беҳуқуқ дар Русия ҳастанд, ё мисли Дилшод аз ночорӣ омӯзгор ва ё бо гумони ифротгароӣ мисли Насриддин пушти зиндон рафтааст.

Бо онки дар солҳои ахир шиорҳои "ҷавонгароӣ" аз забони мақомдорон бисёр садо медиҳанд, аммо воқеият ин аст, ки ҷавонони тоҷик барои ояндасозӣ интихоби маҳдуд доранд. Беҳтарин гузинаи бахши умдаи ҷавонон, ки 70 дар сади аҳолии 8-униммиллионнафарии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, муҳоҷирати корӣ ба Русия аст, ки ҳадди ақал саҳми онҳоро дар кумак ба хонаводаҳояшон таъмин мекунад. Ин қишр, ки қисман иқтисоди кишварро мечархонад, бештар аз дигарон таваҷҷӯҳ мехоҳад.

Интихоби дуввум, барои кор дар як ниҳоди расмӣ муаллимӣ аст ва ҷавонҳои таҳсилдидаи бекор бо дипломи донишгоҳҳои мухталиф барои пешбурди рӯзгор ин нақшро иҷро мекунанд.

Роҳи сеюм, ки қишри аз ҳам заъфпазир, камсавод ва хурофотӣ ба он қадам мегузорад, "ҷиҳод"-у Сурияву Ироқу Афғонистон аст, ки то ҳол бештар аз ҳазор ҷавонро аз Тоҷикистон ба коми худ фурӯ бурдааст.

Хайруллои Нурулло
Хайруллои Нурулло

Бар пояи омори расмии соли 2016, аз наздики 600 ҳазор муҳоҷири корӣ дар Русия 400 ҳазор ҷавони то 35-сола ҳастанд. Маълумоти ғайрирасмӣ шумори муҳоҷирони корӣ дар Русияро беш аз миллион нафар нишон медиҳад. Аз рӯи маълумоти расмӣ, теъдоди муаллимони муассисаҳои таълимӣ ба 200 ҳазор нафар мерасад. Бахши умдаи ҷойҳои кориро дар ин соҳа ҷавонҳо ишғол кардаанд. Муаллимҳо дар Тоҷикистон аз 400 то 1500 сомонӣ маош мегиранд, ки дар пасманзари бекории фарогир интихоби баде нест.

Дар ду соли охир ҳудудан 2 ҳазор нафар бо гумони ифротгароӣ дар Тоҷикистон боздошт шуданд. Беш аз 1000 нафар ба “ҷиҳод” дар Ховари Миёна рафтанд, 40 дар сади онҳо то соли 2015 кушта шуда, сарнавишти бахши боқимонда, ки дигар бо хонаводаҳояшон дар тамос нестанд, норӯшан боқӣ мондааст. Мақомот синни “ҷиҳодиҳо”-и тоҷикро аз 20 то 35-сола мегӯянд.

Ин қадар пул надоштам ва аз ҷое даромад ҳам набуд, ки ҳар сол шартномаи таҳсилро супорам. Гуфтам, ки меравам ва як сол кор карда, аз сари нав дохил мешавам

“Ҳайф, ки дар оилаи камбағал таваллуд шудам”

Хайруллои Нурулло, ҷавони 21-сола аз вилояти Хатлон, ду соли пеш баъди он ба сафи “артиши бузурги муҳоҷирон”-и тоҷик дар Русия пайваст, ки натавонист, дар Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон таҳсил кунад. Хайрулло мегӯяд, соли 2015 аз имтиҳони Маркази миллии тестӣ гузашт, вале ба ӯ гуфтанд, ки таҳсил танҳо дар бахши шартномавӣ бо пардохти солонаи то 9 ҳазор сомонӣ, каме беш аз ҳазор доллари амрикоӣ имконпазир аст. Хайрулло, ки орзу дошт, бонкдор шавад, мегӯяд, хонаводаи ӯ пулдор набуд ва қарор ин шуд, ки таҳсилро канор гузорад ва рӯ ба муҳоҷирати корӣ биёрад.

"Ин қадар пул надоштам ва аз ҷое даромад ҳам набуд, ки ҳар сол шартномаи таҳсилро супорам. Гуфтам, ки меравам ва як сол кор карда, аз сари нав дохил мешавам", - афзуд ӯ.

Хайрулло мегӯяд, дар моҳҳои аввали муҳоҷирати корӣ дилаш ба таҳсил ва орзуяш кашол буд, аммо баъдан бо дидани даҳҳо муҳоҷири дипломдори тоҷик, ки дар сохтмонҳои Русия хишт мечиданд ва "бетон" мешӯриданд, ба ин натиҷа расид, агар таҳсил мекард ва диплом ҳам мегирифт, боз ҳам роҳаш ба сӯи Русия буд. Хайрулло бовар дорад, ки дар Тоҷикистон танҳо дар як ҳолат метавонед, осон ба орзуи худ бирасед, агар дар оилаи пулдор ё мансабдор ба дунё биёед ва хонавода пешопеш роҳҳоро барои шумо ҳамвор кунад.

Ӯ ҳоло дигар барнома дорад. Дар қадами аввал талош дорад, шаҳрвандии Русияро ба даст биёрад ва аз “муҳоҷири беҳуқуқ” ба як шаҳрванди комилҳуқуқ, ки дигар пули патент намесупорад, табдил ёбад. Баъдан шояд ба донишгоҳе дохил шуда, орзуи замони наврасиашро дар Русия амалӣ кунад. Орзуе, ки аксари ҳамсолони муҳоҷири Хайрулло дар Русия доранд.

Раҳмон Улмасов
Раҳмон Улмасов

Раҳмон Улмасов, коршиноси масоили муҳоҷират, гуфт, пеши роҳи муҳоҷирати ҷавононро набояд гирифт, аммо аз ҳиҷрати афроде мисли Хайрулло то як вақти муайян ҷилавгирӣ бояд кард. Хайруллоро ба гуфтаи ин коршинос бояд мутахассис омода кард. Талаботаш қонеъ шуд, дар Тоҷикистон мемонад ва агар на ҳамчун мутахассис ҳиҷрат мекунад

"Дар гирди Тоҷикистон девори Чин ҳам созем, мардум барои кори беҳтару хубтар баромада меравад. Пеши роҳи муҳоҷиратро набояд гирифт. Мушкили асосӣ дар он аст, ки сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон кам ворид мешавад. Сармоягузорон бо боварӣ дар Тоҷикистон сармоя намегузоранд, то ҷойи нави корӣ пайдо шавад", - афзуд ӯ.

Ҳоло ҳар кишвари Осиёи Марказӣ алоҳида кор мекунад, ки ба натиҷае намерасанд

Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, теъдоди бекорон дар Тоҷикистон сол то сол афзоиш меёбад ва ин кишвар тавони бо ҷойи кор таъмин кардани онҳоро надорад. Аз ин рӯ, Улмасов мегӯяд, ҳадди ақал то замони беҳ шудани шароит дар дохили кишвар ҳукумат талош кунад, вазъи муҳоҷиронаш дар хориҷро хуб кунад.

Раҳмон Улмасов афзуд, "мушкил дар он аст, ки дар бозори Тоҷикистон солона беш аз 100 ҳазор нирӯи нави корӣ пайдо мешавад. Тоҷикистон талаботи ин ҷавононро қонеъ карда наметавонад. Ҳуқуқи онҳо дар муҳоҷират, алабатта, нақз мешавад. Инҷо бояд кишварҳои Осиёи Миёна, ки дар Русия муҳоҷир доранд, дар якҷоягӣ шароити кориашонро дар Русия бояд хуб кунанд. Ҳоло ҳар кишвари Осиёи Марказӣ алоҳида кор мекунад, ки ба натиҷае намерасанд."

Ин коршинос ҳарферо мегӯяд, ки Хайрулло ҳамсӯҳбати мо ба амали шуданаш чандон мутмаин нест. Чунин ҳарфҳо наметавонад пеши роҳи ӯро барои шаҳрванди Русия нашудан бигирад.

Дилшод чаро муаллим шуд?

Дилшод Сафаров, ҷавони 31-солаи тоҷик дар яке аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ҷануби Тоҷикистон омӯзгор аст. Вай соли 2007 пас аз хатми Шӯъбаи англисии Донишгоҳи Кӯлоб ба Русия ба муҳоҷират рафт. Пас аз як беморӣ, ки дигар иҷоза намедод, дар сохтмон кор кунад, ба ватан баргашт. Дар бонкҳои маҳаллӣ ду сол кор кард, вале дар пайи ихтисор ӯ ҷойи корашро аз даст дод. Соли 2015 ба Дилшод гуфтанд, ки дар як мактаби ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, собиқ Колхозобод, омӯзгори забони англисӣ намерасад ва агар онҷо ба кор биравад, барои замин ба хотири бунёди манзили зист медиҳанд.

Ҳабс, боздошт ва рафтори тунд натиҷаи хуб намедиҳад. Ҷойи кор, шароити баробар барои ҳамаи ҷавонон ва ҳимоят аз ҳуқуқи онҳо дар муҳоҷират андешаҳои ифротгароиро дар зеҳни онҳо аз байн мебарад

Ду сол боз бо 900 сомонӣ маош, каме бештар аз сад доллари амрикоӣ дар ин мактаб кор мекунад, вале ҳанӯз замин барои бунёди манзили зист дастрас накардааст.

Дилшод бо ҳамсару ду кӯдакаш бо маоши омӯзгорӣ рӯз мегузаронад. "Як хел моҳ сар ба нӯг мерасонам, аммо баъзе моҳ қарздор мешавам. Дигар кор нест, маҷбурам ҳамин ҷо сабр кунам. Ду сол аст, барои замин ариза додаам, вале ҳеҷ нест, ки замин диҳанд. Ақаллан, ҳамон заминро медоданд, сабр кардан мумкин аст", - гуфт ӯ.

То панҷ соли пеш дар мактабҳои Тоҷикистон омӯзгорон намерасиданд, аммо ҳоло ба гуфтаи Дилшод вазъ тағйир кардааст ва ҳар ҷавон ҳам наметавонад омӯзгор шавад. Ҳарчанд, ӯ иқрор аст, ки аксар ҷавонони таҳсилдида, ки аз муҳоҷират бармегарданду дигар кори даромаднок надоранд, аз ночорӣ ба омӯзгорӣ рӯ меоранд.

Солона то 15 ҳазор ҷавон донишгоҳу донишкадаҳоро дар Тоҷикистон хатм мекунанд, ки бештар аз 5 ҳазор нафарашон ихтисоси омӯзгорӣ доранд. Бар асоси омори расмӣ, на ҳамаи хатмкунандагон ба кори омӯзгорӣ мераванд. Соҳибкорӣ, кор дар идораҳои давлатие, ки ҳарчанд маоши паст дорад, вале шароити ҷавонро беҳтар мекунад, интихоби аввали ҷавонон пас аз хатми донишгоҳ ҳаст. Пас аз ин муҳоҷир мешаванд ва ё интихоби ниҳоии аксари ҷавонони дипломдор кор дар мактаб боқӣ мемонад.

Ҳоло дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ҳудуди 200 ҳазор омӯзгор кор мекунад, ки дар пайи маъракаи ба нафақа гусел кардани бузургсолон аксарашонро ҷавонон ташкил медиҳад. Маориф, ягона сохторест дар Тоҷикистон, ки теъдоди бузурги сокинонро ба шуғл фаро гирифтааст. Дилшод мегӯяд, орзуяш боло рафтани маоши омӯзгорист ва дар сурати боло нашудани маош, бо беҳ шудани саломатиаш дубора ба Русия меравад.

Саидэҳсони Ҷалолиён
Саидэҳсони Ҷалолиён

Саидэҳсони Ҷалолиён, рӯзноманигори ҷавони тоҷик, мегӯяд, барои ислоҳи вазъи ҷавононе ба мисли Дилшод аз шиорпартоӣ ва ваъда ба амал бояд гузашт. Ӯ гуфт, ҳукумати Тоҷикистон ба ҷавонони омӯзгор ваъдаҳои хуб додааст, вале аксаран онҳо иҷро намешаванд.

"Ваъда ин аст, ки омӯзгорон дар деҳот ба хизмат намераванд, аммо мебинем, ки ин чиз риоя намешавад. Замин барои манзили зист ваъда медиҳанд, аммо дар таҷрибаи рӯзноманигориам шикоятҳои зиёде дастрас шудааст, ки ин ваъда низ амалӣ намешавад. Барои як ҷавон барои зиндагии андаке хубтар 3 ҳазор сомонӣ маош бояд дод. Маоши аксари ҷавонон дар соҳаи тиббу маориф 500-600 сомонӣ аст. Бо ин маош ҷавон гирифтори мушкил аст, эҷод карда наметавонад, ихтироъ карда наметавонад, дарси дуруст дода наметавонад. Аз маҷбурӣ ба омӯзгорӣ меравад, вале фикраш ба дигар ҷо банд аст. Дарсу таълим дигар самимӣ нест ва саводнокии насли наврас низ поин мешавад."

Зиндагии ояндаашро қабл аз озод шудан нақша кашидааст: Ё дар Тоҷикистон кори хубе пайдо мекунад ва ё дубора ба Русия меравад.

“Насриддин” чӣ тавр салафӣ шуд?

Насриддин, исми шартии як ҷавони 27-солаи тоҷик аст, ки тоза аз маҳбас раҳо шудааст. Додгоҳи вилояти Хатлон ӯро соли 2012 бо ҷурми узвият дар гурӯҳи "Салафия" ба панҷ соли зиндон маҳкум кард. Ӯ мегӯяд, замоне боздошт шуд, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ аз Русия ба ватан баргашта буд ва дар масҷиде бо имом-хатиб вориди баҳси динӣ шуд.

"Мо дар намози шом се ракъат фарзро хонда, баромаданӣ будем, ки имом-хатиб манъ кард. Гуфт, чаро ду ракъат суннатро намехонед? Бо ҳамин баҳси мо то ришу тарзи намозгузорӣ рафт. Як рафиқамон имомро муртад хонд. Фардо нисфирӯзӣ мо боздошт шудем", - гуфт ӯ.

Насриддин мегӯяд, то замони боздошт эҳсос намекард, ки андешаҳои ӯ марбути гурӯҳи салафиҳост. Дар Русия, ба гуфтаи ӯ, миёни муҳоҷирон ин ақидаҳо ҳамчун асли ислом таблиғу ташвиқ мешуд. "Дар хобгоҳи мо дар Русия то нимаи шаб баҳс атрофи ҳамин масъалаҳо буд. Мо рақамҳои муллоҳои Тоҷикистонро доштем ва муллоҳои дигар дар Русияро. Барои ҳалли баҳс гоҳе ба онҳо занг мезадем, то ба масъалае рӯшанӣ андозанд", - афзуд ӯ.

Ин ҷавон мегӯяд, ҳарчанд, чунин ақида дошт, вале кори баде накарда буд. Ӯ мегӯяд, ҳудуди панҷ соли зиндагиаш дар зиндон беҳуда гузаштааст. Зиндагии ояндаашро қабл аз озод шудан нақша кашидааст: Ё дар Тоҷикистон кори хубе пайдо мекунад ва ё дубора ба Русия меравад.

Фаридун Ҳодизода
Фаридун Ҳодизода

Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили мазҳабӣ, мегӯяд, то сатҳи бекорӣ коҳиш наёбад, пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ кам намешавад. Ҳодизода мегӯяд, бекорӣ ва ночорӣ навмедиро тавлид мекунад. Навмедӣ ҷавонро ба оғӯши гурӯҳҳои ифротӣ тела медиҳад, чун онҷо ӯро бо ваъдаҳои "ҷиҳод" барои зиндагии беҳтар дар он дунё умедворӣ медиҳанд.

"Ҳабс, боздошт ва рафтори тунд натиҷаи хуб намедиҳад. Ҷойи кор, шароити баробар барои ҳамаи ҷавонон ва ҳимоят аз ҳуқуқи онҳо дар муҳоҷират андешаҳои ифротгароиро дар зеҳни онҳо аз байн мебарад", - гуфт Ҳодизода.

Тибқи омори расмӣ дар Тоҷикистон 8 миллиону 500 ҳазор одам зиндагӣ мекунад, ки аксаран ҷавон ҳастанд. Ҷавононе, ки бархе мисли Хайрулло муҳоҷири беҳуқуқ дар Русия ҳастанд, ё мисли Дилшод аз ночорӣ омӯзгор ва ё бо гумони ифротгароӣ мисли Насриддин пушти зиндон рафтааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG