Пайвандҳои дастрасӣ

"Дуэл"-и холабачаҳо дар Норак. Яке кушта, дигаре захмӣ


Мақомот дар Норак таъйид карданд, ки дар пайи як моҷаро, як сокини ин шаҳр аз тири камони шикорӣ ҷон дода ва як тани дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудааст. То ба ҳол сабабҳои рух додани ин ҳодиса маълум нест, аммо зоҳиран баҳс сари тақсими замин сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ дар Норак, ҳодиса соати 11-и рӯзи 27 феврал дар деҳаи Лангар рух додааст ва бар асари он Қудратулло Ятимови 63-сола кушта ва Файзулло Сафарови 55-сола захм бардоштааст. Бахтиёр Ятимов, писари Қудратулло Ятимов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки падари маъюбаш аз ноҳияи дил тир хӯрда ва ҷасадашро пас аз ташхис соати 5-и рӯзи гузашта, ба хок супурданд.

То ба ҳол сабабҳои рух додани ин ҳодиса маълум нест, аммо зоҳиран баҳс сари тақсими замин сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи писари Қудратулло Ятимов, падараш бемори фалаҷ буд ва рӯзи ҳодиса ҷуз ӯ касе дар хона ҳузур надошт ва онҳо машғули корҳои баҳорӣ буданд. Бахтиёр Ятимов афзуд, ки Файзулло Сафаров --холабачаи падараш маъмулан хеле кам ба хонаи онҳо меомад ва далели ташрифи ӯ ба манзилашон дар рӯзи ҳодиса барои онҳо маълум нест.

Тағойбек Зоидов, сартабиби беморхонаи Норак гуфт, беморе, ки зери муроқибати онҳо қарор дорад, аз ноҳияи шикамаш захм бардошта ва тир аз камараш баромадааст. Тағойбек Зоиров ҳамзамон гуфт, ки ин бемор дар ҳоли ҳозир ба ҳуш омада ва вазъаш мӯътадил мебошад.

Тафтиши ин ҳодиса дар ҳоли ҳозир аз сӯи додситонӣ идома дорад, вале то ба ҳол сабабҳои сар задани он муайян карда нашудааст. "Тафтишот аз сӯи додситонӣ идома дорад. Ҳамаи мо ҳайронем, ки чӣ гап шудааст. Дар миён чӣ гузаштааст ва ҳодиса чигуна шудааст, касе намедонад. Писаронаш ҳам намедонанд, ки ҳодиса чӣ аст ва чӣ гап гузаштааст",-гуфт як масъул дар ҳукумати шаҳри Норак. Аз додситонӣ ва ҳам пулиси шаҳри Норак аз гуфтани сабаби ҳодисаи деҳаи Лангар, худдорӣ карданд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти шаҳри Норак рух додани моҷаро сари тақсими заминро "беасос" хонда ва гуфтанд, ки бояд мунтазири натиҷаҳои тафтишот буд. Аммо сару садоҳое вуҷуд дорад, ки ин ду нафар, ки бо ҳам хешутабор будаанд, сари тақсими замин бо ҳам баҳс карда ва аз силоҳ истифода бурданд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки баҳси сари замин ё дастрасӣ ба манзил дар Тоҷикистон торафт доғ мешавад ва дар додгоҳҳои Тоҷикистон ингуна баҳсҳо ҷои аввалро касб мекунанд. Дар аксар вақт хешовандони наздик барои порчаи замини падарӣ вориди ихтилофҳои шадид мешаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG