Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози додгоҳи гумонбарони қатли оилаи тилофурӯшҳо


Гумонбарҳо дар манзили Бобоевҳо
Гумонбарҳо дар манзили Бобоевҳо

Дар додгоҳи вилояти Суғд баррасии парвандаи пурсарусадои гумонбарони қатли аҳли оилаи Бобоев оғоз шуд.

Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 19 январ баррасии парвандаи афроди гумонбар дар қатли як хонаводаи тилофурӯшҳоро оғоз кард. Як манбаъ аз ин додгоҳ гуфт, ба гумони қатли оилаи Бобоевҳо 7 нафар узви хонаводаи Раҳматовҳо, аз шаҳри Хуҷанд, Ваҳҳоб Раҳматови 76-сола, раҳбари ин хонавода ва фарзандону ҳамсарони онҳо ва наберагонаш - Валӣ Раҳматови 54-сола, Олим Раҳматови 45-сола, Адиба Раҳматоваи 47-сола, Сарвиноз Раҳматоваи 27-сола, Атам Рахматови 20-сола ва Киёмиддин Раҳматови 21-сола муҳокима мешаванд.

Муҳиддин Раҳматови 49-сола, яке аз гумонбарони аслии қатли оили Бобоевҳо, ки ҳамроҳи дигар аъзои хонаводааш дар ҳабси пешакӣ қарор дошт, бино ба хабари расмӣ, рӯзи 7-уми сентябри соли гузашта дар боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО - и рақами 2-и шаҳри Хуҷанд бар асари “сактаи дил” даргузашт. Вале Сарвиноз Раҳматова, духтари Муҳиддин Раҳматов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ба марги табии падараш, ки рӯзе қабл бо вай дар боздоштгоҳ мулоқот дошт ва саломат ба назар мерасид, бовар надорад ва таҳқиқи ҳақиқати марги ӯро аз мақомот талаб мекунад.

Ҳодисаи куштори ваҳшиёнаи хонаводаи Бобоевҳо, ки ба фурӯши тило машғул буданд, моҳи июни соли 2013 рух дод. Дар он ҳодиса тамоми аъзои хонаводаи соҳибкор Аҳмадхӯҷа Бобоев - худи ӯ, ҳамсараш Ҳаётхон Бобоева ва фарзандонашон Рухшона, Сӯҳроб ва Санҷарбек, ки сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буданд, кушта ва хонаашон оташ зада шуд.

Танҳо моҳи августи соли 2015 мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, ки гумонбарони аслии ин кушторро мушаххас кардаанд.Тибқи иттилои расмӣ, аввалҳои моҳи ҷорӣ аз шаҳри Екатеринбурги Русия бо дархости сохторҳои тафтишотии Тоҷикистон ду узви дигари хонаводаи гумонбар дар қатли Бобоевҳо - падару писар Олим (44-сола) ва Қиёмиддин (20-сола) Раҳматовҳо истирдод шуданд. Онҳо дар пайгарди қонун қарор доштанд.

Дар моҳи августи соли гузашта 3 узви хонаводаи Раҳматовҳо – Муҳиддин ва фарзанди ӯ – Адҳами 20-сола ва падарбузурги ин оила – Ваҳҳоб Раҳматов дастгир шуданд. Тибқи иттилои ниҳоди тафтишотӣ, як қисми далелҳои шайъӣ - ҷавоҳироти тилоии тасарруфгардида ва олоти ҷиноят - силоҳи оташфишони тамғаи “Калашников”, бо 12 адад тири ҷангии қутраш 5,45-миллиметра дарёфт ва мусодира карда шуд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пайи боздошти оилаи Раҳматовҳо бо намоиши як навор эълон дошт, ки оилаи Раҳматовҳо дар куштори 7 сокини ҷавоҳирфурӯши Суғд ва ғорату раҳзании тиловориву ҷавоҳирот ва пули онҳо ба маблағи беш аз яку ним миллион сомонӣ айбдор дониста мешаванд. Дар ин навор Ваҳҳоб Раҳматови 75-сола мегӯяд, фарзандаш ба вай як аслиҳаи Калашниковро дода, пинҳон кардани онро хоҳиш кард ва ӯ онро ба халоҷо (туалет) партофтааст.

Бино ба маълумоти пулис, Муҳиддин Раҳматови фавтида соли 1999 бо ҳукми додгоҳи шаҳри Қазони Русия барои қочоқи маводи мухаддир ба миқдори махсусан калон ба 10 соли ҳабс маҳкум гардида, соли 2004 аз зиндон раҳо шудааст.

Бародараш – Олим Раҳматови 44-сола низ бо ин ҷурм қаблан ду маротиба, дар солҳои 2010 ва 2012 ҳабс шуда буд.

Фарзанди калонии оилаи Раҳматовҳо Валии 54-сола моҳи июли соли гузашта барои парвариши бангдона дар замини ҳавлиаш дастгир шудааст ва ҳоло дар боздошт қарор дорад.

Раҳматов Сироҷи 38-сола се бор, солиҳои 2007, 2011 ва 2013 барои “роҳзанӣ” ва қочоқи маводи мухаддир ба ҳабс маҳкум шуда, ҳоло дар зиндон аст.

Аҳлидин Раҳматов, писари хурдии ин хонавода моҳи октябри 2013 дар синни 28-солагӣ аз истеъмоли маводи мухаддир ба ҳалокат расидааст.

Генерал Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар нишасти хабариаш моҳи июли соли 2015 ҷузъиёти боздошти аъзои оилаи Раҳматовҳоро шарҳ дода гуфта буд, Раҳматовҳо, сокинони шаҳри Хуҷанд ва Чкалов, тайи тақрибан даҳ соли охир ба "шикор"-и асосан тоҷирони маҳсулоти заргарӣ ва кормандони мубодилаи асъор машғул будаанд. Ба қавли генерал Назарзода, ин хонавода дар ин муддат 7 нафарро кушта, 1 миллиону 600 ҳазор сомонии тоҷирон ва кормандони мубодилаи асъорро тасарруф кардаанд.

Зимнан, рӯзи 2 июни соли 2013 афроди мусаллаҳ аз болои девор ба хонаи Аҳмадхӯҷа Бобоев, воқеъ дар канори шаҳраки Бобоҷон Ғафуров, ки ҳамроҳи ҳамсараш ба фурӯши ҷавоҳирот машғул буд, ворид шуда, бо истифода аз "Калашников" ӯву ҳамсар ва фарзандонашро ба қатл расонданд. Ба қавли мақомот, қотилони хонаводаи Бобоевҳо бо ҳадафи рӯпӯш кардани корашон хонаро оташ заданд. Баъдан Санҷарбек, як фарзанди хурдсоли ин хонадон, ки дар ҳаммом пинҳон шуд, аз дуди оташ заҳролуд шуда ба ҳалокат расид. Додситонии вилояти Суғд дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз карда, як гурӯҳи махсуси тафтишоти фавриро масъули таҳқиқи ин ҳодиса таъйин кард. Ин куштори пурсарусадои хонаводаи Бобоевҳо аксариятро такон дод, вале боздошти омилонаш бештар аз ду сол давом кард.

Тафтишот муайян кардааст, ки мардони хонадон бо содир кардани куштор ва зану духтари Муҳиддин Раҳматов бо фурӯши тиловориҳои дуздӣ машғул буданд. Дар наворҳои видеоии тафтишот, ки қаблан дар телевизиони маҳаллӣ ҳам намоиш дода шуд, Раҳматовҳо ба гуноҳи худ эътироф карда ҷузъиёти содир кардани ин кушторро шарҳ додаанд. Тибқи эътирофи Ваҳҳоб Раҳматови 75-сола - падари бародарон Олим ва Муҳиддин Раҳматовҳо - ӯ дар бораи ба даст гирифтани силоҳ ва нияти содир кардани ҷинояти фарзандонаш хабар дошт, вале аз амали онҳо ҷилавгирӣ накардааст.

Таҳқиқи ин парвандаи пуровозаро гурӯҳи тафтишотии додситонии вилояти Суғд анҷом додааст.

XS
SM
MD
LG