Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони "кулбаи оҳанӣ" соҳиби хона шуданд. ВИДЕО, АКС


Як хонаводаи тоҷик, ки дар сардиҳои зимистон бо кӯдаконаш дар кулбаи "оҳанӣ" ба сар мебурд, баъди гузориши Радиои Озодӣ кӯмакҳои молӣ дарёфт карда, ба худ хона сохтааст. Идораи ҷангали ноҳияи Фархор барои Худойқул Урозов дар мавзеи Кокул қитъаи заминеро ҷудо кард, то ин хонавода битавонад хона созад. Ин хонаводаи иборат аз панҷ нафар баъди як имзои Худойқул Урозов дар 2 соли пеш, аз манзили падарӣ дар ноҳияи Панҷ маҳрум шуда, дар як кулбаи “оҳанӣ” дар рустои Кокули ноҳияи Фархор, ҳаммарз бо Афғонистон, зиндагӣ дорад.

Давлатбӣ Гулматова, ҳамсари Худойқул Урозов авохири ҳафтаи гузашта дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди пахши гузориш дар Радиои Озодӣ аз Русия 8 ҳазор рубли русӣ ва аз дохили Тоҷикистон ҳудуди 200 доллари амрикоӣ кумак дарёфт карда ва ҳамроҳи шавҳараш ба сохтмони ду ҳуҷраи хурд аз хонаи худ шурӯъ намуда ва аллакай болопӯши хонаро омода сохтаанд. Ба гуфтаи Давлатбиӣ Гулматова, бо пуле, ки одамони хайрхоҳ кӯмак карданд, чӯбу тахта ва болопӯш (шифр) харидорӣ кардаанд.

Ин хонавода бо кӯмаки афроди хайрхоҳу Созмони ҷаҳони муҳоҷират ва бо пуштибонии мақомоти маҳаллӣ, барои худ манзил бунёд кардааст.

Ҳарчанд ин хонавода умед надошт, ки соҳиби манзили худ мешаванд, аммо ба таъкиди Давлатбӣ Гулматова, пахши гузориш дар Радиои Озодӣ ва ҳамин тавр кӯмаки хайрхоҳон дар дили онҳо шӯълаи умедро барафрохт: "Ҳеҷ боварӣ надоштем. Пас аз чанд рӯзи рафтани шумо (хабарнигори Радиои Озодӣ) ба мо занг зада кӯмак карданд. Ҳоло мо бо пули хайркарда, ду хонача сохтем ва болои онро бо чӯбу тахта пӯшонидем. Аммо пуламон андаке камӣ кард ва дари хона мондааст ва ният дорем, ки аз моҳи март дар ин хонаҳо зиндагиро оғоз кунем. Дар баробари пул боз ба ман ва кӯдаки дар батнам буда, ҳадяҳо низ шуд."

Ба ин тартиб, ба ин хонавода Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон кӯмаки молӣ ва фаннӣ кардааст. Ҳамчунин як муҳоҷири тоҷик аз Русия ёрии худро ба ин хонавода расондааст. Аммо намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон ба хотири реклом накардани худ, аз сӯҳбат дар ин замина худдорӣ кардаанд.

Навор аз бойгонӣ:

Зиндагии як оила дар кулбаи "оҳанӣ"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:36 0:00

Зимнан, хонаводаи Худойқул Урозов дар кулбаи "оҳанӣ" зиндагиро замоне моҳи августи соли гузашта оғоз карданд, ки бародаронаш бо роҳи фиреб ҳуҷҷатҳои хонаашонро дар ноҳияи Панҷ ба номи худ намуда ва ӯву ҳамсар ва фарзандонашро аз хона берун карданд.

Худойқул Урозов мегӯяд, зиндагии хонаводааш дар манзили падарӣ дар ноҳияи Панҷ ба хубӣ идома дошт, аммо баҳси тақсими мерос миёни бародарон билохира ӯро аз хона маҳрум кард; “Додарам гуфт, ки намешавад ба ту 10 сотих замин гирифта диҳему мо дар хонаи падарӣ монем? Ваъда доданд, дар се моҳ хонаи нав сохта медиҳанд ва дар як коғаз имзои маро гирифтанд. Имзо мондам, аммо баъд аз муддатҳо на инки хона насохтанд, балки, баръакс, маро аз хонаи падарӣ пеш карданд.»

Ин ҳам дар ҳоле, ки қарор аст, хонуми Худойқул моҳҳои наздик фарзанди чорумашро ба дунё орад. Дар ҳар сурат маълум нест, ки меҳмони нав дар хонае, ки мавриди истифода қарор мегирад, таваллуд мешавад, ё дар ҳамон кулбаи “оҳанӣ”, воқеъ дар дашти Кокул, ҳаммарз бо Афғонистон. Зимнан, деҳаи Кокул дар 70-километрии маркази ноҳияи Фархор, ҳаммарз бо шимоли Афғонистон воқеъ аст ва фарзандони Худойқул ҳар рӯз роҳи дарозеро тай карда, ба мактаб мераванд.

Аксҳо аз бойгонӣ:

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG