Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон фурӯши замин расмӣ мешавад


Ба зудӣ дар Тоҷикистон дар баробари чандин навъи бозор -- бозори чорво, бозори мошин ва даҳҳои дигар, "бозори замин" арзи вуҷуд мекунад. Дар ин бозор харидорон метавонанд "ҳуқуқи истифодаи замин"-ро расман бар ивази пул, дарёфт кунанд.

Пайдоиши чунин бозоре дар Тоҷикистон бо қабули як зумра тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он" мумкин шуд. Шакли нави ин қонун баъди нашри он дар рӯзномаҳои давлатӣ ҳукми иҷро гирифт.

Аз 143 ҳазор километри квадратӣ масоҳати Тоҷикистон, 93 дарсади он кӯҳистон аст. Аз ин рӯ, масъалаи таъмини сокинон бо замини наздиҳавлӣ, манзил ва замини корам, аз мушкилоти рақами аввал маҳсуб меёбад.

Раҳмон Умариён, роҳбари КВД "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул"- и Кумитаи давлатии замин ва геодезии Тоҷикистон рӯзи 27-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "тағйиру иловаҳо ба қонун заминаи ҳуқуқии хариду фурӯши заминро фароҳам сохт, аммо тартиби хариду фурӯшро бояд ҳукумат муайян кунад. Ҳоло як гурӯҳи корӣ дар Кумита лоиҳаи қарори ҳукумати Тоҷикистонро таҳия мекунанд".

Бар пояи ин қонун, дар Тоҷикистон бозори дасти аввал ва дасти дуввуми хариду фурӯши "ҳуқуқи истифодаи замин таъсис" хоҳад шуд. Умдафурӯши бозори аввалия худи давлат хоҳад буд. Чун дар Тоҷикистон бинобар меъёри муқарраркардаи Конститутсия, "замин моликияти истисноии давлат" шинохта шудааст.

Тибқи ин қонун, давлат ҳуқуқ дорад як қисмати заминҳоро ба фурӯш гузорад. Нафароне, ки аз ин бозори дасти аввал ҳуқуқи истифодаи заминро ба даст меоранд ҳамчунон ҳақ пайдо мекунанд, дар оянда ин ҳуқуқро ба шахсони дигар бо нархи бозорӣ бифурӯшанд.

Бинои Кумитаи давлатии замин ва геодезии Тоҷикистон.
Бинои Кумитаи давлатии замин ва геодезии Тоҷикистон.

​Дар Тоҷикистон солҳо боз мавзӯи моликият ба замин матраҳ аст. Айни замон ҳуқуқи истифодаи замин барои бунёди манзил ва ё кишоварзӣ расман ройгон аст. Аммо дар асл ҷараёни ба даст овардани шаҳодатномаи истифодаи замин олуда бо фасод аст.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия даҳҳо тан аз мансабдоронро ба ҷурми фурӯши заминҳо бар ивази порра боздошт ва зиндон кардааст. Танҳо дар вилояти Хатлон дар нисбати 59 нафар мансабдор бинобар фурӯши ғайриқонуни замин дар соли 2017 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Мушкили заминфурӯшӣ дар Тоҷикистон то ҳадде доғ шуд, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониаш дар тирамоҳи гузашта гуфт, "заминфурӯшӣ ба як дарди бедавои Тоҷикистон" табдил шудааст. Аммо ҳуқуқшиносон мегӯянд, ба миён омадани бозори қонунии хариду фурӯши ҳуқуқи истифода аз замин, метавонад, “ба ин дарди Тоҷикистон даво бахшад”.

Шӯҳрат Шораҳматов, ҳуқуқшиноси як барномаи вижаи ислоҳоти замин, ки аз сӯи Созмони рушди байналмиллалии Амрико- USAID дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мешавад, мегӯяд, ҳарчанд тибқи қонун дар Тоҷикистон хариду фурӯши замин мамнӯъ аст, аммо дар асл дар кишвар як бозори сиёҳи замин ба вуҷуд омадааст.

"Ҳарчанд хариду фурӯши замин ғайриқонунӣ аст, аммо мо мебинем, ки дар бозори сиёҳ хариду фурӯш сурат мегирад, аммо будҷаи давлат аз ин фоидае намегирад. Бозори сиёҳ вуҷуд дорад. Вақте бозори расмӣ ташкил мешавад, давлат метавонад ҳуқуқи истифода аз як категорияи заминҳоро бо нархи муайяне ба харидорон фурӯшад",- иброз дошт Шораҳматов.

Масъалаи хариду фурӯши замин дар Тоҷикистон солҳо боз матраҳ аст. Дар соли 2007 вақте тағйирот ба қонуни замин дар порлумон матраҳ шуд, ки ба бонкҳо иҷоза медод шаҳодатномаи истифодаи заминро ба гарав бигиранд, миёни вакилон баҳси тунде бархост, ки мабодо ин тағйирот ба пайдо шудани заминдорони нав ва ё феодалҳо роҳ кушояд.

Шӯҳрат Шораҳматов мегӯяд, иддаое, ки бо ташкил шудани бозор заминҳои Тоҷикистон дар дасти як гурӯҳ сарватмандон қарор мегирад, бепоя аст. Ӯ мегӯяд, муқаррароти Кодекси замин монеи ба вуҷуд омадани чунин ҳолат хоҳад шуд.

Гурӯҳе аз сокинони ноҳияи Фархор аз чанд сол ба ин тараф наметавонанд замини наздиҳавлигӣ дарёфт кунанд.
Гурӯҳе аз сокинони ноҳияи Фархор аз чанд сол ба ин тараф наметавонанд замини наздиҳавлигӣ дарёфт кунанд.

Ӯ гуфт: "Дар Кодекси замини гуфта шудааст, ки заминҳои кишоварзӣ бояд танҳо ба он нафароне дода шавад, ки бевосита ба он сару кор доранд. Яъне ин қонун дар тақсими замин ба деҳқонон афзалият додааст ва намегузорад, ки сарватмандон онро харида ба иҷора диҳанд."

Шораҳматов мегӯяд, ки бо фаъол шудани бозори замин қоидаҳои он ҳам ба кор медароянд, ки намегузорад як шахс аз як меъёри муайян бештар замин харидорӣ кунад. “Меъёри ҳадди аксари фурӯши замин ба як шахсро ҳукумат дар қарори худ муайян мекунад ва ҳеҷ шаҳрванд ҳаққи аз ин бештар харидорӣ кардани заминро нахоҳад дошт",- иброз дошт ӯ.

Аз 143 ҳазор километри мураббаъ масоҳати Тоҷикистон, 93 дарсади он кӯҳистон аст. Аз ин рӯ, масъалаи таъмини сокинон бо замини наздиҳавлӣ, манзил ва замини корам, аз мушкилоти рақами аввал маҳсуб меёбад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG