Пайвандҳои дастрасӣ

Карим Оғохони 4 дар аксҳо

Шоҳзода Карим Оғохони 4, ки аз соли 1957 имоми 49-уми исмоилиҳост, сармоядор ва аз афроди бонуфузи ҷомеаи имрӯз маҳсуб мешавад ва ба ҳарфи ӯ на танҳо пайравони мазҳаби исмоилия, балки сиёсатмадорони воломақоми кишварҳои олам ҳам гӯш медиҳанд.

Пешвои исмоилиёни ҷаҳон бори нахуст моҳи майи соли 1995 вориди хоки Тоҷикистон шуда, дар Ишкошим бо сокинон сӯҳбат анҷом додааст. Сокинони Бадахшон ҳар сол 24 майро ҳамчун "Рӯзи нур" ҷашн мегиранд ва мегӯянд, ки сафари аввалини Оғохон дар рӯзҳои сахти ҷанги шаҳрвандӣ ба онҳо нур оварда ва садҳо нафарро аз гуруснагиву дармондагӣ наҷот додааст.
Беш аз 200 ҳазор пайрави мазҳаби исмоилия дар вилояти Бадахшон ва Душанбеву баъзе аз навоҳии Хатлону Суғд ба сар мебаранд. То кунун пешвои исмоилиҳо чанд бор бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада, дар маросими ифтитоҳи Маркази исмоилия, бузургтарин маркази пайравони ин мазҳаби шиа, ҳам иштирок кардааст.

Бештар

Карим Оғохони 4 бо президент Эмомалӣ  Раҳмон дар Маркази исмоилиҳои Душанбе
1

Карим Оғохони 4 бо президент Эмомалӣ  Раҳмон дар Маркази исмоилиҳои Душанбе

Маросими шурӯи сохтмони пули нави пайвандгари Тоҷикистон ва Афғонистон. 1 ноябри соли 2011. Ноҳияи Шӯрообод (имрӯз Шамсиддини Шоҳин)-и вилояти Хатлон
2

Маросими шурӯи сохтмони пули нави пайвандгари Тоҷикистон ва Афғонистон. 1 ноябри соли 2011. Ноҳияи Шӯрообод (имрӯз Шамсиддини Шоҳин)-и вилояти Хатлон

 
3

 

Миср, соли 2006
4

Миср, соли 2006

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG