Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲАМОС пешниҳоди Байденро пазируфт. Нетаняҳу розӣ нест


Садҳо ҳазор нафар дар Ғазза овора шудаанд.
Садҳо ҳазор нафар дар Ғазза овора шудаанд.

ҲАМОС, созмони террористӣ дар Амрико ва Аврупо пешниҳоди Ҷо Байден, президенти ИМА дар бораи оташбас дар Ғаззаро “мусбат” номидааст.

Ҷо Байден, президенти Амрико рӯзи 31-уми май тарҳи оташбас дар Ғаззаро, ки гуфт, аз ҷониби Исроил пешниҳод шудааст, дар саҳифааш дар шабакаи “X” (Твитери собиқ) эълон кард.

Дар изҳороти ҲАМОС, ки онро хабаргузории Ройтерз иқтибос кардааст, гуфта мешавад, ки ин гурӯҳ ҳар пешниҳод бар ивази оташбаси доимӣ, раҳоии маҳбусони фаластинӣ аз зиндонҳои Исроил ва бозсозии Ғаззаро қабул дорад.

Дар бахши аввали тарҳи пешниҳодии Ҷо Байден, ки аз се марҳила иборат аст, гуфта шудааст, ки бар ивази оташбаси шашҳафтаина нерӯҳои исроилӣ аз минтақаҳои аҳолинишини Ғазза берун мешаванд ва ҲАМОС бар ивази раҳоии садҳо зиндонии фалстинӣ асирони зану солманд ва маҷрӯҳро раҳо мекунад. Оворагони фаластинӣ ба хонаҳои худ бармегарданд ва рӯзе то 600 мошини боркаш бо кумакҳо вориди Ғазза хоҳад шуд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои оворагон бояд дар ин муддат ҳазорон сарпаноҳи муваққатӣ фиристанд. Агар ин марҳила бо муввафақият пеш рафт, ба пешниҳоди Ҷо Байден, онгаҳ тамоми гаравгонҳоро ҲАМОС бар ивази берун шудани низомиёни Исроил аз Ғазза ва эълони оташбаси доимӣ раҳо мекунад. Дар марҳилаи сеюм ҷасади гаравгонҳои фавтида ба Исроил супурда мешаванд ва тарҳи бозсозии Ғазза бо иштироки Амрико ва ҷомеаи ҷаҳонӣ оғоз мегардад.

Ҳарчанд, Ҷо Байден гуфт, ин тарҳро Исроил қабул дорад, вале Бенямин Нетаняҳу, сарвазири ин кишвар рӯзи 1-уми июн эълон кард, ки аз ҳадафаш барои нобудии пурраи ҲАМОС даст намекашад. Ӯ дар изҳороте гуфт, ба ҳеч шакле иҷоза намедиҳад, то дар Ғазза гурӯҳи тундраве боқӣ монад ва ба Исроил таҳдид кунад. Бори дигар Нетаняҳу такрор кардааст, ки то пирӯзӣ ва озоди гаравгонҳо аз дасти ҲАМОС меҷанганд.

Шаби 1-уми июн ҳазорон нафар дар Исроил даст ба эътироз заданд ва аз ҳукумат хостанд, ки ба оташбас розӣ шуда, гаравгонҳоро раҳо намоянд.

Ҷо Байден гуфтааст, ки ҲАМОС дигар қудрате надорад, ки ба Исроил таҳдид кунад ва тавоноиҳояш заиф шудааст.

Ҷанг дар Ғазза пас аз 7-уми октябри соли 2023, замоне, ки ҲАМОС ба Исроил ҳамла кард, оғоз шуд. ҲАМОС он рӯз беш аз 1200 нафарро дар Исроил кушт ва беш аз 200 нафарро гаравгон гирифт. Исроил дар посух ба Ғазза ҳамла кард ва дар ин ҷанг беш аз 36 ҳазор фаластинӣ кушта шудааст, ки аксараш занону кӯдакон ҳастанд.

Созмони Милали Муттаҳид ва дигар кишварҳои ҷаҳон ҳамлаи Исроил ба Ғаззаро маҳкум кардаанд ва борҳо аз ин кишвар хостанд, ки аз куштани аҳолии осоишта даст кашад. Исроил то кунун ба ҷомеаи ҷаҳонӣ гуш надодааст ва ҳашт моҳ боз Ғаззаро аз осмону замин оташборон мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG