Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе аз "қатъи муноқиша" хабар дод, Тошиев аз "бардоштан"-и 8 посгоҳ


Саймуъмин Ятимов ва Қамчибек Тошиев
Саймуъмин Ятимов ва Қамчибек Тошиев

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки бо ҷониби Қирғизистон санади "қатъи муноқишаи марзиро" имзо карданд, вале тафсилоташро ошкор накарданд. Вохӯрии ҷонибҳо рӯзи 25-уми сентябр дар гузаргоҳи "Қизилбел" баргузор шуд.

Дар иттилоияи ҷудогонаи ҳукумати Суғд танҳо дар бораи берун бурдани техникаҳои иловагии ҳарбӣ аз марз суҳбат шудааст. Ҷонибҳо рӯзи 19-уми сентябр низ барои берун бурдани нерӯҳои изофӣ ва техникаҳои ҳарбӣ аз марз ба созиш расида буданд, вале маълум нест, чаро иҷро нашуд.

Ҳукумати вилояти Суғд рӯзи якшанбе гуфт, "таъкид карда шуд, ки бояд тамоми техникаҳои ҳарбӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида шуда, ҷонибҳо мушкилоти пешояндаро бо ҳусни тафоҳум ҳал кунанд.”

Илова бар ин, тарафҳо зарур шумурдаанд, ки “мардуми наздисарҳадӣ бояд равуо дошта бошанд ва муносибатҳои дӯстона миёни ду халқ чун пештара ба роҳ монда шавад.”

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон тафсилот надоданд, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфтааст, ду тараф кори ҳашт посгоҳро дар сарҳад бозмедоранд. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ навишт, Қамчибек Тошиев дар ин бора 25-уми сентябр ва баъди мулоқоти ҳайатҳои Душанбеву Бишкек дар гузаргоҳи "Қизилбел" ба хабарнигорон иттилоъ додааст.

Ӯ гуфтааст, бахши аввали санад ба қатъи фаъолияти посгоҳҳое рабт дорад, ки "ҳамеша манбаи низоъ ҳастанд": "Аввал, посгоҳи марзии "Бедак" аз ҷониби Тоҷикистон ва "Тамдиқ" аз тарафи Қирғизистон. Дар онҷо на сарбозон хоҳанд буд, на мардуми одӣ. Дувум, посгоҳи "Булоқбошӣ" аз Қирғизистон ва посгоҳи "Кех" аз Тоҷикистон. Сипас гузаргоҳи "Қарочиқум" ва "Шаршен" аз Тоҷикистон ва "Катта-Туз" ва "Дача" аз Қирғизистон."

Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора шарҳе надодаанд.

Қирғизистону Тоҷикистон тақрибан 1000 километр марз доранд ва баъди ба даст овардани истиқлол дар солҳои 90-ум то кунун натавонистаанд, садҳо километри онро таъйину аломатгузорӣ кунанд.

Афзоиши аҳолӣ, кам шудани манобеи табиӣ ба мисли обу чарогоҳу замин сабаби аслии муноқиша дар марз бахусус вилояти Суғду Бодканд аст. Ҳар сол мардуми рустоҳои марзӣ барои обу чарогоҳу замин баҳсу даъво мекунанду гиребони ҳамро мегиранд ва ин даъвоҳо гоҳо ба хунрезӣ мепечад.

Дар даргириҳои 14-17-уми сентябри имсол аз ду тараф даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд. Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG