Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз сангу чӯб то танку дрон. Низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз нигоҳи коршиносон


Маросими ба волидонаш супурдани ҷасади яке аз сарбозон дар Тоҷикистон
Маросими ба волидонаш супурдани ҷасади яке аз сарбозон дар Тоҷикистон
14-17-уми сентябр тақрибан дар тамоми марзи Тоҷикистону Қирғизистон даргирии ҷиддии низомӣ ба вуқуъ пайваст. Ҷонибҳои даргир аз оғози низоъ ҳамдигарро масъули асосии он донистанд ва дар мавриди таҷовуз ва ҳуҷум ба қаламрави худ шикоятҳои монанд карданд. Ҳар ду тараф иқдоми худро ҳимоят аз ҳокимият ва тамомияти арзӣ медонанд.
Бо вуҷуди тавофуқномаҳое, ки 19-уми сентябр байни роҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллии ду кишвар дар мавриди суботи авзоъ ва дур кардани нерӯҳо аз хати марз ба имзо расид, таниши лафзии тунд дар сатҳи ниҳодҳои умури хориҷии ду кишвар давом дорад.
Радиои Озодӣ бо коршиносон аз Душанбе, Бишкек ва кишварҳои дигар дар мавриди далели таҳаввули муноқиша, омилҳои хориҷӣ ва роҳҳои имконпазири дастёбӣ ба созиш суҳбат кард.

1. ЧАРО ДАРГИРИҲОИ МАЪМУЛӢ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН БА ДАРГИРӢ МИЁНИ КИШВАРҲО РАСИД?

Питер Леонард, муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ:

Питер Леонард
Питер Леонард

"Як сабаби афзоиши низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон набудани муколамаи байни кишварҳо сари масъалаҳост. Ин ҷараён бояд тамоман шакли дигар дошта бошад. Ҳоло ҷонибҳо вохӯрда танҳо қитъаҳои баҳсиро дар марз баррасӣ мекунанду бо ҳамин тамоми баҳсҳо пӯшида мешаванд. Ба назари ман, ин ҷо кор бояд зери назари Созмони Милал, САҲА ва созмонҳои дигар бигузарад, то онҳо тавонанд, ба масоили ҳассосе ба мисли мудирияти захираҳову ҷобаҷокунии марзбонон ва низомиён бирасанд… Мо ин рӯзҳо шоҳиди мавқеи тарафҳо дар Бишкек ё Душанбе мешавем, ки тобиши бисёр сахти миллатгароёна ё хашин доранд, вале вақте дар минтақаи марзӣ қарор доред, мебинед, ки онҷо мардум бо масъалаҳои марзӣ муросо мекунанд. Ин як парадокс ё ҳолати аҷиб аст. Дар таҷрибаи худ дидаам, ки ин мардум ба ҳар ҳол талош мекунанд, аз баёни назарҳои бадбинонаву хашин худдорӣ кунанд. Онҳо хуб дарк мекунанд, ки имрӯз ҷанг бошад ҳам, фардо ногузир бояд дар канори ҳамин одамон бошанд.”

Шералӣ Ризоён, сиёсатшиноси мустақил, Душанбе:

Шералӣ Ризоён
Шералӣ Ризоён

"Шиддати муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо ба сари қудрат омадани Содир Ҷабборов ва Қамчибек Тошиев дар Бишкек суръат пайдо кард... Ба назари ман, масъалаи марз бо Тоҷикистон дар Қирғизистон эҳсосӣ ва сиёсӣ шудааст. Ҷабборов ва Тошиев онро ба унвони абзори муборизаи сиёсӣ ҳам барои канор задани рақибҳои худ (масалан алайҳи Адахон Мадумаров, ки далели муноқишаи 27-уми январ дар байни ду кишвар шуд) ва ҳам ҷамъ кардани мардум дар атрофи худ истифода мекунанд. Аз ин рӯ, ҳар боре, ки дар Қирғизистон буҳрони дохилӣ сар мезанад ва ё дар бораи ин ду афроди қудратманд матлабҳои зидду нақиз нашр мешаванд, авзоъ дар марзи Тоҷикистон бад ва боиси пайдо шудани муноқишаи мусаллаҳонаи маҳаллӣ мешавад. Дар ниҳоят шаҳрвандони бегуноҳи Тоҷикистон ҷон медиҳанд, хонаҳо, мактабҳо ва зерсохторҳои дигар ба оташ кашида мешаванд..."

Токон Мамитов, собиқ муовини нахуствазири Қирғизистон, Бишкек:

Токон Мамитов
Токон Мамитов

"Режими Эмомалӣ Раҳмон ба тасвири душмани муштарак ниёз дорад, то ҳама дар гирди ӯ ҷамъ шаванд. Тоҷикистон наметавонад ба Афғонистон ҳуҷум кунад чун онҷо хатарнок аст. Ба Узбекистону Чин низ. Аз ин рӯ, дар инҷо (Қирғизистон) ҳар чи мехоҳанд, анҷом медиҳанд. Эмомалӣ Раҳмон бо ин роҳ вазъи дохилии сиёсиро сабук карда, ба таҳкими мардум даст мезанад. Ба унвони “падари миллат” заминҳои тоҷикро бар мегардонад ва талош мекунад минтақаи Ворухро ба сарзамини аслӣ табдил диҳад.”

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси мустақил:

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

"Мушкил ин аст, ки масъалаи асосии падид омадани даргирӣ ҳанӯз ҳал нашудааст. Мавзӯи аввал истифода аз минтақаҳои баҳсбарангези атрофи Ворух аст. Дувум, масъалаи мавқеи роҳҳоест, ки Ворухро бо қаламрави Тоҷикистон мепайвандад ва сеюм саволи роҳкор ва тартиби тақсими манбаъҳои об дар марз. Ҳалношуда мондани ин масъалаҳо ба ҳифз шудан ва ҳатто боло рафтани таниш байни бошандагони маҳаллӣ мусоидат мекунад. Ин ҳама далел ҳам ба равобити ду давлат ва ҳам ба муносибати ду миллат таъсири мустақим мегузорад.”

Темур Умаров, коршиноси “Маркази Карнегӣ”, Маскав:

Темур Умаров
Темур Умаров

“Фикр мекунам, аввалан, пас аз ба ҳукумат расидани Ҷабборов дар Қирғизистон мо шоҳиди ташдиди вазъият ҳастем. Ҷабборов дар суханрониҳояш фаъолона идеяҳои миллигароёна-авомгароёна истифода мекунад ва талош мекунад, аз Тоҷикистон тасвири хасмона бисозад. Ин талош дар Тоҷикистон ҳам ба назар мерасад. Дар солҳои ахир дар Тоҷикистон низ раванди хусуматомез аз минбарҳои баланд ба гӯш мерасад. Аз ҷумла, расонаҳои тоҷик ва коршиносон дар мавриди Қирғизистон матлабҳои мубҳам нашр мекунанд. Зуҳури душмани хориҷӣ аз ҳар ду ҷониб ба назар мерасад. Пас аз ҳар муноқиша аз ҳар ду ҷониб ҳаваси қасосгирӣ пайдо мешавад, ки дар умум пайомади табиии муноқиша аст. Аз ин рӯ, ҳар бор дар ҳар ду тараф тамоюли рафтан ба набарди шадид қувват мегирад."

Брюс Панниер, шореҳи Радиои Озодӣ дар масъалаи Осиёи Марказӣ:

Брюс Панир
Брюс Панир

"Сатҳи нобоварӣ дар марз хеле баланд аст ва ҳама гуна иштибоҳ боиси муноқишаи марзӣ мешавад. Хатои асосӣ низомӣ шудани минтақаҳои марзӣ буд. Замоне ки тарафҳо нерӯи низомиро ба марз расонданд ва ҳоло ҳангоми муноқишаҳо сарбоз ва муҳиммоти низомӣ истифода мешавад. Солҳои гузашта, ки дар марз ин миқдор силоҳ вуҷуд надошт, мардум фурсати ором шуданро доштанд. Он замон одамон захмӣ мешуданд, ҳоло хисороти ҷонӣ бештар шудааст.”

Алишер Илҳомов, коршинос, Лондон:

Алишер Илҳомов
Алишер Илҳомов

“Танҳо таҳқиқоти мустақил метавонад, ба сабабҳои аслии муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон посух диҳад. Таҳқиқоте, ки аз сӯи ҷониби сеюм анҷом шавад ва ҳар ду ҷониб ба он эътимод кунанд. Мутаассифона, на СПАД, на СҲШ, на худи кишварҳои Осиёи Марказӣ то ҳанӯз роҳкорҳоеро барои ҳалли муноқишаҳои монанд эҷод накардаанд, ки ҳайати назораткунанда ба минтақаи мавриди муноқиша фиристода ва аз вазъияти воқеии онҷо гузориш бидиҳад ва иҷрои раванди оташбасро назорат кунад. Ҳанӯз бо боварии комил метавон дар мавриди далелҳои бунёдии ин муноқиша суҳбат кард, ки онҳо нодида гирифтани таъйин ва аломатгузории марзҳо, ҳалношуда мондани минтақаҳои баҳсбарангези бозмонда аз Шӯравӣ мебошанд.”

2. ОЁ ИН МУНОҚИША ОМИЛҲОИ ХОРИҶӢ ДОРАД?

Шералӣ Ризоён, сиёсатшиноси мустақил, Душанбе:

“Ман ба назарияҳои тавтеагарона ва ҳам ба онки ин муноқиша аз хориҷ таҳмил шудааст, бовар надорам. Бо вуҷуди ин, замони ба вуҷуд омадани даргирӣ ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки дар Осиёи Марказӣ нишастҳои муҳим баргузор шуданд ва минтақа дар маркази диққати расонаҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ қарор гирифт: Ҷаласаи VII пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва суннатӣ дар Қазоқистон, сафари раиси ҷумҳури Чин ба Қазоқистон ва Узбекистон ва инчунин нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шонгой дар Самарқанд. Ман бар ин боварам, ки дар муноқиша ҳар ду ҷониб гунаҳкоранд, чун онҳо ба шиддат гирифтани он доман заданд ва аз ҳарду тараф одамон ҷон бохтанд. Дар ин росто дар фазои хабарӣ душмансозӣ аз Тоҷикистон нишондиҳандаи нигоҳи муғризонаест, ки худро ба унвони як “қурбонӣ”-и бегуноҳ ҳам дар назди мухотабони дохилӣ ва ҳам дар чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон додан аст.”

Шердил Бактигулов, сиёсатшинос, Бишкек:

“Аввалан, муноқиша ба нафъи Тоҷикистон аст, чун аз роҳи силоҳ ҳал шудани равобити ду узви СПАД ба нафъи Русия нест. Ин ба нафъи Амрико низ нест; ба сӯхтори навбатӣ дар Осиёи Марказӣ ниёз надорад. Ба нафъи Чин низ нест, чун доштани оташдон дар ақиби худ ба фоидааш нест. Аз ин рӯ, Тоҷикистон аз ин муноқиша судҷӯӣ мекунад. Суд ин аст, ки аз ҳисоби заминҳои қаламрави Қирғизистон ҳудуди худро васеъ мекунад...”

Темур Умаров, коршиноси “Маркази Карнеги”, Маскав:

“Фикр намекунам инҷо омили хориҷӣ хеле муҳим бошад. Танҳо ҷанги бузурги Русия алайҳи Украина ба ҷанг дар тамоми ҷаҳон доман мезанад. Ба ҷуз аз ин, таъсири дигарро аз хориҷ намебинам. Решаи ин муноқиша дар бозиҳои сиёсатгарони ватанпарастони чапгаро ва миллигаро дар дохили ҷомеаҳои қирғиз ва тоҷик мебошад.”

Брюс Панниер, шореҳи Радиои Озодӣ дар масъалаҳои Осиёи Марказӣ:

“Омили хориҷӣ ҳар ду кишварро мусаллаҳ мекунад. Русия Душанбе ва Бишкекро бо силоҳ таъмин мекунад. Ғайр аз ин, Қирғизистон аз Туркия ва Тоҷикистон аз Эрон паҳпод мехарад. Ҳоло решаи мушкил дар зиёд шудани силоҳ аст.”

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси мустақил, Душанбе:

“Ман ба қувваҳои сеюм, ки гуё боиси муноқиша мешаванд, боварӣ надорам. Таниш дар марз дар тайи ду сол ба ҳадде расид, ки тирандозӣ пайваста бе дахолати қувваи берунӣ ба вуқӯъ биёянд. Даргирӣ ҳарчи бештар идома ёбад, таниш бештар хоҳад шуд ва эҳтимоли ба сатҳи байнидавлатӣ ва байнимиллӣ боло рафтани муноқишаи марзӣ бештар хоҳад буд. Албатта, омилҳои берунӣ вуҷуд доранд, аммо таъсири онҳо маҳдуд аст. Дар ҳар сурат, таъсири онҳо боис мешавад, ки ҷанг байни кишварҳо ба ҳамон андоза барои мақомоти ҳар ду кишвар ва ҷомеа судовар нахоҳад буд. Ҳамин тавр, буҳрони молии ҷаҳонӣ, коҳиши бозори кор дар Русия ва даромад аз муҳоҷирати корӣ на танҳо ҷангро бефоида, балки онро барои ҳарду кишвар харобиовар месозад. Бо таваҷҷуҳ ба баробарии низомӣ ва иқтисодии феълии ду кишвар ин ҷанг на ғолиб, балки мағлуб хоҳад дошт. Дар сурати пайдо нашудани роҳи ҳалли маъқул барои ҳар ду ҷониб ин кишварҳо даҳсолаҳо ба ақиб хоҳанд рафт...”

3. ОЁ РОҲЕ БАРОИ БУРУНРАФТ АЗ ИН ВАЗЪИЯТ БЕ КУМАКИ ҶОНИБИ СЕЮМ ВА БО РИОЯТИ МАНОФЕИ ҲАР ДУ КИШВАР ВУҶУД ДОРАД?

Питер Леонард, муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ:

“Ба фикри ман, як сабаби инки ҳар чанд вақт низое бармехезад, ин аст, ки назари мардум тарафҳо дуруст шунида намешавад. Масалан, сари дастрасӣ ба об баҳсе бармехезад ва гоҳе шакли бисёр баде касб мекунад. Вале, бовар кунед, назар ба онҳое, ки дар пойтахт нишастаанд, маҳз ҳаминҳо барои пайдо кардани роҳҳале имконияти беҳтаре доранд. Ин мардум бояд бо як шакле ба ҷараёни музокираи ҳалли баҳсҳои марзӣ ҷалб карда шаванд, чунки онҳо назар ба низомиён тавони бештари ёфтани роҳҳалҳои дурустро доранд… Мо аз як сӯ паҳпод ё дронро мебинем, аз сӯи дигар тӯпхона ё тӯпхонаи сангинро мебинему ҳар сол ин техникаҳо сангинтар мешаванд. Вақте як тараф тавонмандиҳои низомиашро тақвият медиҳад, дигар тараф ҳам омодагии ҳарбии худро қавитар мекунад. Воқеият ин аст, ки ҳарду тараф ба ҷои муколамаи сари марз дастёбӣ ба силоҳҳои сангинро вазифаи аввалиндараҷаи худ гузоштаанд… Ба назари ман ин баёнгари он аст, ки ҳукуматҳо забони хушунатро беҳтар аз забони муколама дарк мекунанд. Ин аломати бисёр нигаронкунанда аст.”

Шерали Ризоён, сиёсатшиноси мустақил, Душанбе:

“Равишҳои сиёсӣ ва дипломатӣ танҳо роҳҳали ниҳоии муноқиша ва пешгирии ҳодисаҳои монанд дар оянда мебошанд. Роҳандозии раванди музокира бе ҷалби бозигарони сеюм, ки ҳар ду ҷониб риоя ва иҷро кардани тасмимҳои муштаракро замонат бидиҳанд. Барои ҳаллу фасли авзоъ омода будани ҳарду ҷониб барои гузаштҳои муштарак, ғайринизомӣ кардани минтақаҳои марзӣ ва эълони муҳлати худдорӣ аз истифодаи силоҳ дар марз хеле муҳим аст. Ин ҳама ниёз ба иродаи сиёсӣ дорад. Инчунин, истифода накардан аз мушкили марзӣ барои бозиҳои сиёсии дохилӣ ва душмантарошӣ аз кишвари ҳамсоя, яъне Тоҷикистон, дар фазои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бояд риоят шаванд.”

Шердил Бактигулов, сиёсатшинос, Бишкек:

“Ҳама гуна ҷанг сари мизи музокира поён меёбад. Суол ин ҷост, ки чӣ касе бо кадом қарта ба музокира меояд. Оё ин барои ҳар ду тараф судманд хоҳад буд, ин саволи ҷиддист. Чунки ҳар ду ҷониб бар сари ба кадом ҷониб тааллуқ доштани минтақаҳои баҳсбарангези марзи Тоҷикистону Қирғизистон ихтилофи назар доранд. Ҳангоми мубодилаи заминҳо харитаҳои гуногуни таърихии даврони Шӯравӣ ва санадҳои гуногун дар сатҳи колхоз ба унвони мадрак истифода мешаванд. Аммо, ин мабнои ғайри қобили эътимод барои музокирот аст. Аз ин рӯ, аввал бояд дар мавриди бар асоси кадом харита ва чӣ қадар аз марз аломатгузорӣ мешавад, тавофуқ ҳосил шавад. Аммо, тарафи Тоҷикистон то ҳол барои ин омода нест.”

Темур Умаров, коршиноси “Маркази Карнегӣ”, Маскав:

“Нишон додани гузашт роҳҳали имконпазир мебуд, аммо ҳоло вақти ин нест. Тоҷикистон мехоҳад, вазъияти мавҷудро тағйир диҳад ва эълом медорад, ки Ворух минтақаи маҳсур (анклав) дар ҳудуди Қирғизистон нест. Қирғизистон намехоҳад, ба ин чиз иҷоза бидиҳад ва бар мавзеи худ истодааст. Ин масъалаи асосӣ аст, ки тарафҳо наметавонанд, мувофиқат кунанд.”

Алишер Илҳомов, коршинос, Лондон:

“Ҳамаи ин саволҳо танҳо бо иродаи сиёсии ҳар ду тараф ва омодагии онҳо барои созиш дар ҷустуҷӯи роҳҳалое, ки интизороти ҳар ду ҷонибро бароварда кунад, ҳал мешаванд. Феълан ҳар дуи инҳо ба назар намерасанд... Дар ин ҷо тарафҳо ба таври кофӣ ба ҳамдигар боз нестанд. Хуб мебуд, ки ҳар ду ҷониб ҳамаи иддаоҳо, санадҳое, ки ҳаққи онҳоро таъйид мекунанд ва гузинаҳои ҳаллу фаслро ба сурати онлайн нашр кунанд. Ин ба коршиносон ва тарафҳои манфиатдори дигар имконият медод, ки ба баҳсу баррасии саволҳо ворид шаванд ва дидгоҳи худро барои пайдо кардани роҳҳал матраҳ кунанд.”

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси мустақил:

“Танҳо роҳи хуруҷ ин аст, ки аз сиёсати фишороварӣ ва пешниҳоди зарбулаҷал (ултиматум) даст бикашанд. Дар сурати иттифоқ уфтодан ҳаллу фасли мушкилот ва саволҳо бештар аз се–чор моҳ вақт мегирад. Илова бар ин, на Бишкек ва на Душанбе дар ин сурат маҷбур нахоҳанд шуд, манофеи худро барои расидан ба сулҳ қурбон кунанд. Ҳал кардани ин мушкилиҳо (об, замин, ҳамлу нақл) ба як раванди давомдор ниёз дорад, аммо расидан ба тавофуқ имконпазир аст. Масалан, метавон барои истифодаи якҷоя аз минтақаҳои баҳсбарангез роҳкор эҷод кард. Роҳкори истифода аз об дар даврони Шӯравӣ эҷод шуд. Онро танҳо ба шароити нав мутобиқ кардан лозим аст. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ метавон барои ҳалли мушкилоти ҳамлу нақл, мақоми роҳҳои фаромарзӣ ва ғайра дар минтақаҳои марзӣ намунаҳо пайдо кард. Иштироки ҷониби сеюм ба унвони миёнҷӣ ва баргузоркунандаи музокирот (созмонҳои хориҷӣ ва кишварҳои кумакрасон метавонанд ин нақшро иҷро кунанд) метавонанд, раванди расидан ба тавофуқоти маъқул барои ҳар ду тараф суръат бахшанд.”

Асли муноқиша
Тоҷикистон ва Қирғизистон соли 2002 ба таъину нишонагузории марз шуруъ карданд ва дар мавриди 60 дарсад ба тавофуқ расиданд. Феълан аз 970-980 километр марзи байнидавлатӣ беш аз 500 километр аломатгузорӣ шудааст.
Раванди музокирот ба сурати кунд пеш меравад, чун Тоҷикистон харитаҳои солҳои 1924–1939 ва Қирғизистон харитаҳои солҳои 1958–1959 ва 1989-ро асос қарор додааст. Ҳардуи харитаҳо аз сӯи Маскав ба таври ниҳоӣ тасдиқ нашудаанд. Аз ин рӯ, тарафҳо дар мавриди аломатгузории марзи боқимонда ба созиш намерасанд. Даргириҳои мусаллаҳона байни ду кишвар дар солҳои ахир пайваста сар мезанад.
Тибқи омори расмии ҷониби Тоҷикистон дар ҷараёни даргириҳо 41 нафар ҷон бохтанд. Радиои Озодӣ тавонист, фавти беш аз 60 касро тасдиқ кунад. Вазорати тандурустии Қирғизистон аз ҷон бохтани 59 нафар хабар дод.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG