Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон Қирғизистонро ба иғво дар марз муттаҳам кард. Бишкек гуфт, "вазъ муътадил аст"


Ба дунболи баёнияи раиси ҷумҳурии Қирғизистон, ки аз минбари Созмони Милал Тоҷикистонро ба "таҷовуз" ба қаламрави кишвараш муттаҳам кард, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, Қирғизистон бо идомаи "амалҳои иғвобарангезона", авзоъро дар сарҳад шиддат мебахшад.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон субҳи 21-уми сентябр гуфтааст, вазъ дар марз муътадил аст, вале "баъзе аломатҳои таниш" мондааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 21-уми сентябр бо нашри баёнияи расмӣ дар каналаш дар Телеграм навишт, ҷониби Қирғизистон "вонамуд мекунад, ки нерӯҳо ва аслиҳаи сангинро аз хати сарҳад дур мебарад, вале онҳоро дар маҳаллаҳои Лайлак ва Чон-Олойи вилояти Бодканд нигаҳ медорад", ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст. Мақомоти Қирғизистон ҳанӯз ба баёнияи расмии вазорат вокунише накардаанд.

Ду рӯз пештар аз ин раҳбарони кумитаҳои амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон як санади ҳусни тафоҳум дар бораи ба эътидол овардани вазъ дар марз имзо карданд, ки аз ҷумла берун бурдани аслиҳаву дигар техникаи низомӣ аз наздикии марзро дар назар дорад.

Ба қавли Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, нерӯҳои мусаллаҳи кишвари ҳамсоя, аз ҷумла мошинҳои зиреҳпӯш ва дигар техникаи вазнини ҷангиро дар наздикии посгоҳи сарҳадии "Сарҳадчӣ" дар ноҳияи Лахш (Ҷиргатол), дар наздикии маҳаллаи Лоҳутӣ дар шаҳри Конибодом пинҳон кардааст. Иттилое, ки тасдиқи он аз тарафи Қирғизистон ва манобеи мустақил мушкил аст.

Вазорат ҳамчунин гуфтааст, Тоҷикистон ҳузури 70 нерӯи вижаи Қирғизистонро дар наздикии ноҳияи Деваштич маълум кардааст. Дар баёнияи вазорат нерӯҳои Қирғизистон ба нақзи қаламрави ҳавоии Тоҷикистон муттаҳам шудааст, ки мегӯяд, парвози паҳбодҳои Қирғизистон рӯзҳои 19 ва 20-уми сентябр дар фазои посгоҳҳои сарҳадӣ ва қисмҳои низомии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Деваштич, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Рашт мушоҳида шудаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон аз Қирғизистон хостааст, ёддоштҳои ҳусни тафоҳум дар бораи ба эътидол овардани вазъро риоят кунад, дар акси ҳол "ҷониби Тоҷикистон онро омодагии дигари Қирғизистон барои таҷовуз арзёбӣ мекунад".

Рӯзи 20-уми сентябр Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳурии Қирғизистон, ҳангоми суханронӣ дар Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид даргирӣ дар марзи ду кишварро "таҷовуз" ба қаламрави кишвараш номид. Тоҷикистон ҳам Қирғизистонро ба "таҷовузи низомӣ" ба хоки кишвар муттаҳам кардааст.

Дар ҷараёни даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзи 14-уми сентябр шуруъ шуд ва 17-уми сентябр ба поён расид, аз ду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд.

Сабаби ҷанг садҳо километр марзи аломатгузориношудаи ду кишвар ва ҷанҷолу даъвои сокинон барои замину обу чарогоҳ аст. Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан 1000 километр марз доранд ва бо гузашти бештар аз 30 сол аз истиқлоли хеш натавонистаанд, онро таъйину аломатгузорӣ кунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG