Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: "Толибон даҳҳо мансабдори пешин ва нерӯи амниятиро куштаанд"


Созмони Милали Муттаҳид дар гузорише мегӯяд, "Толибон" ва муттаҳидони он, тибқи шунидаҳо, шумораи зиёде аз мақомоти пешин, нерӯҳои амниятӣ ва афродеро, ки барои гурӯҳҳои низомии байнулмилалӣ кор карда буданд, куштаанд.

Антонио Гуттериш, дабири кулли Созмони Милал, дар гузорише ба Шӯрои Амнияти СММ, ки нусхаи он ба хабаргузории "Рейтерз" расидааст, дар бораи зиндагии 39 миллион мардуми Афғонистон маълумот пешниҳод кардааст. Тибқи ин гузориш, аз тобистони соли гузашта, ки Толибон дар Афғонистон қудратро ба даст гирифтанд, шароити зиндагии мардум дар ин кишвар душвортар шудааст.

Дабири кулли СММ ҳушдор додааст, ки низоми иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон пурра дар ҳоли фурӯ пошидан аст. Вай дар ин гузориш аз Шӯрои Амният хостааст, фаъолияти СММ-ро дар Афғонистон "мутобиқ ба шароити пешомада" роҳандозӣ кунад ва барои таъсиси як ниҳоди нави ҳимоят аз ҳуқуқи башар талош намояд.

Антонио Гуттериш мегӯяд, намояндагии СММ дар Афғонистон гузоришҳои боварбахше дар бораи куштор ва нопадид шудани мақомоти ҳукумати пешини Афғонистон, нерӯҳои амниятии ин кишвар ва афроде дарёфт мекунад, ки барои нерӯҳои низомӣ ба раҳбарии Амрико кор кардаанд. Ин дар ҳолест, ки Толибон баъди ба қудрат расидан, афви умумӣ эълон карда буданд.

Тибқи ин гузориши Созмони Милали Муттаҳид, аз 15-уми августи соли гузашта то кунун беш аз 100 нафар аз ин афрод ба дасти Толибон ё вобастагони онҳо кушта шудаанд.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин ба ҳукмҳои худсаронаи дастикам 50 нафар ба гумони узвият дар гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ишора кардааст. Ӯ дар ниҳоят изҳор доштааст, ки ҳомиёни ҳуқуқи башар ва коркунони расонаҳоро боздоштҳои худсарона, озору азият ва қатл таҳдид мекунад.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон дар вокуниш ба ин суханони Гуттериш гуфтааст, ин маълумоти дабири кулли СММ нодуруст аст. Вай дар паёми твиттерии худ таъкид кардааст, ки пас аз эълони афви умумии раҳбари ин гурӯҳ, нерӯҳои Толибон иҷозаи зиён расондан ба касеро надоранд.

Гурӯҳи Толибон дар 15-уми августи соли гузашта, пас аз фирори президент Ашраф Ғанӣ вориди Кобул шуд ва қудратро ба даст гирифт. Бо вуҷуди талошҳои зиёди Толибон, ҳанӯз ҳеҷ кишвари дунё ҳукумати зери раҳбарии онҳоро ба расмият нашинохтааст.

XS
SM
MD
LG