Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарс аз "Толибон" ва ҷангу бекорӣ. Паноҳандаҳои афғон гуфтанд, ки чаро ба Тоҷикистон фирор карданд. ВИДЕО


Паноҳандаҳои афғон дар шаҳри Бохтар
Паноҳандаҳои афғон дар шаҳри Бохтар

Беҳрӯз Усмонӣ, намояндаи пешини раисҷумҳури барканоршудаи Афғонистон дар умури ҷавонон ва пизишки бемористони Ҳирот, дар Тоҷикистон паноҳанда шудааст. Ӯ дигар бо беморон кор намекунад, балки барои рӯзгузаронӣ дар дӯкони фурӯши қисмҳои мошин дар шаҳри Бохтар савдогар аст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то ин дам 15 ҳазор афғонистонӣ дар кишвар паноҳанда шуданд. Даҳҳо нафари дигар шикоят доранд, ки моҳҳо боз дар марз ҳастанд, вале иҷозаи дохил шудан ба Тоҷикистонро надоранд.

Беҳрӯз Усмонӣ пеш аз он ки гуруҳи “Толибон” назорат бар аксар минтақаҳои Афғонистонро ба даст биорад, ба Тоҷикистон омадааст. Ӯ мегӯяд, “Толибон” чор моҳ пеш вориди Ҳирот шуданд ва ӯ дар ҳамлаи ҷангҷӯён аз шикамаш тир хӯрд.

“Аз чанд гурӯҳ барои ман занг меомад, ки ҳамроҳи давлат кор накун, вагарна зада мешавӣ. Ман ба ояндаи рӯшани Афғонистон боварманд будам. Як рӯз бо туфангча парронданд. Дар шикам ва пуштам тир зад. Ба бемористон бурданд ва аз онҷо фирор кардам”, -- нақл кард ӯ рӯзи 27-уми октябр ба Радиои Озодӣ.

Усмонӣ мегӯяд, акси ӯ бо Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Афғонистон, дардисарсоз шуд
Усмонӣ мегӯяд, акси ӯ бо Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Афғонистон, дардисарсоз шуд

Ҳарчанд баъзе аз раҳбарони “Толибон” интиқомгирии ҷангҷӯёнро дар баъзе аз минтақаҳои Афғонистон тасдиқ кардаанд, дар умум мегӯянд, бо коргарони пешини ҳукумат коре нахоҳанд дошт.

Усмонӣ мегӯяд, ба ин ваъдаҳо бовар надоранд. Вай аз он ки ҳоло бо хонаводааш дар амну оромиш аст, хушҳол аст, вале мегӯяд, кумаке намегиранд. “Касе нагуфт, ки ту инҷо чӣ кор мекунӣ? Хона дорӣ ё на? Созмонҳо кумак накарданд, ҳеч кадомашон. Ҳоло дар дохили ин оҳанпора кор мекунам, зиндагиро пеш мебарам. Шароит нест, ки аз рӯйи ихтисоси худ ҳамчун духтур кор кунам”, -- афзуд ӯ.

Дар фурӯшгоҳи “Шаҳло” дар шаҳри Бохтар наздик ба 80 шаҳрванди Афғонистон кор мекунанд. Бештар аз даҳ нафари онҳо дар панҷ моҳи охир ба инҷо кӯчидаанд ва корти паноҳандагӣ доранд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Паноҳҷӯёни афғон дар Бохтар чӣ кор мекунанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:24 0:00

Исматуллои Неъматулло дар Кобул зиндагӣ мекард, вале аз тарси “Толибон” моликияташро фурӯхта, бо зану фарзандонаш аввал ба Дубай ва сипас ба Душанбе расид. Ҳоло дар шаҳри Бохтар зиндагӣ мекунад.

“Як моҳ пеш аз он ки Кобулро бигиранд, омадам. Нооромӣ буд, ҷанг буд, Кундузу Тахорро гирифта буданд. Ҷангу бекорӣ, барои ҳамин омадем”, -- нақл кард ӯ.

Ин паноҳандаи афғон ба созмонҳои байнулмилалӣ муроҷиат кардааст, ки кумак кунанд: “Барои мо то ҳол ягон ёрӣ накардаанд. Ҳатто барои писаронам як дона қалам надодаанд. Дар телевизион мебинем, ки барои ҳама ҷо кумак мешавад. Барои онҳое, ки ба Тоҷикистон омадаанд, ёрӣ намекунад.”

Исматуллои Абдулло
Исматуллои Абдулло

Муҳоҷирон мегӯянд, аз пазироии ҷониби Тоҷикистон, ки барои онҳо раводид (виза) дода, заминаи зиндагияшонро фароҳам кардааст, миннатдоранд, вале дар инҷо пайдо кардани кор барояшон душвор аст. Тақозои ёфтани кумак аз созмонҳое, ки ба мушкили муҳоҷирону паноҳандагон расидагӣ мекунад, бенатиҷа будааст.

Мақомот гуфтаанд, дар ним соли охир аз Афғонистон ба Тоҷикистон 15 ҳазор паноҳанда ворид шудааст ва дар ду минтақа барои онҳо урдугоҳ (паноҳгоҳ) сохта мешавад. Вале масъалаи кумак ба онҳо ҳанӯз ҳалли ҷиддии худро пайдо накардааст.

XS
SM
MD
LG