Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Толибони тоҷик"-ро ба қитъаи ҳассоси марзи Тоҷикистон овардаанд


Манобеъ мегӯянд, ин афрод "Толибони тоҷик" ҳастанд

Ба иттилои дарёфтӣ, "Толибон", ки акнун ба Афғонистон ҳукумат мекунад, як гуруҳи 130-нафариро дар вулусволии Шаҳрибузурги вилояти Бадахшони ин кишвар ҷойгир кардааст, ки бо ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин)-и Тоҷикистон ҳамсарҳад аст.

Як намояндаи "Толибон" гуфт, ҳадаф аз ин тағйир таҳкими назорат бар марз бо Тоҷикистон аст, аммо чанд манбаъ аз ду тарафи Ому ба Радиои Озодӣ гуфтанд, гуруҳи интиқолёфта ба Шаҳрибузург "Толибони тоҷикистонӣ" ҳастанд, ки ахиран аз ноҳияҳои Дарвози Афғонистон ба онҷо бурда шудаанд.

Аз Дарвоз – ба Шаҳрибузург

Як афсари Идораи марзбонии вилояти Бадахшони Тоҷикистон бо шарти зикр нашудани номаш 15-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "Толибон" аъзои гуруҳи "Ансоруллоҳ"-ро намоишкорона аз Дарвоз берун карданд ва хостанд, ба Тоҷикистон нишон диҳанд, ки онҳо нияти бад дар сар надоранд. Лекин хабар ёфтем, ки 130 нафари ин гурӯҳ ба Шаҳрибузург фиристода шудаанд ва беш аз 70 каси дигарро ба Шуғнони Бадахшони Афғонистон равон кардаанд", -- гуфт мусоҳиби мо.

Шаҳрибузург, байни Тоҷикистону Афғонистон
Шаҳрибузург, байни Тоҷикистону Афғонистон

Чанд сокини вулусволӣ ё ноҳияи Шаҳрибузург тасдиқ карданд, ки дар чанд рӯзи охир шахсони ниқобдори мусаллаҳро дидаанд, ки аз ҷойи дигар оварда шудаанд. Ба гуфтаи сокинон, онҳо бо фарқ аз "Толибон"-и маҳаллӣ бештар бо ниқоб мегарданд ва бо мардуми бумӣ суҳбат намекунанд.

Ду фармондеҳи ҳукумати пешини Афғонистон, ки феълан ҳеч масъулияте надоранд, аз афзоиши ҷангҷӯён дар Шаҳрибузург хабар доданд.

"Ман бо бачаҳо дар Шаҳрибузург тамос доштам. Гуфтанд, "меҳмон" дорем. Ҳувияти меҳмонҳояро напурсидам, вале гуфтанд, теъдодашон зиёд аст. Гуфтанд, онҳоро бар асоси харита ҷо ба ҷо мекунанд. Барои ман маълум шуд, ки онҳо як гуруҳро дар Шаҳрибузург ҷо ба ҷо доранд," -- гуфт як мансабдори собиқи вилояти Тахори Афғонистон. (Ноҳияи Шаҳрибузурги Бадахшон бо Тахор ҳаммарз аст)

Мақомот мегӯянд, "гуруҳ ночиз аст"

Мақомоти Тоҷикистон "нерӯҳои нав"-ро дар Шаҳрибузург ба гуруҳи "Ансоруллоҳ" рабт медиҳанд, вале таҳдиди ҷиддӣ намешуморанд. Ҳамсуҳбати мо дар Идораи марзбонии ВМКБ гуфт, "гуруҳи "Ансоруллоҳ" тавону ҷуръати гузаштан аз марзро надорад".

"Ин гуруҳи ночиз аст, ки "Толибон" бузург нишон медиҳанд. Лекин як чиз аст, ки кайкро ҳам то дар зери куртаат медориву мекушӣ, ки хеле ташвиш медиҳад. Ин гуруҳ ташвиш медиҳад, вале таҳдиди бузург нест. Ба ҳар ҳол, қадам ба қадамашонро зери назорат дорем ва кӯшиши гузаштан аз марз барояшон марговар хоҳад буд," -- гуфт ӯ.

Вале як тоҷир аз Тоҷикистон, ки мегӯяд, бо ҷангҷӯёни тоҷики он сӯйи марз тамос дорад, 14-уми октябр ба Радиои Озодӣ паёми хаттӣ фиристод, ки ба маълумоти ӯ ин афрод ба амалиёте дар марз омодагӣ мегиранд. "Толибон" ба онҳо 15 мошини нави ҷангӣ ва 60 танк додаанд. Охирин хабаре, ки ёфтам, 15 қаиқ харидаанд ва дар як деҳаи Шаҳрибузург қарор доранд", -- навиштааст ӯ. Вай меафзояд, ин маълумотро ба мақомоти Тоҷикистон низ расонд, "вале касе ҷиддӣ намегирад".

Аз мардум ва ҷангалбонҳо хостаанд, ки...

Аммо сокинони деҳаҳои наздимарзӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақомот аз онҳо хостаанд, агар дар кӯҳу ҷангал шахси шубҳанокро диданд, зуд ба мақомот хабар диҳанд. Чунин дастур ба ҷангалбонҳои минтақаҳои наздимарзӣ низ дода шудааст.

Мояи нигаронии мақомоти Тоҷикистон ин ҳам буда метавонад, ки марзи байни ноҳияҳои Шаҳрибузурги Афғонистон ва Шамсиддин Шоҳини Тоҷикистон аз ҷиҳати назорату дидбонӣ яке аз душвортарин қитъаи сарҳад аст.

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон
Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон

Сафар Азизов, марзбони бознишастаи тоҷик, ки солҳои дароз дар ҳамин бахши сарҳад кор кардааст, мегӯяд, аз замони Шӯравӣ то кунун дар беш аз 50 километри ин марз имкони ҳаракат бо нақлиёт нест. "Ин тараф ҳама шах аст ва кӯҳу ҷангали душворгузар дорад. СССР ҳатто он ҷоро пурра назорат карда натавониста буд. Марзбонони рус вақте зӯрашон омада буд, ҳамаи он минтақаро мина кошта буданд. Худое накарда аз ин роҳ гуруҳе ворид шавад, пайдо ва безарар карданашон мушкил мешавад," -- гуфт ӯ.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии 1992-97 ҷангҷӯёни Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин бо раҳбарии Мулло Абдураҳим (Раҳим Каримов) аз ин роҳ вориди хоки Тоҷикистон шуда буданд. Онҳо дар ин ҳудуд як сол бо марзбонони рус ва марзбонони тоҷик задухӯрд доштанд.

Фармондеҳи "Толибон" гуфт, душманӣ надоранд, вале...

Мавлавӣ Абдулҳақ, фармондеҳи "Толибон" дар вилояти Бадахшон, 14-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон ҳамсояи хуби онҳост ва нияти баде нисбат ба ин кишвар надоранд. Вақте аз ӯ дар бораи ҷангҷӯёни тоҷик дар Шаҳрибузург пурсидем, телефонашро хомӯш кард.

Ӯ 16-уми октябр дубора ба занги мо посух дод ва гуфт, "ҳақ надорад, дар ин мавзуъ суҳбат кунад”. Ба таъкид мегуфт, ки ба Тоҷикистон ҳеч гоҳ душманӣ нахоҳанд кард, вале суоли аслии мо дар мавриди ҷангҷӯёни тоҷикро тасдиқ ё рад накард. "Ман ба чунин суолҳо иҷозаи посух додан надорам. Саволатонро ба калонҳои Иморат расонидам ва онҳо дар ин бора тасмим хоҳанд гирифт", -- гуфт ӯ.

"Толибон" як моҳи охир пайваста дар вилояти Бадахшон машқи низомӣ анҷом медиҳанд ва наворҳои онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мекунанд. Ҳарчанд онҳо талош мекунанд, тавоноии нерӯҳояшонро дар ин ҷо ба намоиш гузоранд, сокинони маҳаллӣ мегӯянд, зарфияти онҳо чандон калон нест.

"Дар ин машқҳояшон аз сад ё дусад нафар зиёд иштирок надорад, вале ин мавзуъро воҳима мекунанд ва калон нишон медиҳанд. Мегӯянд, ки як моҳ сарбозони вижаашонро машқ дода, ба марз овардаанд. Дар як моҳ сарбоз чӣ меомӯзад. Хулосаи ман ин шуд, ки онҳо хеле саросема шудаанд ва аз чизе ҳарос доранд," -- гуфт як сокини Файзобод, ки бо далели амниятӣ номаш зикр намешавад.

Беэътимодӣ. Чаро?

Аҳмад Валӣ Масъуд
Аҳмад Валӣ Масъуд

Аммо Аҳмад Валӣ Масъуд, амаки Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, рӯзи 16-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ба маълумоти ӯ, "Толибон" ба Тоҷикистон нигоҳи хайрхоҳона надоранд.

"Далелҳои мо нишон медиҳад, ки онҳо ба марзҳои Тоҷикистон нерӯи бештар мефиристанд ва дар фикри харобкориянд. Ҳарфи онҳо дар бораи онки зиён намерасонанд, мавриди эътимод нест. Агар ба ҳарфашон амал мекарданд, ҷангҷӯёни Тоҷикистониро ба Тоҷикистон месупурданд. Он гоҳ мешуд, ба онҳо камтар шубҳа кард," -- гуфт ӯ.

Як ҳафта пеш "Толибон" эҳтимол бо талаби Чин ҷангҷӯёни уйғурро аз марз ба дарунтари кишвар бурданд. Вале ҷангҷӯёни марбут ба гурӯҳи "Ансоруллоҳ"-ро бо раҳбарии Маҳдӣ Арсалон (Муҳаммад Шарипов) дар Шаҳрибузург, минтақаи душворназорати марзи Тоҷикистону Афғонистон ҷойгир карданд. Дар ин минтақаи марзӣ ҳукумати Чин 12 дидбонгоҳ сохтааст ва ҳоло бо ёрии молии ин кишвар сохтмони роҳи марзӣ идома дорад.

Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои дигари минтақа дар баробари ҳукумати "Толибон" мавқеи тунд гирифтааст. Президент Эмомалӣ Раҳмон борҳо эълон кард, ки ҳукумати ҳозираи гуруҳро ба расмият намешиносанд. "Толибон" дар аввал гуфтанд, ҳар гуна дахолат ба кори дохилии онҳо "пайомад дорад", вале сухангӯи гуруҳ ҳафтаи гузашта радду бадалҳоро "як суитафоҳум" номид.

Шарҳҳоро бинед (12)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG