Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Толибон" ба марзи Ишкошими Тоҷикистон нерӯ мефиристад


Пуле бар фарози рӯди Панҷ, байни Тоҷикистон ва Афғонистон
Пуле бар фарози рӯди Панҷ, байни Тоҷикистон ва Афғонистон

Гурӯҳи тундгарои "Толибон", ки дар Кобул ҳукумати худро таъсис додааст, мегӯяд, ба зудӣ дастаҳои маргталаби худро ба қисмати дигаре аз марзи Афғонистон бо Тоҷикистон, дар шимолу шарқи вилояти Бадахшони Афғонистон, хоҳад фиристод.

Мавлавӣ Нисор Аҳмад Аҳмадӣ, муовини волии "Толибон" дар Бадахшон, рӯзи 1-уми октябр ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, дастаҳои "истишҳодӣ" ё шаҳодатталаб ҳамон қисмҳое ҳастанд, ки дар гузашта ба иншооти муҳими давлатӣ ҳамлаҳои маргталабона анҷом медоданд.

"Афроди ин қитъа буданд, ки амрикоиҳоро дар кишвар шикаст доданд. Яъне, ба ҷонҳояшон воскати интиҳорӣ (камарбанди пур аз маводи тарканда) баста карда, худро дар пойгоҳҳои низомии Амрико мунфаҷир карданд. Инҳо мардуми ҷонфидо ва нотарсе ҳастанд, ки ҳадафашон ризои Аллоҳ мебошад," -- гуфтааст ӯ.

Ҳарчанд мақомоти “Толибон” мегӯянд, ҳадафи онҳо аз фиристодани чунин нерӯҳо ба марзи Тоҷикистон танҳо дифоъ аз қаламрави Афғонистон аст, таъкид бар маргталабии ин дастаҳо метавонад, таҳдид ба амнияти Тоҷикистон бошад.

Қаблан иттилоъ расида буд, ки “Толибон” дар панҷ ноҳияи ҳаммарз бо Тоҷикистон ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии “Ансоруллоҳ”-ро ҷобаҷо кардаанд. Ва пештар гуфта шуд, дастаҳои худкуши “Толибон” ба се вилояти ҳаммарзи Тоҷикистон фиристода шудаанд.

Аммо мақомоти Тоҷикистон ин иддаоро “воҳимапароканӣ” номиданд ва рӯзи 1-уми октябр хабаргузории “Азия-Плюс” ба нақл аз манбаи худ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон гуфт, ҳеч гуна таҷаммуи нерӯҳои “Толибон” дар марзи Тоҷикистон ба мушоҳида нарасидааст.

“Мо ҳама чизеро, ки дар кишвари ҳамсоя ва дар сарҳадҳои мо рух медиҳад, бодиққат дунбол мекунем. Тибқи иттилои хадамоти махсуси Тоҷикистон, ҷамъомад ва ҳаракати ҷангҷӯёни “Толибон”, ки дар Тоҷикистон мамнуъст ва гурӯҳҳои дигар дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ҷой надорад,”- гуфтааст ҳамсуҳбати “Азия-Плюс” дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон.

Вале ҳаракати чунин неруҳо ба ноҳияи Ишкошими Афғонистон метавонад, ҳадафи дигар низ дошта бошад. Дар ин ҷо, бевосита дар наздикии марзи Тоҷикистон ва пул бар фарози рӯди Панҷ зиёда аз 2000 паноҳҷӯ ҷамъ омадааст, ки мехоҳанд, Тоҷикистон ба онҳо паногоҳ диҳад.

Рӯзи 2-юми октябр яке аз онҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи гузашта ҷангҷӯёни “Толибон” ба ин паноҳандагон, ки асосан занону кӯдакон ва солмандон мебошанд, ҳушдор додааст, ба маконҳои худ дар вилоятҳои гуногуни Афғонистон баргарданд.

“Онҳо мардумро ҷамъ карда, бо таҳдиду зӯргӯӣ маҷбур мекунанд, ба мошинҳое савор шаванд, ки онҳоро ба Кобул мерасонанд. Ҳамчунин дар пайи ёфтани панҷшериҳо ҳастанд ва як мардро бо гумони низомӣ ва панҷшерӣ будан бо худ бурданд,” -- гуфт ин манбаъ, ки чанд муддат аст бо Радиои Озодӣ ҳамкорӣ дорад.

Вай ҳамчунин тасдиқ кард, ки баъзе аз толибҳо аз омадани як нерӯи бузургтар аз Кобул ба Ишкошим хабар додаанд. Ба гумони ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, ҳадафи ин нерӯҳо баргардондани паноҳҷӯён аз марзи Тоҷикистон буда метавонад. “Зеро онҳо таъкид карданд, ки акнун бархӯрд бо муҳоҷирин ҷиддитар хоҳад шуд ва дар ин худи онҳо гунаҳкор хоҳанд буд, чун ба маконҳои зисти худ барнагаштанд,” -- гуфт манбаи Радиои Озодӣ.

Як паноҳҷӯи дигар бо хабарнигори Радиои Озодӣ дар вилояти Хатлон дар тамос шуда гуфт, "ҷонамон ба лаб омадааст. Шаллоқ мезананд, аз марз гузаштан намемонанд. Мегӯянд, сухан кунед, ки Эмомалӣ Раҳмон моро дастгирӣ намекунад. Ҳоло "Толибон" аз мо ҳамчун як фишанг зидди Тоҷикистолн кор бурда истодааст. Медонам, ин бар зарари мост, вале маҷбурем, чунин кунем, вагарна нерӯҳои “Толибон” моро зинда намегузоранд”,-- нақл кард мусоҳиби мо.

Ин паноҳҷӯ ҳамчунин гуфт, “Толибон” бо муҳоҷирон бадрафторӣ мекунанд. Вай изҳори ҳайрат намуд, ки чаро то ҳоло созмонҳои байнулмилалӣ ба вазъи онҳо таваҷҷуҳ накардаанд. Як бахши умдаи паноҳҷӯён аз Панҷшер ба ин ҷо омадаанд, ки ҳукумат ва ҷомеаи Тоҷикистон идааои ҳамрайъӣ ва ҳимоят аз онҳоро мекунанд.

Патрисия Госсман, муовини мудири Human Rights Watch Asia, рӯзи 17 сентябр ба нашрияи “Ню Йорк Таймс” гуфт, ки созмони ӯ маълумоти қатлу шиканҷа шуданин гурезаҳо ва панҷшериҳоро пайгирӣ мекунад, аммо дақиқ кардани онҳо душвор аст. "Дар шабакаҳои иҷтимоӣ сели чунин хабарҳо мерезад, ки санҷида нашудаанд. Мо ба таҳқиқи эътимодбахши даъвоҳои қатлҳои дастаҷамъона ва бадрафториҳо ниёз дорем. Роҳи дигаре барои тасдиқи ҳақиқат ва даъвои ҷавобгарӣ вуҷуд надорад," – гуфт хонум Госсман.

Дар ин байн сарпарасти Вазорати дифоъ дар ҳукумати муваққатии “Толибон” гуфтааст, хабарҳои қатлу куштор ва шиканҷаи ғайринизомиёнро тафтиш хоҳад кард. Сухангӯи ин вазорат Қорӣ Саид Хустӣ ба шабакаи TOLO News гуфтааст, ҳамаи хабарҳо таҳқиқ мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи “Ню Йорк Таймс” панҷшериёнро шиканҷа мекунанд, то ширкаташон дар ҷангҳо ё махфигоҳи силоҳу муҳимоти ҷангиро ошкор намоянд. Ин нашрия ҳамчунин навиштааст, ки Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ таҳти сарварии Аҳмад Масъуд, писари қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд ба дараҳои душворгузари Панҷшер паноҳ бурда, ба идома додани истодгарӣ омодагӣ мегирад.

Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳа, ба ин расона гуфтааст, нерӯҳо дар ҷойи амн ҳастанд ва тактикҳои ҷангии зидди Шӯравиро такрор хоҳанд кард, “яъне дар лаҳзаи дуруст ҳамла хоҳанд кард”.

XS
SM
MD
LG