Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манбаъҳо: "Ансоруллоҳ" ба Тоҷикистон чашм "дӯхтааст". Душанбе нигарон аст, "Толибон" рад мекунад


Иддао мешавад, ки инҳо ҷангҷӯёни "Ҷамоати Ансоруллоҳ" ҳастанд
Иддао мешавад, ки инҳо ҷангҷӯёни "Ҷамоати Ансоруллоҳ" ҳастанд

Дар Тоҷикистон аз тақвият ёфтани ҷангҷӯёни "Толибон" дар минтақаҳои шимолии Афғонистон нороҳатанд ва маълумоти расида аз густариши фаъолияти "Ҷамоати Ансоруллоҳ"-ро дар хатти марз бо Тоҷикистон меомӯзанд.

Таъсис ёфтани гуруҳи маргталаби "Лашкари мансурӣ" дар Файзобод, маркази Бадахшони Афғонистон ва бозгашти раҳбари созмони мамнӯи "Ансоруллоҳ" Маҳдӣ Арсалон аз Кобул ба Дарвози Афғонистон ҳамроҳ бо маълумоти марбут ба нақшаҳои ин гуруҳ нисбат ба Тоҷикистон ниҳодҳои қудратии тоҷикро дар марзи Афғонистон ба ҳолати омодабоши фавқулода даровардааст.

Аммо намояндагони "Толибон" дар Кобул эҳтимоли ҳама гуна таҳдидро ба марзҳои Тоҷикистон рад мекунанд ва мегӯянд, ба ягон гуруҳ иҷозаи ҳамла ба хоки кишвари ҳамсояро нахоҳанд дод.

"Ба сафари президент омодагӣ мебинем"

Як мақоми марзбонии Тоҷикистон дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 22-юми сентябр бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, маълумоте дастрас шудааст, ки тоҷикистониёни зери назари "Толибон" мавзӯи вуруд ба хоки Тоҷикистонро матраҳ кардаанд. Ӯ гуфт, мақомоти тоҷик дар ҳоли санҷиши ин маълумотанд ва ҳарчанд то куҷо ҷиддӣ будани он дақиқ нест, назорат бар марз пурзӯр карда шудааст.

"Ҳамин хел хабарҳо расид. Сарҳадбонон доим барои пешгирӣ аз чунин нақшаҳо омодаанд. Ин кор мешавад ё не, мо дар он тарафи дарё хатарро мебинем ва [ба он] омодаем," -- афзуд ӯ.

Ҳоло дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон дар пасманзари таҳдидҳо аз он сӯи марз омодагиҳо ба сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба минтақа ҷараён дорад.

Шаҳри Хоруғ
Шаҳри Хоруғ

Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи раиси ВМКБ, рӯзи 23-юми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, воқеан овозаҳо дар бораи эҳтимоли ҳамла аз он тарафи марз зиёд аст, аммо мардум бо эътимод ба сарҳадбонон аз чунин овозаҳо ҳарос надоранд. "Ин ҳама ҳоло дар сатҳи овоза ҳаст. Марзбонони мо назорати сарҳадро боз ҳам пурзӯртар кардаанд. Мо ба сафари раҳбари давлат омодагӣ дида истодаем. Ҳеҷ тарсу ҳарос дар миёни мардум нест ва ҳама аз пайи зиндагии худ ҳастанд," -- гуфт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон тибқи маъмул баҳору тирамоҳ ба минтақаҳо сафар мекунад, вале санаи дақиқи сафараш ба ВМКБ маълум нест.

Бозгашти Маҳдӣ Арсалон аз Кобул ба Дарвоз

Гуруҳи "Толибон" моҳи июни имсол назорати марзи Афғонистон бо Тоҷикистонро ба ихтиёр гирифт. Радиои Озодӣ дар таҳқиқоте маълум кард, ки "Толибон" назорати марзи панҷ ноҳияи сарҳадии Афғонистонро бо Тоҷикистон дар Дарвоз ба ихтиёри Маҳдӣ Арсалон супурдаанд. Барои Радиои Озодӣ маълум шуд, ки ин нафар Муҳаммад Шарипов, сокини ноҳияи Нурободи Тоҷикистон аст ва якҷо бо ҳамроҳонаш аз насли дуюми аъзои созмони мамнӯи "Ансоруллоҳ" аст.

Маҳдӣ Арсалон (Муҳаммад Шарипов)
Маҳдӣ Арсалон (Муҳаммад Шарипов)

“Ансоруллоҳ”, ки аксаран дар сафи он зодагони Тоҷикистон қарор доранд, солҳо боз зери парчами “Толибон” дар Афғонистон меҷангад. Парчами “Толибон”-ро дар марз бо Тоҷикистон пайравони ин гуруҳ боло карда буданд. Чанд сокини маҳаллӣ дар Дарвози Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, пас аз пирӯзии “Толибон” Маҳдӣ Арсалон ба Кобул рафта буд, вале дар як ҳафтаи охир "дубора дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвози Афғонистон пайдо шудааст".

Як мақоми собиқи амниятии Афғонистон, ки аз макони номаълум бо Радиои Озодӣ суҳбат мекард, гуфт, шахсони боэътимоди ӯ шоҳиди машваратҳои "Толибон"-и тоҷикистонӣ ва ҷангҷӯёни қафқозӣ барои вуруд ба хоки Тоҷикистон шудаанд. "Кадом нақшае дар зеҳн доранд. Аз миёни сокинон шахсонеро мепурсанд, ки роҳҳои осони гузаштан ба хоки Тоҷикистонро медонанд," -- гуфт ӯ.

"Толибон" рӯзи 22-юми сентябр дар шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшон бо мошинҳои низомӣ гашт анҷом доданд. Навори ин гашти низомиро хабаргузориҳои марбут ба “Толибон” ва ба нақл аз онҳо Би-би-сӣ нашр карданд.

Ҳамзамон “Толибон” аз таъсиси шохаи “Лашкари мансурӣ” дар Бадахшон хабар доданд. Ин нерӯи зери назари “Толибон” бештар ба ҳамлаҳои интиҳорӣ ё маргталабона машғул аст. Хабаргузории давлатии “Бохтар”, ки зери назари “Толибон” кор мекунад, гуфтааст, “Лашкари мансурӣ” дар Бадахшон ба хотири муқобилият бо ҳар навъ ҳамлаи эҳтимолӣ ҷойгузин шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар се моҳи охир, аз замони назорати марз аз ҷониби “Толибон”, ҳеҷ талоши убури мусаллаҳонаи сарҳад рух надодааст, вале нигаронӣ аз сирояти нооромиҳои он сӯи марз кам нест.

Мухолифати Тоҷикистон ва радди "Толибон"

Хабарҳои омодагии вуруди гуруҳи зери назари “Толибон” дар ҳоле пайдо шудааст, ки мақомоти тоҷик аз амалҳои ин гуруҳ дар Афғонистон сахт танқид кардаанд. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ошкоро эълон кард, ки ҳукумати “Толибон”-ро бо шакли ҳозирааш ба расмият нахоҳад шинохт.

Ӯ дар як моҳи ахир чанд бор аз амалиёти “Толибон” дар Панҷшер ва нодида гирифтани ҳаққи тоҷикон дар ин кишвар изҳори нигаронӣ кард ва диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъалаҳо ҷалб намуд.

Фаридун Ҳодизода
Фаридун Ҳодизода

Фаридун Ҳодизода, коршиноси тоҷик, ки мавзӯи ҷангҷӯёни тоҷик дар сафи “Толибон”-ро таҳқиқ кардааст, ҳамлаи “Ансоруллоҳ” ё талоши амалиёти чирикии онро дар хоки Тоҷикистон аз эҳтимол дур намедонад.

Ӯ бар ин аст, ки эҳтимол “Толибон” бо ҳадафи фишор барои дигар кардани мавқеи Тоҷикистон ин корро анҷом диҳанд ё худи ҷангҷӯёни тоҷикистонии ин созмон мустақилона ва гуё бо сарпечӣ аз дастури “Толибон” даст ба ин кор зананд. “Ҳоло "Толибон" дар Афғонистон дигар рақиби ҷиддӣ надоранд. Онҳо тақрибан муқовимати дохилӣ надоранд, аз ин рӯ имкони зиёд доранд, чунин кореро анҷом диҳанд. Тоҷикистон то ҷое барои ба расмият нашинохтани “Толибон” ё таъхир дар ин кор бо изҳоротҳояш саҳм гузошт, ки фикр намекунам, “Толибон”-ро хуш омада бошад,”-- шарҳ дод ӯ.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид

Аммо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи "Толибон", рӯзи 22-юми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чунин эҳтимолҳо асос надоранд. “Ин хабарҳо аслан воқеият надоранд. Касе иҷозат намедиҳад, ки аз хоки Афғонистон ба хотири ба ҳамсояҳои мо зарар расонидан истифода шавад. Чунин иқдом агар касе кард, мо ҷиддӣ ба ҳар қимате бошад, ҷилави онҳоро хоҳем гирифт.”

Дар як суҳбати қаблӣ Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ба ихтиёри гуруҳи “Ансоруллоҳ” дода шудани панҷ ноҳияи бо Тоҷикистон ҳаммарзи Афғонистонро рад карда буд. Дар муқобили далелҳои Радиои Озодӣ ӯ он вақт гуфта буд, “қазияро таҳқиқ хоҳанд кард”. Аз натиҷаҳои чунин таҳқиқ хабаре дода нашудааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи муштарак дорад ва ахиран якҷо бо Русия ва кишварҳои дигари узви Созмони Памйони Амнияти Дастҷамъӣ дар ин ҷо машқҳои низомӣ баргузор карда, ба тақвияти дидбонии сарҳад машғул аст.

XS
SM
MD
LG