Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Вазири тоҷик дар нишасти Ню-Йорк хост, пеши "зулму шиканҷа дар Панҷшер"-ро бигиранд. АКС

Нерӯҳои "Толибон" дар Бозораки Панҷшер, 15-уми сентябри 2021

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз созмону кишварҳои таъсиргузор хостааст, ҳарчи зуд пеши роҳи, ба гуфтаи ӯ, "зулму шиканҷа ва беқонуниву беназмӣ"-ро дар Панҷшер, минтақаи тоҷикнишини Афғонистон, бигиранд.

Сироҷиддин Муҳриддин 21-уми сентябр дар нишасте дар ҳошияи Маҷмаи умумии Созмони Милал дар Ню-Йорк гуфт: "Толибон" дар он ҷо на танҳо ба ҳуқуқвайронкунӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон, балки ба зулму шиканҷаи мардум машғуланд."

Сироҷиддини Муҳриддин
Сироҷиддини Муҳриддин

Гуруҳи "Толибон" баъд аз тақрибан се ҳафтаи ишғоли Кобул гуфт, ки вилояти Панҷшерро ҳам зери назорат даровардааст.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон иддао дорад, Панҷшер пурра вожгун нашудааст ва мубориза байни размандагони онҳо ва нерӯҳои "Толибон" ҳанӯз идома дорад.

Дар ҳафтаҳои охир нигарониҳо аз бад шудани вазъ дар вилояти Панҷшери Афғонистон афзудааст.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон 17-уми сентябри имсол дар ҳузури роҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (ШОС) дар Душанбе гуфт, Панҷшер дар муҳосира аст ва "Толибон" дастрасии ёриҳои башардӯстонаро ба онҷо қатъ кардааст.

Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 21-уми сентябр дар Ню-Йорк аз кишварҳои таъсиргузор ва созмонҳои байнулмилалӣ даъват кард, ки "ба кушодани роҳҳо ҷиҳати расонидани ёрии башардӯстона ба мардуми Панҷшер ва минтақаҳои дигари Афғонистон" мусоидат кунанд.

Гуруҳи "Толибон" ҳамагуна фишорро болои мардуми Панҷшер рад мекунанд. Ин дар ҳолест, ки бино ба гузориши чанде аз блогерони афғон аз дараи Панҷшер, дари бозорҳо дар онҷо баста ва сокинон аз набудани хӯроку дору, гаронӣ ва бекориву беназмӣ нигаронанд.

Нашрияи бритониёии Guardian дар оғози моҳи сентябр аз эҳтимоли фоҷиаи башарӣ дар дараи Панҷшер ҳушдор дода, навишт, ба иллати идомаи муҳосира аҳолии он ба камбуди хӯрок ва дору рӯбарӯ шудаанд.

Маҳбуба Ровӣ, раҳбари созмони хайрияи австралиягии "Ваъдаи Маҳбуба" ба нашрия гуфтааст, ҳазорон нафар дар тарсу бим ва номуайянӣ ба сар мебаранд. "Одамон дар дохили водӣ дармондаанд, на ғизо доранд, на барқ, на алоқа. Ин як буҳрони башарӣ аст ва хатари наслкушӣ вуҷуд дорад," - гуфтааст Ровӣ.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Мулоқоти С.Муҳриддин бо президент ва вазири корҳои хориҷии Эрон

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон Сироҷиддин Муҳриддин ва Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён

Дар остонаи ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки рӯзи 27-уми октябр дар Теҳрон баргузор мешавад, шоми сешанбе дар Теҳрон ҳайати дипломатҳои тоҷик ба раҳбарии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо президенти Эрон Иброҳим Раисӣ ва вазири корҳои хориҷии Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён ​дидору мулоқот кардааст. ​Ба навиштаи вебсайтҳои расмии Тоҷикистон, дар ин мулоқотҳо роҷеъ ба "алоқамандии ҷонибҳо барои густариши равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъкид шудааст". Яке аз масоили мавриди баррасӣ вазъ дар Афғонистони ҳамсоя мебошад, ки аз дидгоҳи Тоҷикистон ва Эрон, баъди ба ихтиёри "Толибон" гузаштани қудрат, зарурати дар Афғонистон эҷод шудани як ҳукумати фарогир ва ҳам истиқрори сулҳу суботи иҷтимоиву сиёсӣ вуҷуд дорад.

Давоми рӯз қарор аст Сироҷиддин Муҳриддин ва дигар аъзои ҳайати дипломатҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи "вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон+Русия" иштирок кунанд.

ТАСС дирӯз навишт, ки дар ин нишасти Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия суханронӣ мекунад. Бори нахуст кишварҳои ҳамсояи Афғонистон рӯзи 8-уми сентябр дар як нишасти маҷозӣ мулоқот карда буданд. Дар нишасти рӯзи чоршанбе раҳбарони сиёсатҳои хориҷии кишварҳои Эрон, Русия, Чин, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок мекунанд ва тамаркузи онҳо сари масоили кунунии Афғонистон, аз ҷумла, даъвати “Толибон” ба ташкили ҳукумати фарогир равона мешавад.

Кишоварзони Узбекистонро маҷбур доранд, заминҳояшонро ба ихтиёри давлат супоранд

Кишоварзони ноҳияи Букини вилояти Тошканди Узбекистонро маҷбур доранд, ки "дар бораи ихтиёран ба захираи давлатӣ интиқол додани заминҳояшон" ариза нависанд.

Яке аз кишоварзон гуфт, шахсан шоҳиди 30 ҳолате шудааст, ки аз кишоварзон иҷборан ариза гирифтаанд.

"Нахустин ҳолат рӯзи 17 октябр сурат гирифт. Он замон 20 кишоварз маҷбуран ариза навиштанд", - гуфт ҳамсуҳбати бахши узбекии Радиои Озодӣ. "Мақомоти маҳаллӣ аз неруи мақомоти қудратӣ дар маҷбур кардани кишоварзон ба навиштани ариза истифода мекунанд", - мегӯянд кишоварзон.

Бо ин вуҷуд, мақомоти маҳаллӣ ин хабарҳоро рад мекунанд.

Абдурозиқ мусобиқаи ҷаҳонии боксро дар Белград ифтитоҳ кард

Акси Абдурозиқ аз январи соли 2020. Манбаъ: Азия-Плюс

Абдурозиқ, овозхони ҷавони тоҷик ва блогери маъруф дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Белград ширкат ва ду оҳанг иҷро кардааст.
Ӯ дар саҳифаи худ дар Instagram навори видеоиро бо ҳунарнамоиаш дар ин маросим гузоштааст. Тоҷикистонро дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон ки 25-уми октябр дар Сербия шурӯъ шуд, ҳашт варзишгар намояндагӣ мекунад. Мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар миёни наврасону ҷавононро ҳам тобистони имсол Абдурозиқ бо задани зангӯла оғоз карда буд. Ин рақобатҳо дар Дубай баргузор шуданд. Абдурозиқи 18-сола блогери маъруфи тоҷик дар Инстаграм аст. Шумори обуначиёни ӯ дар ин шабака ба беш аз як миллион нафар расидааст. Ба Абдурозиқ замоне таваҷҷуҳ карданд, ки дар кӯчаву бозорҳои зодгоҳаш “бо сӯзу гудоз” тарона мехонд. Бо ёрии репсарои тоҷик Барон ӯ аз Панҷакент ба пойтахт омад ва аз ҳамин ҷо корномаи муваффақи ӯ шурӯъ шуд.

Ҳуввияти муҳоҷирзаноне, ки аз шароити ғуломӣ шикоят карданд, мушаххас шуд

Акс аз бойгонӣ

Ду рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе ба чархиш даромад, ки дар он се зани тоҷик аз шароити ғуломии худ дар Русия шикоят карда, хостори кӯмак шудаанд. Онҳо дар ин навор гуфтанд, як марди тоҷик онҳоро бо ваъдаи кор ба ин кишвар овардааст. Ин занҳо мегӯянд, давоми се моҳ кори кишоварзӣ кардаанд, вале маблағи ваъдагияшонро нагирифтаанд. Ҳамчунин марди корфармо, ки озарбойҷонӣ будааст, шиносномаҳояшонро бозпас намедиҳад. Дар пайи нашри навор, Муҳаммадиқболи Ато, сухангӯи вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон навиштааст, ин занон зодагони ноҳияҳои Вахш ва Кушониён буда, бе ягон санади расмӣ ба кор ҷалб шудаанд. Ҳоло онҳо дар Екатеринбург мебошанд. Ба қавли Муҳаммадиқболи Ато, қазияи ин муҳоҷирзанон таҳти назорати сафорати Тоҷикистон ва намояндагии Вазорати меҳат дар Русия карор дошта, ба онҳо ёрии ҳуқуқӣ ва моддӣ расонида бо ҷойи кор низ таъмин мешаванд.

Рейди густурдаи зидди муҳоҷирон дар Маскави Нав

Акс аз сентябри соли 2021

Рӯзи гузашта дар ҳудуди маҳаллаи Сосенскои Маскави Нав дар нисбати муҳоҷирон рейди густурда баргузор шудааст. Ба навиштаи пойгоҳи хабарии Readovka, танҳо дар ҳамин минтақа расман беш аз 66 ҳазор муҳоҷир ба қайд гирифта шудааст ва рейд бо ширкати шумораи зиёди кормандони ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла пулиси аспсавор сурат гирифтааст. Корбарони Радиои Озодӣ ҳам видеое фиристоданд, ки ҳузури пулис ва тафтиши санадҳояшонро нишон медиҳад. Readovka менависад, пулис ҳуҷҷатҳои муҳоҷиронеро, ки дар истгоҳи Прокшинов ва дар роҳ ба сӯи бозори

“Фуд Сити” буданд, тафтиш мекард. Аз истгоҳи Прокшино муҳоҷиронро ба маркази “Сахарово” мераванд. Дар “Фуд Сити" ҳазорон муҳоҷири тоҷик кор мекунанд. Ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ, дар ин марказ аз 3 то 3,5 ҳазор тоҷик фаъолият мебаранд. Муҳоҷирон мегӯянд, дар рейдҳо онҳоро бо вуҷуди доштани тамоми аснод, ба шӯъбаи пулис мебаранд ва бо ҳар баҳона ҷарима меситонанд.

$ 90 млн фоидаи Тоҷикистон аз фурӯши барқ ва бебарқии сокинони маҳаллӣ

Тоҷикистон соли ҷорӣ аз ҳисоби фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсоя ҳудуди 90 миллион доллар фоида гирифтааст. Содироти барқ ба ин давлатҳо дар қиёс бо соли пеш тақрибан ду баробар бештар шудааст. Бино ба рақамҳои пешниҳодии Кумитаи омор, моҳи сентябри имсол нерӯи барқи Тоҷикистон ба маблағи тақрибан 17 миллион доллар содир шудааст, ки баробар ба нишондоди моҳи августи соли 2020 мебошад. Мақомоти тоҷик асосан барқро ба Узбекистону Афғонистон мефурӯшанд. Узбекистон барои ҳар киловатт соат 2 сент ва Афғонистон 3 то 4,5 сент медиҳад. Тибқи омори расмӣ, аз моҳи январ то сентябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон тақрибан 16 миллиард киловат соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки дар нисбати соле пеш 7,4 фойиз бештар мебошад. Вале шурӯъ аз аввали моҳи ҷорӣ сокинони гӯшаҳои гуногуни кишвар барқро бо маҳдудият мегиранд. Мардум мегӯянд, дар як шабонарӯз 8-9 соат барқ мегиранду халос. Мақомот ҷорӣ шудани "лимит"-ро рад мекунанд, вале дақиқи намегӯянд, ки кай бо иқтидори пурра ба сокинон барқро таъмин хоҳанд кард. Дар ин шабу рӯз нархи ангишт яке аз воситаҳои асосии гарм кардани хонаҳои мардум дар сармо низ дар муқоиса ба соле пеш ду баробар боло рафтааст.

Садамаи мудҳише дар Данғара чор касро кушт

Ноҳияи Данғара

Дар як садамаи мудҳиш дар роҳи Бохтар-Данғара чаҳор нафар ҳалок шудаанд. Ду нафари онҳо бародарон будаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, рӯзи 25-уми октябр мошини “Опел-астра”, ки аз ҷониби сокини 31-солаи деҳаи Лағмони шаҳри Кӯлоб идора мешуд, ба мошини “Мерседес-бенс”-и ронандаи 27-сола, аз ноҳияи Кушониён бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи “Опел-астра” бо бародараш ва як мусофири дигар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Сабаби садама таҳқиқ мешавад. Дар Тоҷикистон соле бештар аз ҳазор нафар бар асари садамҳои нақлиётӣ маҷрӯҳ гардида ва ё ҷони худро аз даст медиҳанд. Риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ ва ҳаракат бо суръати баландро сабаби аслии ин фоҷиаҳо мегӯянд.

Намояндаи Пентагон гуфт, ба тавони "Толибон" дар муқобила бо ДОИШ шубҳа дорад

Аъзои гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба "Толибон" таслим мешаванд. 11 октябри соли 2021, Нангарҳор

Як мақоми баландпояи Пентагон гуфт, ба тавони “Толибон” дар муқобила бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” шубҳа дорад, ҳарчанд ин ду гурӯҳ аз лиҳози идеологӣ душмани ҳамдигар ҳисоб меёбанд. Колин Кал, муовини вазири дифои ИМА дар як ҷаласаи кумитаи Конгресс рӯзи 26-уми октябр гуфт, ки идораҳои истихбороти ИМА чунин мешуморад, ки “Толибон” барои мубориза бо шохаи Хуросони гурӯҳи Давлати Исломӣ бисёр дилгарм аст, вале, ба гуфтааш, “тавони онҳо барои ин кор бояд мушаххас шавад”. Аз замони ба дасти “Толибон” гузаштани қудрат дар Афғонистон аз моҳи август ба ин сӯ ин гурӯҳ масъулияти чандин ҳамлаи мудҳишро ба ӯҳда гирифтааст. Кал гуфт, ки дар сафи шохаи Хуросони ДОИШ чандин ҳазор ҷангҷӯ узвият доранд ва, ба гуфтааш, ин гурӯҳ тавони онро дорад дар давоми шаш моҳ ба ИМА ҳамла кунад. Кал инчунин дар бораи Ал-Қоида ҳам ёдовар шуд ва гуфт, ки ин гурӯҳ бо назардошти иртиботаш бо “Толибон” хатари аз ин ҳам бештар дорад.

Қаблан вазири корҳои хориҷии “Толибон” Амирхон Муттақӣ гуфт, ки ба таҳдиди “Давлати Исломӣ” муқовимат хоҳанд кард. Ӯ инчунин гуфт, ки Афғонистон ба пойгоҳи ҳамлагарон ба кишварҳои дигар табдил намешавад.

Блинкен бо нахуствазири озодшудаи Судон сӯҳбат кард

Абдулло Ҳамдук, нахуствазири Судон. Акс аз бойгонӣ

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен баъди он ки низомиёни қудратро дар Судон ғасбкарда ба нахуствазири ин кишвар иҷоза доданд, ки ба хонааш баргардад, бо Абдулло Ҳамдук сӯҳбати телефонӣ анҷом дод. Сухангӯи департаменти давлатӣ Нед Прайс гуфт, ки Блинкен рӯзи 26-уми октябр озодии Ҳамдукро истиқбол ва бори дигар дар муроҷиат ба низомиёни судонӣ даъвати худро дар заминаи озод кардани раҳбарияти мадании Судон ва таъмини амнияти онҳо такрор кард. Прайс дар як изҳороташ гуфт, ки Блинкен аз ғасби низомии қудрат дар кишвари африқоии Судон нигараронии амиқ баён кард ва аз артиши ин кишвар тақозо намуд, ки дар нисбати эътирозгарон аз хештандорӣ кор бигиранд. Ӯ афзуд, ки Байден даъват дар пайравӣ аз дигар аъзои ҷомеаи байналмилалӣ ғасби қудрат аз ҷониби низомиён дар Судонро маҳкум карда пуштибонии кишвараш аз раҳбарияти маданӣ, демократия ва сулҳ дар ин кишварро баён кард. Ба иттилои мушовири амнияти миллии Кохи Сафед Ҷейк Салливан, Вашингтон дар андешаи ҷорӣ кардани тадбирҳои иқтисодӣ нисбати ишғолгарони қудрат мебошад. Ҷаласаи Шӯрои амният, ки 26-уми октябр барпо шуд, бидуни қабули изҳороте натиҷагирӣ шуд.

Раиси Идораи фурӯши барқ дар Мастчоҳро бо корд захмӣ карданд

Акс аз бойгонӣ.

Раиси Идораи фурӯши барқ дар ноҳияи Мастчоҳро бо корд захмӣ кардаанд.

Мақомоти корҳои дохилӣ ҳанӯз қазияро шарҳ надодаанд, вале манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ҳодиса ҳафтаи гузашта рух дод.

Ба қавли як манбаи огоҳ, Рустам Тӯйчиев, раиси Идораи фурӯши барқи ноҳияи Мастчоҳ, аз тарафи корманди собиқаш захмӣ карда шудааст. Ин нозири барқро дар пайи шикояти сокинон аз кор ронда будаанд.

"Ин нозири барқ баъди озод шудан аз кор ба ҳуҷраи кории Рустам Тӯйчиев даромада, бо ӯ баҳс мекунад ва бо корд як дафъа ба қафаси синааш мезанад. Раиси Идораи барқро фавран ба беморхона бурданд", -- иттилоъ дод манбаъ.

Масъулони бемористони марказии ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 27-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, вазъи раиси Идораи фурӯши барқ хуб аст ва рӯзҳои наздик ӯро ҷавоб медиҳанд. Пизишкон гуфтанд, корд ба қабурғаи Рустам Тӯчиев осеб расондааст.

Дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд гуфтанд, қазияро давоми рӯз шарҳ медиҳанд.

Ҳанӯз мушаххас нест, ки дар пайванд ба захмӣ шудани раиси Идораи барқи Мастчоҳ касе дастгир шудааст ё не. Рустам Тӯйчиев мутахассиси собиқадори Идораи барқ мебошад. Ӯ баъд аз тақсим шудани "Барқи тоҷик" ба се ширкат, раиси Идораи фурӯши барқ дар ноҳияи Мастчоҳ шуд.

Захмӣ шудани раиси Идораи фурӯши барқ дар ҳоле рух медиҳад, ки ин шабу рӯз сокинони гӯшаҳои кишвар ба камбуди барқ рӯбарӯ ҳастанд. Дар ин бора ҳамарӯза Радиои Озодӣ аз минтақаҳои Тоҷикистон шикоятҳои зиёд мегирад. Сокинон мегӯянд, аз соати 8-и субҳ то 17 ва ҳам шабона барқ надоранд.

Масъулини ширкати "Барқи тоҷик" батакрор мегӯянд, дар кишвар лимит ё маҳдудият ҷорӣ нашудааст ва сабаби қатъ шудани барқро таъмир дар хатҳои баландшиддат медонанд. Бисёриҳо ба ин изҳороти мақомот шубҳа доранд ва мепурсанд, чӣ гуна дар нисфи шаб корҳои таъмирӣ гузарондан мумкин аст.

Нархи орд дар Тоҷикистон боз ҳам боло рафт

Акс аз бойгонӣ.

Нархи орд-яке аз маҳсулотҳои ниёзи аввал дар Тоҷикистон боз ҳам боло рафтааст. Хабарнигорони Радиои Озодӣ субҳи 27-уми октябр дар бархе бозорҳои Душанбе мушоҳида карданд, ки нархи як халтаи орди 50-и килоии истеҳсоли Қазоқистон ба 300 сомонӣ расидааст. Сокинон мегӯянд, дар минтақаҳо, бахусус дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва ҳам водии Рашт орд аз ин ҳам қиматтар аст. Мушкили орд дар Тоҷикистон як моҳ оғоз шуд. Дар ин муддат нархи як халтаи орд аз 240 сомонӣ то 300 ва аз он ҳам зиёд шуд. Масъулони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон сабаби болоравии нархи ордро дар кишвар ба "кам шудани ҳосили гандум дар Қазоқистон", пайванд медиҳанд. Тоҷикистон гандумро асосан аз Қазоқистон ва як миқдори камтарро аз Русия меорад. Ба гуфтаи мақомот, барои таъмини мардуми Тоҷикистон солона 700 ҳазор тонна орд лозим аст. Дар ҳоле, ки мақомот ваъда доданд, нархи ордро назорат мекунанд, вале ба назар мерасад, ин талошҳои чандон самарае наовардааст. Пештар мақомот аз ҳисоби захираҳои давлатӣ талош карда буданд нархи маҳсулоти ниёзи аввалро муътадил нигоҳ доранд, аммо мутахассисон мегӯянд, ин чиз барои танзими нарх кофӣ нест. Орд маҳсулоти асосӣ барои ҳар оилаи тоҷикистонӣ аст ва болоравии нархи он ба буҷаи хонаводаҳо таъсир мерасонад.

Садҳо маҳбуси зиндони Саратов гуфтанд, ки шиканҷа шудаанд

Маҳбаси Саратов. Акс аз бойгонӣ.

Беш аз 180 маҳбуси зиндони рақами 13-и шаҳри Энгелси Саратов шикоят доранд, ки баъди боздиди ҳомиёни ҳуқуқ латтукӯб шудаанд. Дар ин бора хабаргузориии "Интерфакс" бо истинод ба раиси Комиссияи минтақавии назорати ҷамъиятӣ Денис Соболев иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи маҳбусон, 182 зиндонӣ бевосита дар дохили маҳбас латтукӯб шуда, се тани дигар дар бемористони касалиҳои сили Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо (ФСИН) дар Русия мавриди хушунат қарор гирифтаанд. Даҳҳо маҳбуси дигар аз шароити нигаҳдорӣ дар зиндони 13 шикоят кардаанд.

400 маҳбуси зиндони рақами 13-и Энгелс ва бемористони касалиҳои сил шикоят карда буданд, ки зиндонбонҳо дар баробари латукӯбу шиканҷа аз онҳо пул низ талаб мекунанд.

Шиканҷа шудани маҳбусон дар зиндони Саратов ва бемористони касалиҳои сили Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо дар Русия ибтидои моҳи октябр расонаӣ шуд.

Gulagu.net 4-уми октябри имсол ба нашри нахустин видеоҳое шуруъ кард, ки дар онҳо иддао мешуд маҳбусон аз ҷониби кормандони Хадамоти федеролии амният (ФСБ) ва Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо (ФСИН) дар Русия шиканҷа мешаванд.

Қирғизистонро барои занон кишвари хатарнок номиданд

Акс аз бойгонӣ.

Қирғизистон дар раддабандии "Шохиси сулҳ ва амният барои бонувон" (WPS) ба унвони кишваре зикр шудааст, ки дар он ба занон хатари бештар таҳдид мекунад.

Дар ин раддабандии байналмилалӣ, ки вазъи бонувон дар 170 кишвари дунё баррасӣ шудааст, Қирғизистон дар мақоми 97-ум қарор дорад. Афғонистон, Сурия, Яман, Покистон, Ироқ ва баъзе аз кишварҳои дигар низ дар раддаҳои поин ҷой дода шудаанд.

Финляндия, Норвегия, Дания ва Люксембургро амнтарин кишвар барои бонувон номидаанд.

Шохиси WPS-ро Институти бонувон, сулҳу амнияти Ҷорҷтоун ва Маркази масъалаҳои баробарии гендерӣ, сулҳу амнияти PRIO бо дастгирии Вазорати умури хориҷии Норвегия таҳия ва нашр мекунанд.

Ба иттилои Додситонии кулли Қирғизистон, соли 2019 дар он кишвар 6 ҳазору 145 хушунати хонаводагӣ ба қайд гирифта шуда, дар 90 дарсади ҳолатҳо ҷабрдидаҳо занон ҳастанд. Соли 2020 дар давраи карантин ҳолатҳои хушунати хонаводагӣ дар Қирғизистон 62 дарсад афзудааст.

Падари як сарбоз даъво дорад, ки писарашро куштаанд

Асадбек Файзуллоев

Падари сарбози узбекистонӣ Асадбек Файзуллоев, ки дар сарҳади кишвараш бо Афғонистон кушта шуд, дигарбора талаб кард, ки дар ин маврид парвандаи ҷиноӣ кушоянд. Ӯ бовар дорад, ки писарашро куштаанд.

Ҷасади Асадбек Файзуллоеви 20-соларо рӯзи 26-уми июли имсол аз наҳр ё канали "Амузанг" дар шаҳри Термизи Узбекистон пайдо карданд.

Додситонии ҳарбии Узбекистон гуфт, сарбоз ҳангоми шино дар наҳр ғарқ шудааст. Аммо Анвар Шодиев, падари Асадбек мегӯяд, писари ӯро аввал кушта ва сипас ҷасадашро ба об партофтаанд.

Анвар Шодиев, сокини шаҳри Ҷиззах ва падари сарбози фавтида, талаб дорад, ки ҷасади писараш барои ташхис аз қабр берун оварда шавад.

"Ман ҷасади писарамро дидам, вай захмҳои зиёд дошт. Ҷасади одами ғарқшуда наметавонад, ин гуна захм дошта бошад", - гуфт Анвар Шодиев.

Додситонии ҳарбии Узбекистон 25-уми августи соли 2021 аз боз кардани парвандаи ҷиноӣ дар робита ба ин ҳодиса худдорӣ карда буд. Додситонӣ гуфт, сарбоз ҳангоми шиноварӣ ғарқ ва фавтидааст.

Заҳролудшавии гуруҳӣ дар Бишкек: 179 кас зиён дида, 50 нафар бистарӣ шуданд

Бемористоне дар Қирғизистон

Дар натиҷаи заҳролудшавии гуруҳӣ аз хӯроки як қаҳвахона дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон 179 кас ба бемористон муроҷиат кардаанд.

Масъулони Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфтанд, аз он шумор рӯзи 26-уми октябр 50 кас дар бемористон бистарӣ карда шуданд.

Нахустин шикоятҳо аз заҳролудшавӣ рӯзи 23-юми октябр расонаӣ шуданд.

Заҳролудшудаҳо гуфтанд, пас аз хӯрдани хӯрок дар қаҳвахонаи "Империяи питзо" худро бад ҳис кардаанд. Қаҳвахонаи мазкур дар шаҳри Бишкек ҳоло баста шудааст.

Ин мавриди дувуми заҳролудшавии муштариҳои қаҳвахонаҳо дар як моҳи охир дар Қирғизистон аст. Миёнаҳои моҳи октябр дар ноҳияи Сузаки Қирғизистон низ 138 муштарии як ошхона заҳролуд шуда буданд.

Амрико мавқеашро дар робита ба интихоботи Узбекистон баён кард

Департаменти давлатии Амрико рӯзи 25-уми октябр дар робита ба интихоботи президентӣ дар Узбекистон изҳорот нашр кард.

Дар он омодааст, ки Иёлоти Муттаҳида "аз мардуми Узбекистон барои амалисозии ҳуқуқи раъйдиҳиашон ҷонибдорӣ мекунад".

Вале айни замон гуфта шудааст, ки Амрико бо нигарониҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар робита ба баъзе аз масоил розист. Нозирони САҲА гуфтанд, интихоботи раёсати ҷумҳурии Узбекистон бе рақобати воқеӣ ва танқиди раҳбарияти ҳозираи Узбекистон гузашт.

"Мо дар ҳамкориҳои оянда бо ҳукумати Узбекистон содиқ ҳастем", - омадааст дар изҳороти Департаменти давлатии Амрико.

Нозирони САҲА дар поёни интихоботи порлумонии соли 2019 ба ҳукумати Узбекистон барои беҳбуди ташкил ва баргузории интихоботҳо 32 машварат дода буданд, ки аз он 18 машварат комилан, 3 машварат қисман қабул ва 8 машварати дигар дар ҳоли баррасӣ аст.

Баҳси Мурғоб. Як ҳизби сиёсии Тоҷикистон ба даъвои Содир Ҷабборов вокуниш кард

Ноҳияи Мурғоб, акс аз бойгонӣ

Як ҳизби сиёсии Тоҷикистон даъвои раиси ҷумҳурии Қирғизистонро дар мавриди гуё дар гузашта ба онҳо тааллуқ доштани ноҳияи Мурғоб бепоя донист.

Ҳизби демократи Тоҷикистон 26-уми октябр дар изҳороте гуфт, "аз нигоҳи сиёсӣ, ин ҳуҷум ба марзу буми Тоҷикистон аст. Зеро аз замони ташкили Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии худмухтор ва ҷумҳурии мухтори ИҶШС ноҳияи Мурғоб дар қаламраваш буд."

Ноҳияи Мурғоб дар ҳудуди вилояти Бадахшони Тоҷикистон ҷойгир буда, тақрибан ҳазор километр аз пойтахти кишвар масофа дорад.

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон, рӯзи 23-юми октябр дар нишасти матбуотӣ дар Бишкек ба масъалаи баҳси сарҳад бо Тоҷикистон дахл кард. Ӯ аз ҷумла гуфт: "Ман гуфтам, мо соли 1924 ба Шумо (Тоҷикистон) Мурғобро бо масоҳати 3 миллион гектар додем. Биёед, онро ба мо баргардонед. Онҳо розӣ нестанд."

Мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол вокуниш накардаанд. Маълум нест, ки оё дар музокироти марзӣ масъалаи Мурғоб матраҳ будааст ё не.

Ҷабборов ҳам нагуфт, ки баҳси ӯ дар мавриди Мурғоб дар куҷо ва дар чӣ шароит сурат гирифтааст. Ӯ моҳи июни имсол, пас аз ду моҳи низои хунин дар сарҳад, ба Душанбе омад ва чанд соат паси дарҳои баста бо президенти Тоҷикистон мулоқот кард. Ин дидор бо имзои чаҳор санаде, ки масоили марзиро дар бар намегирифтанд ва изҳороти сулҳхоҳонаи дипломатӣ ба поён расид.

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва вакили порлумони Тоҷикистон, рӯзи 26-уми октябр даъвои нави Қирғизистонро барои ҳалли баҳси марзӣ "фишор" донист.

Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

"Боиси таассуф аст, ки сиёсати пешгирифтаи раҳбарияти Қирғизистон боиси мухолифатҳои миллӣ шудааст ва метавонад, оқибати фоҷеабор дошта бошад. Ба раиси ҷумҳур ва сиёсатмардони Қирғизистон пешниҳод мекунем, дар ин айёми хушунатбор аз иқдоми мухолифатбарангез даст бикашанд... Ҷанг роҳи ҳалли мушкилот нест", -- афзуд ӯ.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марз дорад, ки аз ин танҳо 519 километр мушаххас ва нишонагузорӣ шудааст. Ҳамасола дар минтақаҳои баҳсии марзи ду кишвар бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла бар сари тақсими обу замин ва истифода аз чарогоҳҳо муноқиша сар мезанад.

Дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи 28-29-уми апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф 55 кас кушта ва даҳҳо кас захмӣ шуданд.

Нерӯҳои ду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг гунаҳкор мекунанд. Додситониҳои кулли ду кишвар дар пайванд ба ҳодиса парванда кушода, таҳқиқро оғоз карда буданд, аммо то ҳанӯз натиҷаи онро эълон накардаанд.

"Тиллои скифҳо" ба Украина дода мешавад. АКС

Намунае аз осори тиллоии скифҳо. Акс аз як намоишгоҳе дар Киев, соли 2021

Додгоҳи таҷдиди назари Амстердам ҳукм кард, ки осори тиллоии замони скифҳо, ки аз осорхонаҳои Қрим берун бурда шудааст, ба Украина баргардонида шаванд. Намояндагони осорхонаҳои ҷойгир дар нимҷазираи Қрим, ки Русия онро аз соли 2014 ишғол кардааст, пойфишорӣ мекарданд, ки тилло бояд ба Қрим баргардад. Намоишгоҳи “Қрим – тилло ва асрори Баҳри сиёҳ” он солҳо дар Нидерланди ҷараён дошт ва аз соли 2014 баҳси атрофи мансубияти ин осор дар додгоҳҳои маҳаллӣ шурӯъ шуд. Ҳукумати Украина осори қадимаи тиллоии осорхонаҳои Қримро ба ихтиёри вазорати фарҳанги Украина ва осорхонаи таърихи Украина дод ва талаб кард, ки ин осор ба Украина баргардонида шавад.Осорхонаҳои Қрим мегуфтанд, ки бар асоси созишномаи ташкили намоишгоҳ, тилло бояд ба қаламрави нимҷазираи зери назари Русия баргардонида шавад.

Декабри соли 2016 додгоҳи ҳавзаи Амстердам қарор кард, ки осори ҳунарие, ки то замони ишғол шудани Қрим аз ҷониби Русия ба ин кишвар роҳ ёфт, моли Украина мебошад. Муҳокимаи шикоят дар ин замина тахминан панҷ сол тӯл кашид ва санаи содир шудани ҳукм чандин дафъа паспарто шудааст.

Таҷрибаи осорхонаҳои ҷаҳонӣ чуни наст, ки осори ҳунарии онҳо маъмулан моли худи музейҳо мебошанд, на давлатҳое, ки дар қаламрави онҳо ин музейҳо ҷойгир ҳастанд. Раиси ҳукумати Қрим Сергей Аксёнов ҳукми додгоҳи Нидерландиро «ғоратгарӣ» номид. Президенти Украина Владимир Зеленский дар Твиттераш навишт, ки аз ҳукми додгоҳ розӣ аст. «Мо ҳамеша дороиҳои худро бармегардонем. «Тиллои скифҳо»-ро баргардонидем, Қримро ҳам бармегардонем», гуфт ӯ.

"Давоми ҷавонӣ" --консерти онлайнии Ҷӯрабек Муродов. ВИДЕО

Ҷӯрабек Муродов, ҳунарманди шинохтаи тоҷик.

Ҷӯрабек Муродов, ҳунарманди шинохтаи тоҷик бори аввал шоми 22-юми октябр дар "Ютюб" консерти онлайн баргузор кард. Барномааш бо номи “Давоми ҷавонӣ” бахшида ба шастсолагии фаъолияти эҷодиаш буд. Вай дар оғози барномааш гуфт, ду соли охир ба сабаби бемории ҳамагир консерт надошт ва аз дидори мухлисон маҳрум буд.

Ҷӯрабек Муродов афзуд, "ман бори аввал бе тамошобин суруд хондам. Хеле азоб кашидам. Чунки ҳамеша дар барномаҳоям бо тамошобин дар гуфтугӯ будам. Вале чаро баномаро ба ин шакл пешниҳод кардем? Чунки ҳанӯз ҳам аз бемории КОВИД- 19 дар ҳарос ҳастем, ки баногоҳ ягон тамошобини ман бемор гардад, хеле рӯҳан азоб мекашидам. Аксаран ин навбат чун дар хона нишаста барномаи маро тамошо карданд, ба онҳо маъқул шуд ё нашуд, намедонам. Аз ҳамаи барномаҳои қаблиам сурудҳоро интихоб кардаву аз ғалбер гузаронида, пешниҳод намудам".

Ин овозхон ҳудуди 20 сурудашро, ки дар равияи сурудҳои халқию "Шашмақом" эҷод гардидаанд, ҳамроҳи мутрибони Ансамбли шашмақомхонони “Нури Хуҷанд” манзури ҳаводоронаш кард. Даҳҳо ҳазор тамошогарон, муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияву Амрико ва аз дигар гушаву канори олам ӯро дар ин барномаи зинда ҳамроҳӣ намуданд.

Консерти бе мухлиси Ҷӯрабек Муродов
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00

Дастандаркорони барнома мегӯянд, борҳо ба Ҷӯрабек Муродов дархости баргузории чунин консертро карда буданд. Парвизбек Муродов, раҳбари ширкати JM гуфт, "то ҳамин синни 79-солагиашон ҳарсол шабҳои эҷодӣ доир мекарданд, вале соли гузашта ба сабаби пандемия натавонистем доир кунем. Барои он, ки мардум шояд бемор мешуданд. Баъд падарамро ҳам мо эҳтиёт мекардем ва тули якуним сол аз хона берун набаровардем".

Ҷӯрабек Муродов, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад ва аз соли 1990 то 1995 вакили Шӯрои олии Тоҷикистон буд. Вай ҳамчун овозхони мардумӣ ба даҳҳо кишвари дунё сафар намуда, ҳунарнамоӣ кардааст. Қасд дорад соли оянда ба муносибати 80-солагиаш барномаи бузурги консертиро бо ҳузури мухлисонаш доир намояд.

Ҳамсояҳои Афғонистон дар Теҳрон ҷаласа хоҳанд кард

Рӯзи 27-уми октябр дар Теҳрон ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон баргузор мешавад ва дар кори он ширкати намояндагони Тоҷикистон ҳам дар назар аст. Саид Хатибзода, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфт, қарор аст дар ин нишаст раиси ҷумҳурии Эрон Иброҳим Раисӣ суханронӣ кунад. ТАСС навишт, ки дар ин нишасти Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия суханронӣ мекунад. Бори нахуст кишварҳои ҳамсояи Афғонистон рӯзи 8-уми сентябр дар як нишасти маҷозӣ мулоқот карда буданд. Дар нишасти рӯзи чоршанбе раҳбарони сиёсатҳои хориҷии кишварҳои Эрон, Русия, Чин, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок мекунанд ва тамаркузи онҳо сари масоили кунунии Афғонистон, аз ҷумла, даъвати “Толибон” ба ташкили ҳукумати фарогир равона мешавад. “Толибон” аз 15-уми август назорати аксар қаламравҳои Афғонистонро ба даст гирифтаанд. Ҳеҷ ҳукумате то ҳол ин гурӯҳи исломиро ба расмият нашинохтааст.

Чину Покистон хостории ёрии изтирории байналмилалӣ ба Афғонистон шуданд

Апрели соли 2019, Пекин. Президенти Чин Сӣ Ҷинпин нахуствазири Покистон Имрон Хонро меҳмондорӣ мекунад

Рӯзи 26-уми октябр дар як муроҷиати муштараки раҳбарони Чину Покистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо шудааст, ки дар пешорӯи зимистони сард ва камбуди шадиди ғизову маводи дорувор ба Афғонистон кӯмаки изтирории башариву иқтисодӣ расонида шавад. Дар изҳороте гуфта мешавад, ки нахуствазири Покистон Имрон Хон ва президенти Чин Сӣ Ҷинпин дар як сӯҳбати телефонӣ вазъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд ва ба ин назаранд, ки мардуми ниёзманд ба хотири “коҳиши эҳтиёҷоту пешгирӣ аз бесуботӣ дар кишвар”, ки баъди тарки Афғонистон кардани нирӯҳои байналмилалӣ ба раҳбарии ИМА ва сари қудрат омадани “Толибон” дар моҳи август эҷод шудааст, ба кӯмак ниёз доранд.

Ин дар ҳолест, ки вазири корҳои хориҷии Чин Ван И дар Қатар бо намояндагони “Толибон” масоили марбут ба ҳамкориҳоро баррасӣ мекунад.

Чин аз “Толибон” хост, ки гузаргоҳҳои марзиро боз нигаҳ доранд ва ба Афғонистон дар ҳаҷми 31 миллион доллар ёрии башарӣ ва 3 миллион дона воксинаи зидди COVID-19 тақдим кард.

Чин, ки давоми солҳои дароз мухолифи ҳузури нирӯҳои байналмилаливу НАТО дар Афғонистон буд, дари сафораташро дар Кобул боз нигаҳ доштааст. Вале айни замон ҳукумати “Толибон”-ро ба расмият нашинохтааст. Чин аз “Толибон” эҷоди ҳукумати фарогирро тақозо намуд. Покистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки дороиҳои пулии Афғонистон дастрас шаванд, то ки Кобул ба хотири пешгирӣ аз амиқрафти бӯҳрон ба пулҳои худ дастрасӣ дошта бошад. “Толибон” ҳоло аз дастрасӣ ба тахминан 9 миллиард доллар пулҳое, ки қисми асосиаш дар ИМА мебошанд, маҳрум аст.

Эрдуғон “аз ҷаҳлаш” гашт?

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон

Як рӯз баъди таҳдиди президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба ихроҷ кардани сафирони даҳ кишвари ғарбӣ аз ин қаламрав лаҳни танишҳои сиёсӣ каме поин омадааст. Рӯзи 25-уми октябр дар як ҷаласаи ҳукуматӣ, ки ба масъалаи манъи кори дипломатҳо рабт дошт, Эрдуғон гуфт, ин ҳодиса барои дипломатҳо “дарс шуд ва акнун онҳо боэҳтиёт хоҳанд шуд”. Сӯҳбатҳои Эрдуғонро телевизиони давлатӣ ҳам нишон дод. ИМА ва чандин кишвари дигари нигарон аз таҳаввулоти ахир изҳороти бо ҳам монанде нашр карда гуфтанд, ки дипломатҳои онҳо мутобиқ бо эъломияи СММ дар бораи адами дахолат ба умури дохилии кишвар амал мекунанд.

Моҷаро баъди он сар зад, ки сафоратҳои ИМА, Олмон, Канада, Дания, Финляндия, Фаронса, Нидерланди, Зеландияи Нав, Норвегия ва Шведсия бо нашри изҳороти муштарак озод кардани як марди саховатманди зиндонӣ Усмон Каваларо талаб карданд. Кавалаи 64-соларо бидуни иттиҳоми расмӣ барои ширкаташ дар намоишҳои эътирозии соли 2016, ки онро мақомот талоши кудато номиданд, ба чор соли зиндон маҳкум карданд. Худи ӯ гуфт, ки ҳеҷ кори ғайриқонунӣ накардааст ва ҳукумати Эрдуғонро барои саркӯби дигарандешон интиқод кард.

Дар ИМА COVID-19 коҳиш меёбад. Ба эмкунии кӯдакон омода мешаванд

Кӯдаки 2-солаи олуда ба COVID-19 дар як беморхонаи ИМА табобат мешавад

Дар ИМА шумори сокинони олудашаванда ба COVID-19 дар ҳоли кам шудан аст, вале ба бовари мутахассисони тиб, бо шурӯи эмкунии кӯдакони 5 то 11-сола вазъ боз ҳам беҳтар хоҳад шуд. Энтони Фаучи, мутахассиси калони бемориҳои сироятӣ дар ҳукумати ИМА гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд аз нимаи аввали моҳи ноябр имкони эмкунии кӯдакон ҳам фароҳам хоҳад шуд. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки то охири соли ҷорӣ шумори зиёди кӯдакони то 11-сола бар зидди COVID-19 эм карда мешаванд. Мақомоти Идораи ғизову дорувори ИМА, ки рӯзи 26 октябр як ҷаласаи арзёбии воксина барои кӯдаконро барпо мекунанд, гуфтанд, ки ҳоло аризаи ширкатҳои Pfizer/BioNTech мавриди баррасӣ мебошад. Қарори ниҳоӣ ҳафтаи оянда эълон мешавад. Айни замон, мақомот гуфтаанд, ки бо иҷрои барномаи эмкунии кӯдакон батадриҷ пеш мераванд.

Дар Покистон чор нафарро рабудаанд

Маҳаллаи Ҷаннихели шаҳри Бонну

Мардони ношиноси силоҳбадаст рӯзи 26-уми октябр дар шимолу ғарби Покистон чор нафар, аз ҷумла як занро рабудаанд, ки барои ҳукумат кор мекарданд.

Дар ин бора Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ, бо такя ба полис ва мақомоти маҳаллӣ хабар дод.

Афсари полиси минтақаи Бакахели шаҳри Бонну ба Радиои Машъал гуфтааст, ин афрод ҳангоми санҷиши як тарҳи садди обанбор рабуда шуданд. Ҳамаи онҳо дар раёсати ҷангал кор мекарданд.

Ходими полис гуфт, амалиёти ҷустуҷӯ шуруъ шудааст. Дар миёни рабудашудаҳо як зани пулис бо номи Шоиста будааст.

Бонну шаҳре дар марзи вилояти Вазиристони Шимолии Покистон мебошад. Моҳи феврали имсол гурӯҳи мусаллаҳе шаш нафарро дар минтақаи қабиланишини Вазиристони Шимолӣ рабуда буданд.

Дар миёни онҳо як муҳандис, як ҳуқуқшинос, ду ходими раёсати тиб ва ду корманди созмони ҷамъиятӣ буд. Онҳо танҳо баъди ҳашт моҳ, рӯзи 22-юми октябр, озод шуданд.

Интиқодҳои нав аз Facebook   

Франсис Ҳоуген

Рӯзи 25-уми октябр шабакаи иҷтимоии Facebook мавриди интиқоди нав қарор гирифт. Матбуоти амрикоӣ ин шабакаро барои он танқид карданд, ки ин пойгоҳ муваффақияти молиро аз амнияти хусусии корбарон боло бурдааст. Баъди фошкориҳои корманди пешини Facebook Франсис Ҳоуген созмонҳои матбуотии Амрико ба бастаи санадҳое даст ёфта бар асоси он гузоришҳои худро нашр мекунанд. Сенатори амрикоӣ Ричард Блументал дар Twitter гуфт, ки ин санадҳо собит мекунад, ки “раҳбарияти Facebook нигарониҳои дохилиро пайваста нодида гирифта, фоидаро аз манфиатҳои инсонӣ боло гузоштааст”. Ин гузоришҳо дар ҳолест, ки Facebook дар поёни моҳи сентябр хабар дод, ки даромадаш дар семоҳаи ахир 17 фоиз то сатҳи 9,2 миллиард доллар афзудааст. Ҳоуген зимни суханронӣ дар баробари қонунгузорони бритониёӣ рӯзи 25 октябр гуфт, ки Facebook маводи дорои мазмуни инсонбадбиниву тундгароиро иҷоза дода, кӯдаконро аз дастрасӣ ба маводи харобовар ҳимоят накардааст. Раҳбари Facebook Марк Сугерберг ин ҳама интиқодҳоро рад карда, “нодуруст” номидааст. Ӯ гуфт, ки санадҳои мазкур барои “сиёҳ кардани” шабакаи иҷтимоӣ истифода шудааст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG