Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Мо бесарнавиштем”. Муҳоҷирони афғон аз кори СММ дар Тоҷикистон шиква карданд. ВИДЕО


Паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар назди бинои СММ дар Душанбе

Дар авҷи фирор аз Афғонистон паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон аз кори дафтари Созмони Миллали Муттаҳид дар Душанбе норозигӣ мекунанд, вале намояндагии ин созмон мегӯянд, вазифаи кумакрасонии худро ба гурезаҳо анҷом медиҳанд.

Пас аз суқути ҳукумати Афғонистон бо дасти Толибон ва фирори садҳо гуреза ба Тоҷикистон, ин шабу рӯз назди дари Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон корафтодагон бештар ба назар мерасанд. Баъзе паноҳҷӯёни афғон мехоҳанд бо мусоидати ин созмон ба кишвари сеюм раванд ва гурӯҳе талоши дарёфти кӯмакҳои моливу ҳуқуқиро доранд.

Кумакхоҳӣ ва посухи СММ

Самеъ Раҳмонӣ, паноҳҷӯи афғон аз онҳоест, ки ба умеди дарёфти кӯмак борҳо пушти дари датфтари Созмони Миллали Муттаҳид дар Душанбе омадааст. Ӯ рӯзи 4-уми октябр дар назди бинои намояндагии ин созмон ба Радиои Озодӣ гуфт, чаҳор моҳ пеш аз тарси Толибон ба Тоҷикистон паноҳ овард ва то ҳол талошҳояш барои дастрасӣ ба кӯмакҳои СММ бенатиҷа мондаанд. Вай таъкид кард, ки вазъи иқтисодияш бад аст ва ба кӯмакҳои молӣ сахт ниёз дорад.

"Муроҷиат мекунем, фақат бо чанд калима, ки мо барнома надорему мо иқдом мекунем, доим чунин мегӯянду халос. Бисёре аз фомилҳо мушкилоти зиёд доранд дар ин ҷо. Мехоҳем маълумот гирем, ки инҳо барои паноҳҷӯён чӣ барномаҳое доранд. Омада будам, онҳо гуфтанд, ки феълан ягон барномаи хос надорем ва агар чизе буд, мо шуморо огоҳ мекунем",--афзуд, Самеъ Раҳмонӣ.

Баъзе паноҳҷӯёни афғон, ки солҳо боз дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, иддао доранд, ки дархостҳояшон барои дарёфти кӯмак аз сӯи дафтари СММ дар Душанбе ҷиддӣ гирифта намешавад.

"Ду бародарамро куштанд"

Нафиса Абдулҳаким, паноҳҷӯи афғон беш аз 20 сол дар Тоҷикуистон ба сар мебарад. Мегӯяд, боре аз кӯмакҳои СММ бархурдор нашудааст. "23 сол аст, ки дар ин ҷоем. Давоми ин муддат, ҳарчанд муроҷиат мекунем, кӯмаке накарданд. Он замон вақте Толибон ҳамаро гирифтанд, аз тарс тариқи дарё бо ду фарзандам гузашта омадам. Ду бародарамро куштанд, хонаҳоямонро титу тор карданд. Фарзандон ҳам каму тум хонданд, духтарамро ба донишгоҳ дохил карда натавонистам. Ҳама бе сарнавишт мондем. Мо тақозо дорем аз СММ, ки ба арзи муҳоҷирин расидагӣ кунад",--гуфт, ӯ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

"Ду бародарамро куштанд, худам овораам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00

Шикоятҳо аз кори Созмони Миллали Муттаҳид дар ҳолест, ки намояндагии ин созмон дар Тоҷикистон мегӯяд, кӯмак ба паноҳҷӯёнро дар аввлавияти кори худ қарор додаанд.

Дафтари СММ: Мо ба гурезаҳо кумак мекунем

Дар дафтари ин созмон дар Душанбе касе ҳозир нашуд дар рӯ ба рӯи камераи Озодӣ дар бораи вазъи паноҳҷӯёни афғон сӯҳбат кунад. Ин ниҳод пас аз мактуби расмии Радиои Озодӣ, бо гузашти беш аз ду ҳафта хаттӣ посух дод, ки дар доираи барномаҳои худ ба гурезаҳои афғон кӯмакҳои ҳуқуқиву иҷтимоӣ мекунанд, вале аз ҳаҷми дақиқи кӯмакҳо ва фарогирии ниёзмандон чизе нагуфтааст.

"Воқеан, буҷаи Дафтари UNHCR ( Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон. РО) дар Тоҷикистон пас аз рӯйдодҳои ахир ва бад шудани вазъи башардӯстона дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ба таври назаррас афзоиш ёфт. Ин маблағҳо барои таъмини омодагии бештар ва вокуниши қавитар ба вуруди эҳтимолии паноҳандагон ҷудо карда шуданд, то мо тавонем фавран посухи худро дар ҳолати зарурӣ равона кунем. Мувофиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ, Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон дар чунин ҳолатҳо хаймаҳои иловагӣ, ашёи зарурии аввалия ва ашёро барои гарм кардани хаймаҳо ҳамчун чораҳои омодагӣ ба вуруди эҳтимолии паноҳандагон мехарад",-- омадааст дар посухи дафтари СММ дар Душанбе.

Ба иттилои Дафтари СММ дар Душанбе, ҳоло 99 дарсади паноҳҷӯёнро дар Тоҷикистон афғонҳо ташкил медиҳад. Ин ниҳод гуфтааст "имрӯз дар Тоҷикистон тақрибан 13 ҳазору 700 гуреза ва паноҳҷӯён ба сар мебаранд, ки тақрибан нисфи онҳо давоми соли ҷорӣ ба ин кишвар омадаанд".

Дар ин посух ҳамчунин гуфта шудааст, ки гурезаҳои маъюб ё беморро барои харҷи доруворӣ ва табобат дастгирӣ мекунанд. Вале баъзе аз паноҳҷӯён, ки бемору афроди маъюб доранд, кӯмакҳои созмонро нокофӣ меҳисобанд.

10 доллар дар як моҳ

Нилоб Сидиқӣ, паноҳҷӯи афғон духтари 8 солаи маъюб дорад. Ба қавли ин зан, аз сӯи дафтари СММ дар Душанбе ҳар моҳ барои фарзанди маъюбаш 100 сомонӣ, муодили тақрибан 10 доллар бештар кӯмак мегирад, ки ба гуфтаи худи ӯ, хеле кам аст. Вай афзуд, ки "аз Созмони миллал зиёд умедҳо доштам, ки бояд расидагӣ мешуд, аммо чанд бор рафтаму шикоят кардам, гуфтанд, ки бештар аз ин дигар кӯмак карда наметавонем".

Интизории паноҳҷӯён дар мавриди дарёфти кӯмакҳо аз сӯи намояндагии СММ дар ҳоле садо медиҳад, ки як корманди ин созмон дар Душанбе бидуни зикри номаш гуфт, имкониятҳои онҳо барои кӯмак ба паноҳҷӯёни афғон маҳдуд аст. Вай таъкид кард, ки "мо аз руи қонуну қоидаи Тоҷикистон кор мекунем, барномаи интиқол гурезаҳо инак 8 сол шуд кор намекунад, гурезаҳо ҳуҷҷати гуреза мегиранд ва аз ҳисоби худ зиндагӣ мекунанд".

Баъзе таҳлилгарон, ки таҷрибаи кор бо созмонҳои байналмилалиро доранд, мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба афзоши паноҳҷӯёни афғон, Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон бояд ин шабу рӯз кори худро ҷоннок намояд. Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, рӯзи 19-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "баррасии муроҷиатҳои паноҳҷӯён вазифаи ҷонии кормандони Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо аст, зеро онҳо аз рӯи ин нон мехуранд, ҳар чӣ қадаре, ки корашонро зуд анҷом диҳанд, мушкили гурезаҳо ҳамон қадар зуд ҳал мешавад".

"СММ бояд шеваи корашро тағйир медод"

Ӯ афзуд, шумори паноҳҷӯён якбора бештар шуд, аммо теъдои кормандони сохторҳои СММ дар Душанбе зиёд нашудааст, бино бар ин, баррасси қазияи онҳо тул мекашад ва ҳали мушкилашон низ кашол меёбад.

"Он чӣ дар Афғонистон шуд як чизи изтирорӣ, фавқуллода аст ва кормандони дафтари СММ низ бояд дар корашон ба режими фавқуллода гузаранд, ҳадди ақал барои муддате бояд кормандони маҳалли худро бештар кунанд",--гуфт, Абдумалик Қодиров.

Ин бори нахуст нест, ки паноҳҷӯёни афғон аз шароити зиндагӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ мекунанд. Дар гузашта шикоятҳои онҳо дар баробари расидагӣ нашудани ба мушкилиҳояшон аз сӯи мақомоти тоҷик низ садо додааст. Чанде қабл садҳо паноҳҷӯ дар ноҳияи Ишкошими Афғонистон, ҳаммарз бо Ишкошими Тоҷикистон, шикоят доштанд, ки Душанбе тақрибан як моҳ боз ба гузаштани онҳо иҷоза намедиҳад. Дертар паноҳҷӯён гуфтанд, нерӯҳои "Толибон" онҳоро бо таҳдид аз сарҳад рондаанд.

То ҳол аз сӯи мақомоти тоҷик дар бораи омори паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистон ва кӯмакҳои пешниҳодшуда ба онҳо маълумоти дақиқ нашр нашудааст. Ахиран Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳангоми суҳбат дар нишасти раҳбарони идораҳои амниятии кишварҳои муштаракулманофеъ гуфтааст, дар муддати ду моҳи гузашта 15 000 паноҳҷӯи афғон ба Тоҷикистон ворид шудаанд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG