Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Халабонҳо дар Тоҷикистон: "Толибон" ба хонаводаҳои мо фишор меоранд: Муҷоҳид: "Корашон надорем"


Наздики 150 корманди Нирӯҳои ҳавоии Афғонистон, ки дар ИМА омӯзиш дидаанд, аз замони сари қудрат омадани "Толибон" дар Афғонистон рӯзи 15-уми август ба ин сӯ дар Тоҷикистон паноҳ бурдаанд ва умедворанд, ки ба зудӣ ба ИМА мераванд

Халабонҳои фирории афғонистонӣ дар Тоҷикистон, ки барои сафар ба Амрико омодагӣ мебинанд, мегӯянд, пайвандонашон дар Афғонистон зери фишори Толибон қарор доранд. 

143 халабони афғон рӯзи 15-уми август ба Тоҷикистон фирор карданд ва ҳоло дар осоишгоҳе дар канори Душанбе нигаҳдорӣ мешаванд. Рӯзи 23-уми октябр онҳо дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки санадҳояшон барои сафар ба Амрико омода шудааст ва шояд базудӣ аз Тоҷикистон берун раванд. Вале нигаронии онҳо аз он ҷо бештар шудааст, ки “Толибон” ба хонаводаҳояшон дар Афғонистон фишор меоранд, ки ба ватан баргарданд.

Як марди халабон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ба шарти фош нашудани номаш гуфт, ки ҳафтаи гузашта аз сафорати Амрико ба онҳо хабар доданд, ки санадҳояшон барои сафар комилан омода шудааст, вале санаи дақиқи парвозашонро нагуфтанд. Ин мард гуфт, ки дар рӯзҳои омодагии сафар ба Амрико пайвандонашон зери фишори сахти “Толибон” қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи ин мард, “Толибон” писари ӯро латтукуб кардаанд, то аз ин роҳ фишор биоранд, ки ба ватан баргардад.

“Онҳо рӯйхати ҳамаи моро дар даст доранд ва медонанд, ки дар куҷо ҳастем. Ба писарам таҳдид кардаанд, ки «агар падарат барнагардад, туро мекушем». Ӯро лату куб кардаанд. Ҳоло дигар намедонам, чӣ кор кунам”, гуфт ӯ.

Халабонҳои дигар низ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Толибон ба пайвандони онҳо фишор меоранд, то онҳо аз Тоҷикистон ба Афғонистон баргарданд ва ба дигар кишвар сафар накунанд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 22-юми октябр хабаргузории Рейтерс аз қавли мақомоти амрикоӣ навишт, ки “базудӣ ҳамаи тахминан 150 халабони афғонистониеро, ки баъди сари қудрат омадани “Толибон” дар моҳи августи имсол дар Тоҷикистон паноҳ бурданд, интиқол медиҳанд”. Як мақоми департаменти давлатии ИМА ба шарти фош нашудани номаш гуфтааст, ки “мақомоти ИМА мехоҳанд ҳамаи халабонҳои нирӯҳои ҳавоии Афғонистонро дар як вақт ба ҷои дигар интиқол диҳанд”, вале аз додани ҷузъиёти нақша худдорӣ кард.

Дар як санатории Тоҷикистон беш аз ду моҳ аст, ки 143 халабон ё пилоти афғонистоние қарор доранд, ки дар ИМА таҳсил кардаанд. Илова ба онҳо 13 низомии дигари афғонистонӣ низ дар Тоҷикистон қарор доранд ва ҳамчунин мехоҳанд ба ИМА интиқол ёбанд. Ба навиштаи Рейтерс, ин нафарон "дар шароити сабуктар ба сар мебаранд".

Ба иттилои Радиои Озодӣ, гуруҳи 143-нафарии нозирону танзимгарони парвоз, муҳандисони ҳавопаймоҳо ва халабонҳои тамриндида аз ҷониби Амрико 15-уми августи имсол аз Афғонистон ба шаҳри Бохтари Тоҷикистон фирор карданд. Онҳоро 1-уми сентябр ба як осоишгоҳи канори Душанбе оварданд.

Яке аз халабонҳои фирории афғон, ки нахост, номаш бурда шавад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, онҳо бо 17 ҳавопаймои низомии навъҳои Cessna 208, AC-208 ва Pilatus PC-12, ки ба онҳо тааллуқ доштанд, тавассути марзи шимолии Афғонистон ба Тоҷикистон расиданд.

Ин халабонҳо дар интизори интиқол ба Амрико ҳастанд. "Толибон" қаблан гуфта буданд, ки дар сурати бозгашт ба онҳо хатаре таҳдид нахоҳад кард, аммо халабонҳо ба ваъдаи онҳо бовар надоранд ва дигар Афғонистонро ҷойи амн намедонанд.

Толибон дар гузашта гуфта буданд, ки афви умумӣ эълон кардаанд ва ба халабонҳо ҳангоми бозгашт ба Афғонистон касе таҳдид намекунад.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон рӯзи 23-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ фишор ба хонаводаҳои халабонҳоро рад кард.

“Касе ба хонаводаҳои онҳо кор надорад. Онҳо худашон ба хотири кейси паноҳандагӣ ҳангома месозанд. Мо борҳо гуфтем, ки агар баргарданд, касе корашон надорад”, гуфт ӯ.

Халабонҳои фирорӣ дар Тоҷикистон ба ваъдаҳои Толибон бовар надоранд ва бо ҳеҷ шарте ҳозир ба бозгашт ба Афғонистон нестанд. Чанде аз ин халабонҳо гуфтанд, ки хостори сафар ба дар зудтарин фурсат ба Амрико ҳастанд. Онҳо аз шароити зисташон дар осоишгоҳе дар Тоҷикистон шикоят карданд.

“Ҳоло шабҳо барқро хомуш мекунанд ва хонаҳоямон сард мешавад. Дар Тоҷикистон барқро бо маҳдудият медиҳанд. Мо тӯлонӣ дар ин ҷо зиндагӣ карда наметавонем”, гуфт яке аз онҳо дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Дар миёни даҳҳо халабони мард ду зан низ ҳастанд, ки яке дар моҳи нуҳуми ҳомиладорӣ қарор дорад ва интизор меравад, ки ин зани 27-сола моҳи ноябр фарзанди нахустинашро таваллуд кунад.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG