Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе ба иддаои Ашраф Ғанӣ посух доданд


Ашраф Ғанӣ ва Муҳаммад Заҳир Ағбар. Акс аз моҳи марти 2021
Ашраф Ғанӣ ва Муҳаммад Заҳир Ағбар. Акс аз моҳи марти 2021

Ба мусоҳибаи Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури фирории Афғонистон, ки пас аз сукути чаҳормоҳа тафсилоти гурези худу ҳамроҳонашро аз Кобул нақл кард, дар Душанбе посух доданд. Ӯ дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, то замони парвози чархбол намедонист, ки Кобулро тарк мекунад. Муҳаммад Заҳир Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон, 31-уми декабр оқои Ғаниро ба дурӯғпароканӣ муттаҳам кард ва хоҳони муҳокимаи байнулмилалияш шуд.

15 август чӣ рӯй дод?

Ашраф Ғанӣ рӯзи 30-юми декабр дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, вақте Кобул суқут кард, намедонист, ба куҷо меравад, аммо пас аз парвози чархболҳо фаҳмид, ки дар ҳоли тарки Афғонистон аст.

"Субҳи 15-уми август ба зеҳнам ҳам намеомад, ки пас аз зуҳр кишварро тарк мекунам. Ба ман хабар дода буданд, ки гуруҳи Ҳаққонӣ дохили Кобул намешавад, аммо баъди ду соат вазъ ин тавр набуд. Аз ман хоста шуд, ки ба ҳамкоронам бо шумули мушовири амнияти миллӣ иҷозаи тарки Афғонистонро бидиҳам. Мунтазир будам, ки Бисмиллоҳхон, сарпарасти Вазорати дифоъ занг бизанад ва вазъи пешомадаро бигӯяд. Ӯ дар он вақт аз ман хост, ба Вазорати дифоъ биравам. 25 дақиқа мунтазир будам, аммо мошин наомад," – нақл кардааст Ашраф Ғанӣ.

Ҳамдуллоҳ Муҳиб
Ҳамдуллоҳ Муҳиб

Вай ҳамчунин гуфтааст, Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллӣ ва фармондеҳии Горди вижаи муҳофизати президент ба ӯ гуфтаанд, артиш пароканда шуда ва агар барои мондан дар Кобул пойфишорӣ кунад, ҳама кушта мешаванд. Ашраф Ғанӣ мегӯяд, "Ҳамдуллоҳ Муҳиб бисёр тарсида буд" ва ба ӯ бештар аз ду дақиқа вақт надод.

Суоли сафир аз Ғанӣ

Вале Муҳаммад Заҳир Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Душанбе рӯзи 31-уми декабр Ашраф Ғанӣ ва мушовири амнияти миллиаш Ҳамдуллоҳ Муҳибро ба он муттаҳам кард, ки артишро ба Толибон таслим кардаанд. Ғанӣ дар суҳбаташ гуфтааст, ҳама чиз ногаҳонӣ рух дод.

Дар саҳифаи фейсбукии Ашраф Ғанӣ ҷузъиёти комили мусоҳибаи ӯ бо Би-би-сӣ нашр шуд. Ӯ гуфтааст, ба хотири пешгирӣ аз вайрон шудани Кобул маҷбур шуд, Афғонистонро тарк кунад, “чун эҳтимол мерафт, дар натиҷаи ҷанг байни ду гуруҳи мухталифи Толибон шаҳри 5 миллионафари Кобул ба хок яксон шавад.”

Вале сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Душанбе ин гуфтаҳои Ашраф Ғаниро рад карда, гуфт, дар ҳафт сол роҳбарии Ғанӣ 65 ҳазор нерӯи низомии Афғонистон кушта шудаанд. “Чаро он вақт дилсӯзӣ накарда буд,” – суол гузошт Ағбар.

Муҳаммад Заҳир Ағбар
Муҳаммад Заҳир Ағбар

"Мо ба шарикони хориҷӣ бовар кардем..."

Ашраф Ғанӣ сабаби суқути низоми Афғонистонро эътимод ба хориҷиён номидааст. Ғанӣ ҳамчунон дар мусоҳиба гуфт, ҳукумати Афғонистон ба таври комил аз раванди сулҳи Афғонистон ва музокироти Амрико ва Толибон канор гузошта шуда буд.

Пеш аз ин Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллии Ашраф Ғанӣ, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ҳузур надоштани давлати пешини Афғонистон дар тавофуқномаи Доҳа, ки байни Толибон ва Амрико ҳосил шуд, боиси суқути ҳукумати ин кишвар гаштааст. Аммо мақомоти Иёлоти Муттаҳида ва аз муттафиқони аслии ҳукумати пешини Афғонистон, мудирияти нодурусти Ашраф Ғаниро омили суқути ин кишвар донистанд.

Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии CBS гуфта буд, Ашраф Ғанӣ ба ӯ итминон дода буд, ки Афғонистонро тарк намекунад ва рафтани ӯ фурсати ташкили як давлати фарогирро аз байн бурд.

"Мусоҳибаҳои ҳасратомез"

Мусоҳибаи нахустини раиси ҷумҳури пешини Афғонистон пас аз чаҳор моҳи сукути ӯ ва суқути Кобул то ин дам вокунишҳоеро ба миён овардааст. Залмай Халилзод, намояндаи пешини Амрико барои сулҳи Афғонистон гуфт, агар Ашраф Ғанӣ воқеан аз мондан дар Кобул ва кушта шудан метарсид, бояд аз Вашингтон ёрӣ мехост.

Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали пешини Ашраф Ғанӣ дар саҳифаи фейсбукиаш эҳтимол дар вокуниш ба ин мусоҳибаи раиси ҷумҳури пешини Афғонистон навишт, “бузургнамоии душман ва мусоҳибаҳои ҳасратомез роҳи ҳал нест.”

Толибон рӯзи 15-уми август аксар минтақаҳои Афғонистон, аз ҷумла шаҳри Кобулро ба даст гирифтанд, вале бо гузашти чор моҳ ҳеч кишваре онҳоро ба ҳайси ҳокими нави Афғонистон ба расмият нашинохтааст.

Кишварҳои хориҷӣ риояи ҷиддии ҳуқуқи инсон, бахусус занону духтарон, озодии матбуот ва мардумсолориро аз шартҳои аслии пазируфтани Толибон медонанд. Толибон ҳарчанд мегӯянд, дар муқоиса ба ҳокимияти пешинаашон дар даҳаи 90 нармтару озодтар шудаанд, ба назар мерасад, ҳанӯз натавонистаанд эътимодро ба даст биоранд.

XS
SM
MD
LG