Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барқи тоҷик" бо "Брешно"-и Афғонистон қарордоди содироти барқ имзо кардааст


Ширкати афғониии "Брешно" иттилоъ дод, ки миёни ин ширкат ва "Барқи тоҷик" қарордоди барқи воридотӣ барои соли 2022 имзо шудааст. Ба иттилои сайти расмии "Брешно", ин қарордодро Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати "Барқи тоҷик" ва Ҳофиз Муҳаммад Амин, раиси умумии иҷроияи ширкати "Брешно" имзо карданд.

Манбаъ мегӯяд, ин қарордод дар ҷараёни музокироти дурӯза дар Тоҷикистон аз сӯи ду тараф имзо шуд. Зимни он қарордоде, ки аз моҳи июли соли равон то декабр бинобар таҳаввулоти сиёсӣ ба таъхир афтода буд, низ имзо шудааст. Дар хабар гуфта нашудааст, ки ин мулоқот кай баргузор шуд. Ҳанӯз маълум нест, ки Тоҷикистон дар соли 2022 ба Афғонистон чӣ миқдор барқ содир мекунад.

"Ҳайати Иморати исломии Афғонистон ба кишвари Тоҷикистон ваъдаи ҳамкорӣ намуд ва ба манзури дубора оғоз намудани тарҳҳои мутаваққифшуда дар қисмати таъмини амният ва соири бахшҳо изҳори омодагӣ намуд",-омадааст дар изҳороти ширкати "Брешно".

Дар ин хабарномаи ширкати "Брешно" ҳамчунин омадааст, ки масъулини ин ширкат дар ҷараёни сафари дурӯза ба Тоҷикистон дар бораи тарҳҳои минтақавӣ, аз ҷумла, тарҳи КАСА-1000 ва бунёди хати 500-киловатта дар бахши энержӣ, гуфтугӯ кардаанд.

Пас аз тасаллути Толибон дар Афғонистон кори бисёре аз тарҳҳо қатъ шудааст. Толибон дар таърихи 15-уми август пас аз фирори Ашраф Ғанӣ вориди Кобул шуданд ва қудратро ба даст гирифтанд.

Масъулини ширкати "Барқи тоҷик" дар робита ба имзои ин қарордод бо "Брешно" ибрози назар накарданд ва гуфтанд, ки баъдан дар ин робита тавзеҳ хоҳанд дод.

Тоҷикистон дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсоя 93,5 миллион доллар фоида гирифтааст. Бино ба иттилои мақомоти бахши энержии кишвар, ин маблағ нисбат ба як соли пеш 40,5 миллион доллар бештар мебошад.

Тоҷикистон асосан ба Афғонистон ва Узбекистон барқ содирот мекунад. Дар худи Тоҷикистон аз моҳи октябр ба ин тараф сокинони деҳот бо маҳдудият нерӯи барқ мегиранд.

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ягона кишварест, ки бо Толибон робитаҳои дипломатӣ надорад ва сиёсатаҳои онҳоро ба таври ошкор интиқод кардааст. Толибон дар пай ба Тоҷикистон ҳушдор доданд, ки дар умури дохилии Афғонистон мудохила накунад.

XS
SM
MD
LG