Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон: "Чархболҳо дер ё зуд пас гирифта хоҳанд шуд"


Чархболҳои артиши Афғонистон.

Ҳукумати Толибон ба изҳороти Вазорати дифои Амрико, ки гуфт, "чархболҳои артиши пешини Афғонистон, ки дар Тоҷикистон ва Узбекистон ҳастанд, ба Толибон дода намешаванд", вокуниш нишон дод. Вазорати дифои ҳукумати Толибон гуфтааст, ки ин чархболҳо марбути Афғонистон аст ва "дер ё зуд пас гирифта хоҳанд шуд".

Иноятуллоҳ Хоразмӣ, сухангӯи Вазорати дифои ҳукумати Толибон рӯзи 19-уми январ дар сӯҳбат ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт, "амрикоиҳо ки қаблан ҳавопаймоҳоро оварда буданд, онҳоро расман ба "ин кишвар" таслим карда буданд ва он сармояи Афғонистон ба шумор меравад ва бинобар ин, онҳо моликият ва сармояи шахсии мардуми Афғонистонанд".

Сухангӯи Вазорати дифои ҳукумати Толибон дар идома гуфтааст, ки "ба ҳар қимате, ки мешавад, ин чархболҳо дубора имрӯз ё фардо гирифта хоҳанд шуд. Ончиро Пентагон гуфтааст, рад мекунем ва инро ба навъе мудохила дар умури дохилии кишварамон ҳисоб мекунем".

Мавлавӣ Муҳаммад Яъқуб, вазири дифои ҳукумати Толибон ҳам ҳафтаи гузашта дар маросиме дар Кобул ба Тоҷикистон ва Узбекистон ҳушдор дода буд, ки чархболҳои низомии Афғонистонро бояд ба ин кишвар бозгардонанд ва гуфт агар, ин кор анҷом нашавад, паёмадҳои ногуворе хоҳад дошт.

Ҷон Карбӣ, сухангӯи Вазорати дифои Амрико, рӯзи 18-уми январ зимни як нишасти хабарӣ дар посух ба пурсиши хабарнигорон роҷеъ ба сарнавишти ин чархболҳо гуфт, "фикр мекунам, ки онҳо ба Афғонистон фиристода намешаванд, то аз ҷониби Толибон истифода шаванд". Ӯ дар мавриди ин, ки чархболҳо дар ниҳоят ба чӣ касе дода хоҳанд шуд ва ба куҷо хоҳанд рафт, гуфт, дар ин робита ҳанӯз тасмиме гирифта нашудааст ва баррасиҳо идома дорад.

Бархе расонаҳо қаблан навиштанд, Тоҷикистону Узбекистон аз Амрико тақозо кардаанд, ки шуморе аз чархболҳоро дар назди худ нигаҳ доранд.

Толибон иддао доранд, ки даҳҳо чархболу ҳавопаймо пас аз фурӯпошии ҳукумати пешини Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя рафтаанд. Мақомоти Тоҷикистону Узбекистон моҳи августи соли 2021 омадани низомиёну халабонҳои афғонро тасдиқ кардаанд, вале дар бораи будани чархболу ҳавопаймоҳо иттилои пурра надодаанд.

Мақомоти Тоҷикистону Узбекистон то ба ҳол ба талаби Толибон дар мавриди бозгардонидани ин чархболҳо посухи расмӣ надодаанд. Аммо шуморе аз коршиносон мегӯянд, Толибон ҳаққи талаб кардани ин чархболҳоро надоранд, чун аз сӯи ҳеч кишваре ба расмият шинохта нашудаанд ва талаби онҳо ғайриқонунӣ ва ғайримантиқӣ аст.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи коршиносон, ин чархболҳо аз сӯи Тоҷикистону Узбекистон ғасб нашудаанд ва онро худи афғонҳо ба ин кишварҳо интиқол додаанд. Ин коршиносон ҳамчунин ба ҷанбаи ҳуқуқии ин масъала ишора мекунанд ва мегӯянд, беҳтар аст Толибон мавзӯъро аз тариқи Вазорати корҳои хориҷии худ ҳаллу кунанд, на аз тариқи ҳушдорҳои Вазорати дифоъ.

Пас аз сарнагунии ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар 15-уми августи соли 2021, даҳҳо халабони Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ оварданд ва се моҳ дар осоишгоҳе дар канори Душанбе нигаҳдорӣ шуданд. 143 халабон ё пилотҳои афғонистониро шаби 10-уми ноябри соли 2021 аз Душанбе ба шаҳри Абу Забии Имороти Муттаҳидаи Араб бурданд.

Шарҳҳоро бинед (10)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG