Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо нафар дар Панҷшер алайҳи Толибон ба эътироз баромаданд


"Омоҷнюз" наворҳои эътирозро нашр кард, ки сокинон зидди Толибон садо баланд мекунанд.
"Омоҷнюз" наворҳои эътирозро нашр кард, ки сокинон зидди Толибон садо баланд мекунанд.

Дар вилояти Панҷшери Афғонистон садҳо нафар ба хиёбон баромаданд ва алайҳи Толибон эътироз карданд.

Онҳо тобути ҷавонеро, ки гуфта мешавад, аз ҷониби Толибон дар як деҳаи ноҳияи Анобаи Панҷшер кушта шуда буд, бо худ ба маркази вилоят оварданд.

Пас аз вуруди Толибон ба Панҷшер дар моҳи сентябр бори аввал аст, ки сокинон даст ба эътироз мезананд.

Аҳмади Ҳаноиш, як тан аз рӯзноманигорони маҳаллӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки эътироз аз ноҳияи Аноба оғоз шуд ва теъдоди эътирозгарон дар ҳоли афзудан аст.

Ӯ гуфт, ҷавони 24-сол Назир ном дорад ва сабаби кушта шуданаш маълум нест.

"То кунун борҳо хабари кушта шудани сокинони Панҷшер аз ҷониби Толибон расида буд, вале сокинон чунин эътироз накарда буданд. Сокинон мегӯянд, сабри онҳо дар баробари зулми Толибон ба охир расидааст.",--гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Ҳаноиш, Абдулҳамиди Хуросонӣ, масъули амнияти Толибон дар Панҷшер эътирозгаронро ба оромӣ даъват кард, вале касе ба ҳарфаш гуш надодааст.

Дар наворҳое, ки дар хабаргузории "Омоҷнюз " нашр шуд, эътирозгарон шиори “Марг ба Толибон” ва “Зинда бод муқовимат” баланд мекунанд.

Абдулҳамиди Хуросонӣ, масъули амнияти Толибон дар суҳбат бо бахши дарии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ҳоло маълум нест, ҷавон аз тарафи кӣ кушта шудааст. Ӯ ба мардум ваъда додааст, ки кушта шудани ин ҷавонро таҳқиқ мекунад.

Толибон моҳи сентябр вориди Панҷшер шуданд. Ин вилоят охирин вилоят дар Афғонистон буд, ки ба Толибон таслим нашуд. Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд дар ин вилоят Ҷабҳаи муқовимати миллӣ таъсис дод, ки ҳадафаш мубориза бо Толибон аст.

Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон Толибонро ба қатли соикнони маҳаллӣ дар Панҷшер муттаҳам медонанд. Дар ин вилоят чанд гӯри дастаҷамъӣ низ пайдо шуда буд, вале бори аввал аст, ки сокинон аз қатли як ҷавон эътироз мекунанд.

XS
SM
MD
LG