Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳашти субҳ" навишт, ки Сибғат Аҳмадӣ сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ шудааст


Сибғат Аҳмадӣ.
Сибғат Аҳмадӣ.

Баъд аз се моҳи кушта шудани Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ҷабҳа нафари дигарро ба ҷойи ӯ таин кардааст. Рӯзномаи "8 субҳ"-и чопи Кобул рӯзи 24-уми ноябр гуфт, Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, раиси Кумитаи равобити стратегии Ҷабҳаи муқовимат ва сухангӯи он таин шудааст. Худи Аҳмадӣ дар тамос ба ин рӯзнома ин хабарро тасдиқ кардааст.

Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ дар замони ҳукумати Ашраф Ғанӣ як муддат сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон буд. Ӯ баъдан ба унвони ёвар ва сухангӯи Салоҳуддин Раббонӣ кор мекард. Аҳмадӣ ҳамчунин таҷрибаи кор дар телевизиони "ТВ1" ва "Тулуънюс"-ро дорад.

Сухангӯи пештараи Ҷабҳаи муқовимат Фаҳими Даштӣ се моҳ дар ҷараёни ҳамлаи Толибон ба дараи Панҷшер кушта шуд. Ӯ аз рӯзноманигорони шинохтаи Афғонистон ва солҳо ҳамроҳи Аҳмадшоҳ Масъуд буд.

Ҷабҳаи муқовимат баъди тасарруфи Афғонистон аз суи Толибон дар моҳи август зери роҳбарии Аҳмад Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд ташкил шуд. Неруҳои ҷабҳа асосан дар дараи Панҷшер мустақар ҳастанд. Масъулини ҳукумати Толибон мегӯянд, неруҳои Ҷабҳаи муқовиматро шикаст дода, Панҷшерро пура аз дасти онҳо гирифтаанд. Вале намояндагони Ҷабҳа мегӯянд, онҳо ҳоло ҳам қисмате аз хоки Панҷшерро зери назорат доранд. Дар бораи дар куҷо будани роҳбари Ҷабҳа Аҳмад Масъуд иттилои дақиқ дар даст нест.

XS
SM
MD
LG