Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарӣ: Аҳмад Масъуд метавонад ба сафари хориҷӣ равад, вале ҳоло дар Афғонистон аст. ВИДЕО


Аҳмад Масъуд

Як намояндаи Ҷабҳаи муқовимати зидди “Толибон” дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон будани Аҳмад Масъудро инкор кард. Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳа, рӯзи 2-юми ноябр дар суҳбат бо телевизиони "Садои Амрико" гуфт, Аҳмад Масъуд ба ҳайси раҳбари сиёсӣ ва низомӣ ҳаққи сафари хориҷиро дорад, вале феълан дар дохили Афғонистон аст.

Ин ҳафта баъзе аз расонаҳо бо такя ба Восиқ Кабир, муовини пешини волии Панҷшер, навиштанд, ки раҳбари Ҷабҳаи муқовимати зидди "Толибон" дар Тоҷикистон қарор дорад. Телевизиони "Садои Амрико" ҷавоби ин ва суолҳои дигарро аз Алӣ Майсам Назарӣ пурсид.

Садои Амрико: Вазорати адлияи Амрико барои кушодани намояндагии Ҷабҳаи муқовимат иҷозат дод. Ифтитоҳи ин дафтар чӣ қадар аҳамият дорад?

Алӣ Майсам Назарӣ: “Бале, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон барои кушодани намояндагиии худ тавонист, ки натанҳо иҷозаи Вазорати адлия, балки бахшҳои дигари давлати Амрикоро бигирад. Касби ин иҷозатнома барои як ҷабҳаи сиёсӣ, ки ба давлати Амрико пайванде надорад, кори осон нест. Аҳамияти хос дорад.”

Садои Амрико: Восиқ Кабир гуфт, ки Аҳмад Масъуд ба Тоҷикистон рафт. Ҳузури ӯ ва Амруллоҳ Солеҳ дар Душанбе баёнгари чист?

Алӣ Майсам Назарӣ: “Мо намедонем, чаро чунин гузориш ба нашр расидааст. Шахсоне, ки чунин гузориш доданд, на сухангӯ ҳастанд ва бо аъзо ва раҳбарияти Ҷабҳаи муқовимат ҳеч иртибот надоранд. Иттилооташон дақиқ нест. Аҳмад Масъуд дар дохили Афғонистон аст, вале ин табиист, ки як раҳбари сиёсӣ ва низомӣ метавонад, барои диду боздидҳо рафтуомад дошта бошад.”

Садои Амрико: Гузоришҳое аз ҷидол дар мавриди раҳбарии Ҷабҳаи муқовимати зидди “Толибон” вуҷуд дорад. Кӣ раҳбари Ҷабҳа аст: Аҳмад Масъуд, Амруллоҳ Солеҳ, Абдураб Сайёф, Атомуҳаммади Нур ё Абдурашид Дӯстум?

Алӣ Майсам Назарӣ: “Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон танҳо як раҳбар дорад ва ӯ ҳам Аҳмад Масъуд аст. Ҷаноби Солеҳ сарпарасти раёсати ҷумҳури исломии Афғонистон мебошад. Байни ҳарду ҳамоҳангӣ ҳаст, аммо Ҷабҳаи муқовимат танҳо як роҳбар дорад. Аз шахсони дигаре, ки эълони ҳимоят аз муқовимат кардаанд, истиқбол мекунем. Аз нухбаҳои сиёсӣ, ки дар хориҷ аз кишвар ҳастанд. Ин ҳаққашон аст, ки муқовиматро қабул ё рад кунанд. Аммо ягона Ҷабҳае, ки дар дохили Афғонистон алайҳи “Толибон”, ДОИШ ва “Ал-Қоида” муқовимат дорад, дар дохили Афғонистон ҳузури физикӣ дорад, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмад Масъуд аст.”

Садои Амрико: Диди Ҷабҳа барои ояндаи Афғонистон чист?

Алӣ Майсам Назарӣ: “Ҳадаф ва диди мо як Афғонистни мустақил ва озод аст. Аз ҳама муҳимтар, ҳадафи аслии чиҳилсолаи мо, аз ҷумла ҳадафи Аҳмадшоҳи Масъуд ва бузургони дигар, ба мисли Абдулалии Мазорӣ, барқарории адолати иҷтимоӣ буд. Мо барои расидан ба адолати иҷтимоӣ, озодӣ ва истиқлоли комил ба як низоми ғайримутамаркиз ниёз дорем.”

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG