Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин тасвирҳо аз маҳалли паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон

Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯянд, дар пайи ишғол шудани чанд минтақаи наздимарзии Афғонистон аз сӯи Толибон, беш аз ҳазор афғонистонӣ дар қаламрави кишвар паноҳанда шудаанд. Ба гуфтаи мақомот, гурезаҳо бо ҷойи хобу хӯрок таъмин шуда, гуфтугӯҳо бо созмонҳои байнулмилалӣ барои дарёфти кумак идома дорад. Дар як моҳи охир Толибон бештаре аз минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистонро зери назорати худ дароварданд. Маҳалли будубоши паноҳандаҳо дар Тоҷикистон маълум нест, аммо сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Заҳири Ағбар рӯзи 9-уми июл дар Фейсбук чанд аксеро аз шароити нигоҳдории онҳо нашр кард.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG