Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ноҳияи Айнӣ як мошин ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ оташ гирифт. ВИДЕО


Дар ноҳияи Айнӣ, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҳамроҳ бо як мошини боркаш ба коми оташ рафт.
Дар ноҳияи Айнӣ, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҳамроҳ бо як мошини боркаш ба коми оташ рафт.

Дар километри 138-уми роҳи роҳи Душанбе Хуҷанд, дар ноҳияи Айнӣ, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҳамроҳ бо як мошини боркаш ба коми оташ рафтааст.

Ҳодиса нисфирӯзии 1-уми июл дар наздикии деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ рух додааст. Дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Айнӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, “ҳоло сӯхтор пурра бартараф шуд, талафоти ҷонӣ нест”.

Видеоро ин ҷо тамошо кунед:

Сӯхтор дар фурӯшгоҳи маводи сӯхти ноҳияи Айнӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Ба гуфтаи мақомоти милиса, дар ин оташсӯзӣ ягон нафар ҷароҳати вазнин набардоштааст ва кормандони оташнишонӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, сӯхторро хомӯш намуданд. Ба гуфтаи шоҳидон, сӯхтор тақрибан дар як соат хомӯш карда шуд. Ҳоло оташнишонҳо ба ҷустуҷӯи сабаби сар задани сӯхтор ва ҳисоб кардани зиёни молӣ машғуланд.

Дар чанд порча наворе, ки корбарони Радиои Озодӣ ирсол карданд дида мешавад, ки қисме аз нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва мошини боркашон ба коми оташ рафтааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, сӯхтор вақте сар зад, ки зарфи гази моеъро ба мошин бор мекарданду таркиш ба амал омад. Аммо мақомот мегӯянд, сабабҳои аслии сар задани сӯхторро ҳоло таҳқиқ доранд.

Ба гуфаи сокинон, дар чанд соли охир ин бори сеюм аст, ки фурӯшгоҳи сӯзишворӣ, ки дар наздикии хонаҳои сокинони деҳаи Хушекат мебошад, оташ мегирад. Ин таркиш бошандагони деҳаро дар тарсу ҳарос гузошт ва гурӯҳе аз сокинони Хушекат ҷамъ омада, талаб карданд, ки ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ баста ва ба маҳали дуртар аз хонаҳои сокинон кӯчонида шавад.

Аз ноҳияи Айнӣ, аз ҷумла канори деҳи Хушекат ягона роҳи мошингард, ки маркази ҷумҳуриро бо шимол мепайвандад, мегузарад. Аз ин рӯ дар канораҳои роҳ нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва ё таъмиру шустушӯи мошин бунёд шудаст, ки як идда сокинон он ҷо кор мекунанд.

Дар Тоҷикистон ахиран чанд ҳодисаи сӯхтор ва таркиши нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ рух дод.

Дар таркише, ки рӯзи 1-уми майи имсол дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе рух дод, чанд нафар захмӣ шуда, корманди 21-солаи ин фурӯшгоҳ Алексей Рязантсев дар бемористон даргузашт.

Таркиши як мошини ҳомили газ дар ноҳияи Бохтар дар соли 2016 ҳам расонаӣ шуд, ки сабаби марги як нафар ва захмӣ шудани 21 тани дигар гардид.

Мақомот борҳо гуфтаанд, ки бояд тамоми нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ҷойҳои дуртар аз маҳалҳои аҳолинишин бунёд шавад. Огоҳони умур мегӯянд, пешниҳоди кӯчондани нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бо сар задани ҳар як ҳолати сӯхтор ё таркише ба миён меояд, вале баъдан ба фаромӯшӣ супурда мешавад.

XS
SM
MD
LG