Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ 9 нафар захмӣ шуданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Бар асари сӯхтор дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхии вилояти Хатлон 9 нафар ҷароҳат бардоштааст. Мақомот гуфтанд, сӯхтор талафоти ҷонӣ надошт.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳодиса рӯзи 31-уми май дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Сони-С", воқеъ дар деҳаи Зархез, рух додааст. Ба иттилои манбаъ, аввал дар зарфҳои нигаҳдории маводи сӯзишворӣ таркиш ба амал омада, боис ба сар задани сӯхтор гардидааст.

Сабаби таркиши зарфҳои нигаҳдории маводи сӯзишворӣ "корношоям гардидани механизми сарпӯш (клапан)-и ихроҷи ҳавои фишурдашудаи сӯзишвории дар зарф мавҷудбуда" гуфта шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин ҳодиса 9 нафар "ҷароҳатҳои миёна ва сабук" бардоштанд. Миқдори хисороти молии ин ҳодиса то ҳол муайян нашудааст ва мақомот мегӯянд, таҳқиқот идома дорад.

Таркиш дар нуқтаи фурӯши маводи сӯзишворӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳолест, ки рӯзи 20-уми май бар асари садамаи як мошини ҳомили маводи сузишворӣ дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд 2 кас ҷароҳат бардоштанд.

Дар Тоҷикистон солҳои охир ҳодисаи зиёди таркиш дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ рух дода, дар матбуот бозтоб ёфтааст. Бар асари таркише, ки рӯзи 1-уми майи имсол дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе рух дод, наздик ба 30 нафар захмӣ шуда, Алексей Рязантсеви 21-сола дар бемористон даргузашт. Мақомот хабар доданд, ки нисбат ба соҳиби 33-солаи нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ парвандаи ҷиноӣ кушоданд.

Таркиши як мошини ҳомили газ дар ноҳияи Бохтар дар соли 2016 ҳам расонаӣ шуд, ки сабаби марги як нафар ва захмӣ шудани 21 тани дигар гардид.

Ҳар замон мақомот мегӯянд, ки бояд тамоми нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ҷойҳои дуртар аз маҳалҳои аҳолинишин бунёд шавад. Огоҳони умур мегӯянд, пешниҳоди кӯч додани нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бо сар задани ҳар як ҳолати сӯхтор ё таркише ба миён меояд, вале баъдан ба боди фаромӯшӣ супурда мешавад.

XS
SM
MD
LG