Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба бозпурсӣ наомад ё аз кишвар фирор кард? Додраси муттаҳам ба "порагирӣ"-ро ҷустуҷӯ мекунанд


Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Акбар Холиқзода, судя ё додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ба гирифтани "пора" муттаҳам аст, нопадид гашта ва таҳти пайгард ё кофтукоб қарор гирифтааст.

Ду манбаи наздик ба тафтишот ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ба зидди Холиқзода бо қисми 3-и моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ, яъне гирифтани пора парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, ӯ ба шарти “берун нарафтан аз маҳалли иқомат” дар озодӣ буд. Аммо баъдан ба даъвати тафтишот ҳозир нашуда, бо ташаббуси Додгоҳи олӣ зери пайгард қарор гирифт. Назари худи Холиқзода ва наздиконаш дар ин робита дастрас нест.

Дар Тоҷикистон феҳристи ягонаи шахсони мавриди ҷустуҷӯ дар ихтиёри Вазорати корҳои дохилӣ аст. Дар Вазорати корҳои дохилӣ низ гуфтанд, номи Холиқзода Акбар Ризо, сокини 40-солаи шаҳри Бӯстон, дар феҳристи шахсони мавриди кофтукоб ҷой дода шудааст.

Акбар Холиқзода рӯзи 18-уми ноябри соли гузашта бо фармони президенти Тоҷикистон аз мақомаш барканор шуд. Таъйин ва барканории судяҳо дар ҳамаи зинаҳо салоҳияти танҳо раисиҷумҳури Тоҷикистон аст.

Дар матни фармон гуфта мешавад, додраси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинобар “содир кардани кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мезанад”, аз вазифа озод карда шавад. Чунин шарҳ одатан дар мавридҳое зикр мешавад, ки додрасҳо ришва мегиранд. Ба навиштаи Хадамоти матбуоти раисҷумҳур, дар даҳ соли гузашта дар Тоҷикистон 25 додрас барои "ҷиноятҳои коррупсионӣ" дастгир ё зиндонӣ шудаанд.

Соли 2018 даҳ корманди додгоҳҳо, аз ҷумла додрасҳоро бо гуноҳи “риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо” ва “кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мезанад” аз мақом барканор кардаанд. Ба ин формулбандӣ додрасҳое, ки ришва гирифтаву ҳангоми доду гирифт ба даст меафтанд, аз вазифа барканор мешаванд.

Холиқзода ҳанӯз моҳи октябри соли гузашта аз сӯи кормандони Оҷонси мубориза бо коррупсия “ҳангоми гирифтани беш аз 28 ҳазор сомонӣ (2700 доллар) пора "ба даст афтодааст". Он замон гуфта мешуд, Холиқзода аз як даъвогарии молу мулк барои ба фоидаи ӯ ҳал кардани парванда ришва хостааст.

Худи Акбар Холиқзода ва вакилони дифои ӯ он замон нахостанд ба Радиои Озодӣ дар бораи ин айбнома изҳори назар кунанд. Акнун мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд ӯ аз кишвар фирор кардааст.

Иззат Амон, ҳуқуқшиноси тоҷик
Иззат Амон, ҳуқуқшиноси тоҷик

Иззат Амон, ҳуқуқшиноси тоҷик, мегӯяд, як шахсе, ки зери тафтишот қарор дорад, бе муосидати мақомоти қудратӣ наметавонанд фирор кунад.

“Дар Тоҷикистон ҳар коре имкон дорад, аз ҷумла бо додани пора. Чун аксари мансабҳо дар идораҳои муҳими давлатӣ хариду фурӯш мешаванд, ҳатто як ауксиони ғайрирасмӣ вуҷуд дорад. Нархи вазифаҳо аз қабл маълум аст. Бино бар ин, вақте шахс вазифаро мехарад, вай, албатта, талош мекунад, ки пули додаашро дучанд бароварда созад. Судяҳо ҳам аз ин миён истисно нестанд”, -- иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, додрасҳои собиқ мегӯянд, музди ками кормандони додгоҳҳо аз ҷумла додрасҳоро дар баробари "ришва" осебпазир мекунад. Ба навиштаи Кумисюни байналмилалии ҳуқуқшиносон, додрасҳо дар Тоҷикистон 1600 сомонӣ (160 доллар) ва додрасҳои Додгоҳи олӣ бо назардошти собиқаи кор 4500 сомонӣ (450 доллар), додрасҳои Додгоҳи ҳарбӣ 6200 сомонӣ (620 доллар) маош мегиранд.

Кумисюни байналмилалии ҳуқуқшиносон мегӯяд, ин миқдор маош "истиқлоли молиявии додрасҳоро кафолат дода наметавонад" ва маоши ками додрасҳо "барои коррупсия замина фаоҳам мекунад". Бино бар ин, ба мушоҳидаи масъулони созмон, "маоши кам" бо зиндагии серу пури баъзе аз додрасҳо "ҳамхонӣ надорад".

Манучеҳр Қудратов, ҳуқуқшинос ва пажӯҳишгари тоҷик
Манучеҳр Қудратов, ҳуқуқшинос ва пажӯҳишгари тоҷик

Манучеҳр Қудратов, ҳуқуқшинос ва пажӯҳишгари тоҷик дар яке аз донишгоҳҳои Олмон, мегӯяд, дар бораи сабабҳои ба коррупсия даст задани кормандони додгоҳҳо маълумоти дақиқ ва боварибахш дар даст нест, чун ба гуфтаи ӯ гузаронидани пурсишҳо ва ё тадқиқот дар ин соҳа имконнопазир мебошад.

Қудратов афзуд, “барои ислоҳи ин вазъият ҳукумати Тоҷикистон як силсила корҳоро ба нақша гирифт, аммо аксари онҳо дар рӯи коғаз монданд ва ё қисман амалӣ гардонида шуданд. Агар ҳукумати ҷумҳурӣ Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистонро амалӣ намояд ва инчунин машваратҳои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд оид ба пешгирии коррупсияро дар амал татбиқ кунад, боварии комил дорам, ки дар як муҳлати кӯтоҳ вазъият рӯ ба беҳбуд меорад”.

Фирори додрас аз тафтишот дар Тоҷикистон собиқа надорад, аммо дар гузашта Абдусамад Маннонзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ба гирифтани 144 ҳазор доллар пора ва як мошини тамғаи Toyota гунаҳкор мешуд, аз тафтишот рӯ ба гурез ниҳода буд. Мақомот соли 2019 ӯро низ дар пайгарди расмӣ қарор доданд.

Ҳамин гуна сармоядор Низом Ҷӯраев низ, ки бо айбномаи «ташкили иттиҳоди ҷиноӣ» боздошт шуда буд, соли 2014 ба таври мармуз тавонист, фирор кунад. Танҳо соли 2018 ӯ дар Украина пайдо шуда, баъди чанд рӯзи боздошт раҳо гашт. Бино бар хабарҳо, ҳоло дар Дубай ба сар мебарад.

Дар Тоҷикистон беш аз 450 додрас кор мекунанд ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва созмонҳои байналмилалии дигар гуфтаанд, низоми додгоҳӣ пойбанди ҳукумати иҷроия буда, мустақил нест.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG