Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон як додраси тоҷикро аз кор рондааст. Зоҳиран барои ришва


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон яке аз додрасҳо дар вилояти Суғд дар шимоли кишварро аз кор рондааст. Дар фармони раиси ҷумҳур, ки рӯзи 18-уми ноябр содир шудааст, омадааст, ки Акбар Холиқзода, додраси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинобар “содир кардани кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мезанад” аз вазифа озод карда шавад.

Дар фармонҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон доир ба барканории додрасҳо ҳеч ҷузъиёт наменависанд, вале як манбаи огоҳ моҳи октябр ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки Акбар Холиқзода аз сӯи кормандони Оҷонсии мубориза бо коррупсия “ҳангоми гирифтани беш аз 28 ҳазор сомонӣ (2700 доллар) пора "ба даст афтодааст".

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, Холиқзода аз як тарафи даъво барои молу мулк ришва хостааст. Назари вакили дифои Акбар Холиқзода маълум нест.

Соли 2018 10 корманди додгоҳҳо, аз ҷумла додрасҳоро бо гуноҳи “риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо” ва “кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мезанад” аз мақом барканор кардаанд.

Дар даҳ соли гузашта ба гуфтаи худ раиси ҷумҳури Тоҷикистон 25 додрас барои "ҷиноятҳои коррупсионӣ" дастгир ва ё зиндонӣ шудаанд. Дар Тоҷикистон беш аз 450 додрас кор мекунанд ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва созмонҳои байналмилалии дигар гуфтаанд, низоми додгоҳӣ пойбанди ҳукумати иҷроия буда, мустақил нест.

Аз дигар тараф ба гуфтаи додрасҳои собиқ, музди ками кормандони додгоҳҳо аз ҷумла додрасҳоро дар баробари "ришва" осебпазир мекунад.

XS
SM
MD
LG