Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо додрас барканор ва дубора ба мансабҳои нав таъйин шуданд. САДО


Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо додрасҳо. Рӯзи 7-уми феврали 2020

Беш аз 90 додраси додгоҳҳои Тоҷикистон аз мақомҳои худ барканор шуда, бархе дубора ба кор дар ноҳияҳои дигар пазируфта шудаанд ва баъзе соҳиби мансабҳои баландтар дар ин соҳа гардиданд. Мақомот мегӯянд, рӯзи 7-уми феврал беш аз 50 хатмкардаи донишгоҳҳоро низ ба ҳайси додрас ба кор гирифтанд. Ҷойивазкунии кадрҳо дар низоми додгоҳии Тоҷикистон дар ҳоле сурат гирифт, ки охири соли гузашта президент Раҳмон аз боздошту зиндонӣ шудани ​25 додраси додгоҳҳои кишвар бо "ҷиноятҳои коррупсионӣ" нигаронӣ карда буд. Баъзе аз додрасҳои собиқ мегӯянд, то замоне ки маоши додрасҳо ба сатҳи зарурӣ боло бурда нашавад, вазъ тағйир намеёбад.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон сабаби ҷойивазкунии даҳҳо додрасро шарҳ надодаанд. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон дар хабарномаи рӯзи 7-уми феврал навишт, дар ҷараёни суҳбат бо додрасҳо раиси ҷумҳур ба мубориза ба зидди "амалҳои коррупсионӣ” таъкид кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, "ба ҷиноятҳои коррупсионӣ даст задани судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо камбудии аз ҳама ҷиддӣ ва ташвишовар дар фаъолияти мақомоти судӣ мебошад."

Айни чунин ҳарфҳо дар мулоқоти президенти Тоҷикистон бо додрасҳо дар моҳи ноябри соли 2019 низ садо дода буд. Баъди ҳамагӣ як моҳи ин мулоқот ду додраси шаҳри Гулистон дар вилояти Суғд бо гумони гирифтани пора ва ё ришваситонӣ дастгир шуданд.

Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, узви Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси Намояндагон, рӯзи 7-уми феврал гуфт, фасодкорӣ дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон мушоҳида мешавад ва Тоҷикистон низ истисно нест.

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони ғайридавлатии "Перспектива Плюс" ва собиқ довталаби курсии президенти Тоҷикистон, ба ин назар аст, ки бо иваз кардани ҳамаи додрасҳои кишвар низ мушкили фасод дар ин низомро наметавон пурра аз байн бурд. Зеро, ба ақидаи Бобоназарова, "мушкил дар низоми давлатдорӣ аст. Вақте дар додситонӣ ва милитсия фасодкорӣ мекунанд, магар додрас метавонад дар канор бошад? Гузашта аз ин, судя маоши ночизе мегирад ва барои таъмини зиндагониаш ночор мешавад ришваситонӣ кунад. Боз ҳам ба такрор мегӯям, мушкил дар низоми давлатдорӣ аст, ки ҳамаи ҷанбаҳои онро фасодкорӣ забт кардааст."

Раҳматилло Зоиров, роҳбари Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ва номзад ба мақоми вакили порлумон, дар шарҳи ин мавзӯъ гуфт, тибқи мушоҳидаҳояш ҳоло дар низоми додгоҳии кишвар дар баррасии аксар парвандаҳо амалҳои фасодкорӣ мушоҳида мешавад.

Ӯ афзуд, "мафҳуми коррупсия ин аст, ки дар ҷараёни он ҳатман як корманди давлатӣ – намояндаи додситонӣ, милитсия ё додгоҳ ва одамони оддӣ ширкат мекунанд. Коррупсия танҳо ба маънии додани маблағ нест, он метавонад бар ивази хидмат ё туҳфае низ сурат гирифта бошад."

Дар раддабандии нави Форуми байналмилалии иқтисодӣ, Тоҷикистон дар қатори 20 кишвари аз ҳама фасодзадаи дунё ҷо гирифтааст. Мақомот вуҷуди фасодро дар кишвар тасдиқ мекунанд, аммо мегӯянд, вазъ ба он ҳадде бад нест, ки созмонҳо тасвир мекунанд.

Ҷойивазкунии даҳҳо додраси тоҷик чӣ маъно дорад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:57 0:00
Линки мустақим

Додрасҳо дар Тоҷикистон аз ҳаққи дахлнопазирӣ бархурдоранд ва боздошту кофтукоби хонаи онҳо бидуни соқит кардани дахлнопазириашон мумкин нест. Ба истиснои ҳолатҳое, ки онҳоро дар айни содир кардани ҷиноят дастгир кунанд.

Дар Тоҷикистон беш аз 450 додрас кор мекунанд ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ва созмонҳои байналмилалии дигар гуфтаанд, низоми додгоҳӣ пойбанди ҳукумати иҷроия буда ва мустақил нест.

Танҳо дар соли 2018 тақрибан даҳ корманди додгоҳҳои кишвар бо гуноҳи “риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо” ва “содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мезанад” аз мақомҳои худ барканор шудаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (10)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG