Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти "кирдори" ду додрасе, ки Эмомалӣ Раҳмон барканор кард


Оҷонси мубориза бо коррупсия ба зидди ду додраси шаҳри Гулистон дар вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ҳарду додрас ба гирифтани пора ва ё ришваситонӣ муттаҳам мешаванд. Ба гуфтаи ду манбаъи наздик ба тафтишот, додрасҳо рӯзи 13-уми декабр ҳангоми гирифтани ришва дар утоқи корӣ дар бинои додгоҳ боздошт шуданд.

Ба қавли мусоҳибони Радиои Озодӣ, ки нахостанд, номашон бурда шавад, ҳангоми ришва гирифтан, Абдухалил Раҷабов корманди дастгоҳи Додгоҳи олии Тоҷикистон низ ҳузур доштааст. Муфаттишон барои судури амри боздошти ӯ ҳам ба додгоҳ муроҷиат кардаанд, вале иттиҳоми ӯ ба Радиои Озодӣ маълум нест.

Додрасҳои боздоштшуда Наргис Ёдгорзода, раиси додгоҳи Гулистон ва додраси ҳамин додгоҳ Муродбек Насриддинзода рӯзи 19-уми декабр бо фармони президент аз мақом барканор шуданд. Дар ин фармон омадааст, “додрасҳо барои кирдоре, ки шаъну эътибори додрасҳоро паст мезанад”, барканор карда шудаанд. Дар гузашта ҳам пас аз ошкор шудани ришвахорӣ раиси ҷумҳури Тоҷикистон додрасҳоро аз кор ронда буд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи сабаби барканории ҳарду додрас то кунун иттилое надоданд, аммо ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, ки аз ҷузъиёти қазия огоҳанд гуфтанд, додрасҳоро кормандони оҷонсӣ ҳангоми гирифтани 2 ҳазор доллар дар утоқи кориашон боздошт кардаанд.

Ба қавли мусоҳибони мо, додрасҳо барои ба нафъи як сокини Гулистон ҳал кардани даъво дар бораи хона ришва талаб кардаанд. Муфаттишони Оҷонсии мубориза бо коррупсия ба далели идомаи тафтишот аз ифшои номи ин нафар худдорӣ меварзанд. Мусоҳибони Радиои Озодӣ гуфтанд, пас аз арзи сокин ба оҷонсӣ, маъмурони оҷонсӣ ба ӯ пулҳои аломатгузоришуда додаанд, то барои боздошти муттаҳамон ба ҷиноят далели собит дошта бошанд.

Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, ҳарду додрас айни гирифтани ҳамин пулҳо дастгир шуданд: “Кормандони Агентии мубориза бо коррупсия ҳудудан соати 13:30 Наргис Ёдгорзода ва Муродбек Насриддинзодаро ҳангоми гирифтани 2 ҳазор доллар пора боздошт карданд.”

Додрасҳо дар Тоҷикистон аз ҳаққи масуният ва ё дахлнопазирӣ бархурдоранд ва боздошту кофтукоби хонаи онҳо бидуни соқит кардани дахлнопазириашон мумкин нест. Ба истиснои ҳолатҳое, ки онҳоро дар айни содир кардани ҷиноят дастгир кунанд. Оҷонси мубориза бо коррупсия нисбати додрасон ва корманди Додгоҳи олӣ бо моддаи 319- и Кодекси ҷиноӣ ва ё “гирифтани пора” парванда боз кардааст. Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, пас аз боз шудани парванда Наргис Ёдгорзодаро бо шарти “берун нарафтан аз маҳалли истиқомат” озод кардаанд ва Муродбек Насриддинзода дар боздошт қарор доштааст. Тафтишот имрӯз ҳамчунин барои содир кардани амри боздошти Абдухалил Раҷабов ба додгоҳ дархост фиристодааст.

Пас аз се ҳафтаи мулоқот бо президент

Додрасҳои Гулистон ва корманди Додгоҳи олӣ дар ҳоле ба пораситонӣ айбдор мешаванд, ки се ҳафта пеш раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо додрасҳо ва кормандони додгоҳҳо мулоқоти вижа дошт. Ӯ дар ин мулоқот аз додрасҳо хост аз ришваситонӣ парҳез кунанд ва парвандаҳоро одилона ва бар асоси қонун баррасӣ намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот дар поёни моҳи ноябр аз ҷумла гуфт: “Ҳар яке шуморо дар вақти сӯҳбати ба вазифа таъйин кардан, ман таъкид мекунам, ки агар мансаби судягӣ танҳо барои қонеъ кардани дағал ҳам шавад, нафси бади худ бошад, хубаш дар ҳамин система кор накунед! Соҳибкорӣ кунед, тиҷорат кунед, бой шавед равед.” Ба гуфтаи ӯ, дар даҳ соли гузашта 25 додрас ба гуноҳи ришватхорӣ аз вазифа барканор ва 16 тани онҳо ба зиндон маҳкум шуданд.

Коршиносон мегӯянд, то замоне, ки музди кори додрасҳоро зиёд накунанд, ин гуна даъвату таъкидҳо чандон самар нахоҳанд дошт. Ватан Абдураҳмонов, додраси собиқадори тоҷик, дар як суҳбати қаблӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, то замоне ки додрасҳо маоши кам мегиранд ва он барои пешбурди зиндагӣ кофӣ нест, мушкили коррупсия мемонад: “Ҳоло судяҳои мо 1500-2000 сомонӣ маош мегиранд, зану фарзанд доранд, бояд хӯронанду пӯшонанд. Мо судяҳоро дар шароити ногуворе мондаем, ки пора гиранд."

Дар Тоҷикистон 450 додрас кор мекунанд ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ва созмонҳои байналмилалии дигар гуфтаанд, низоми додгоҳӣ пойбанди ҳукумати иҷроия буда ва мустақил нест.

Шоҳиди ҳодисае шудед, манзараи ҷолиберо дидед ва ё хабари муҳим шунидед? Аз роҳи осон ва амн бо рақами Телеграми мо +420 724 053 959 фиристед. Ба канали Телеграми мо ҳамроҳ шавед.

Шарҳҳоро бинед (13)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG