Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафтишот: Хонаи додраси Панҷро қасдан оташ заданд


Идораи оташнишонии вилояти Хатлон тасдиқ кард, ки сӯхтори хонаи додраси Додгоҳи ноҳияи Панҷ Тоҷиддин Қурбониён, ки моҳи июн расман ба гирифтани ришва муттаҳам ва аз вазифа сабукдӯш шуд, қасдан оташ зада шуд ва дар ин робита парвандаи ҷиноӣ боз гардид.

Садриддин Султонов, иҷрокунандаи сардори Идораи оташнишонии вилояти Хатлон рӯзи 18 июл дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа гуфт, ки сӯхтор дар хонаи Тоҷиддин Қурбониён, додраси додгоҳи ноҳияи Панҷ қасдан сурат гирифтааст. Аз рӯи ин ҳодиса бар асоси моддаи 255-и Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон, яъне “қасдан несту

Тоҷиддин Қурбониён дар чанд ҳолати гирифтани ришва муттаҳам мешавад, аммо дар ҳолати ахир аз ӯ 10 ҳазор сомонӣ ё каме беш аз ҳазор доллар гирифта шудааст

нобуд ё вайрон кардани амвол” парвандаи ҷиноӣ боз шуда, вале ҳанӯз ҳеҷ нафаре бо гумони анҷоми ин ҷиноят боздошт нашудааст.

Садриддин Султонов гуфт, ки тафтишоти ҳодиса идома дорад. Ӯ гуфт, ки зарари молии дар натиҷаи сӯхтори 5 метри квадратӣ сӯхта тахминан 10 ҳазор сомонӣ (1200 доллари амрикоӣ) арзёбӣ шудааст. Ин ниҳод мегӯяд, ки дар сӯхтори хонаи Тоҷиддин Қурбониён чанд ашёи хона бурда шудааст ва ҳоло тафтишот ҳамаи ҷузъиёти ин ҳодисаро таҳқиқ мекунад. Вай гуфт, ки ҳанӯз тафтиш ба охир нарасидааст. Аз ин пеш вуқӯи сӯхтор дар манзили додраси собиқро мақомоти ноҳияи Панҷ ҳам тасдиқ карданд, вале тафсилоти он маълум набуд.

Тибқи иттилои расмӣ сухторе, ки қасдан сурат гирифтааст, рӯзи 22–уми июн, ҳамон рӯзе, ки бо фармони президент Қурбониён аз вазифааш барканор шуд, рух додааст. Тоҷиддин Қурбониён, додраси Додгоҳи ноҳияи Панҷ, расман ба гирифтани ришва муттаҳам шуд. Мақомоти Додгоҳи вилояти Хатлон гуфтанд, ки алайҳи Қурбониён бар асоси моддаи 319-и қонуни ҷиноӣ, яъне "гирифтани пора аз ҷониби афроди мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав дар намуди пул ва коғазҳои қиматнок" парванда боз шуда, худи ӯ ба шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат дар озодист.

Дар Идораи мубориза бо фасоди вилояти Хатлон гуфтанд, ки баъди боздошти кӯтоҳмуддати Қурбониён мақомоти ӯро ба шарти тарк накардани маҳалли зисташ раҳо карданд. Як манбаъ дар ин ниҳод рӯзи 14-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷиддин Қурбониён дар чанд ҳолати гирифтани ришва муттаҳам мешавад, аммо дар ҳолати ахир аз ӯ 10 ҳазор сомонӣ ё каме беш аз ҳазор доллар гирифта шудааст.

Рустам Мирзозода, раиси додгоҳи вилояти Хатлон, низ рӯзи 13-уми июл дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа гуфт, тафтиши қазияи Қурбониён идома дорад ва дар сурати ниҳоӣ шудан дар тарозуи додгоҳ гузошта хоҳад шуд. Ин нахустин тасдиқ ва шарҳи расмӣ дар бораи қазияи муттаҳам ба фасод шудани Тоҷиддин Қурбониён аст.

Ду ҳафта пеш раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо як фармони худ Тоҷиддин Қурбониёнро “ба далели риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо ва содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мезанад” аз мақоми додраси Додгоҳи ноҳияи Панҷ озод кард. Вале дар ин фармон дақиқ гуфта нашуда буд, ки ӯ дар фасоди молӣ даст дорад.

Қазияи боздошти Искандар Саидзода бо иттиҳоми ришвахорӣ дар ТВ-т давлатӣ ба намоиш даромад
Қазияи боздошти Искандар Саидзода бо иттиҳоми ришвахорӣ дар ТВ-т давлатӣ ба намоиш даромад

Худи Тоҷиддин Қурбониён рӯзи 14 июл ба занги телефонии Радиои Озодӣ ҷавоб дод, аммо гуфт, ба сабаби беморӣ наметавонад дар бораи қазияаш суҳбат кунад. Ӯ аз ин бештар ҳарф назад ва ҳам нагуфт, ки оё ин иттиҳом нисбат ба ӯ то куҷо ҳақиқат дорад ва барои бозбиниаш талош хоҳад кард, ё не.

Судяҳо дар гузашта ҳам боздошт шудаанд

Дар гузашта низ чандин ҳолатҳои барканор кардани судяҳо барои риоя накардани қонун, аз мақомашон иттифоқ афтода буд. Аз ҷумла, соли гузашта раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Хуршед Сангинзода ва додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ Искандар Саидзодаро барои ришваситонӣ аз мақомҳояшон барканор карда буд.​

Бинои Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон

Мақомот гуфта буданд, ки Искандар Саидзода – додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакиро бо иттиҳоми гирифтани 111 ҳазор доллар пора дастгир кардаанд. Ӯ дар ивази ришва нисбат ба ду нафар ҷазои ғайриҳабсӣ, яъне ҷаримаро татбиқ кардааст. Саидзода моҳи октябри соли гузашта ба 11 соли зиндон маҳкум шуд.

Ҳоло дар Тоҷикистон наздик ба 500 додрас фаъолият доранд.

Тоҷикистон дар гузоришҳои байналмилалӣ дар радифи кишварҳои фасодзадатарин номбар шуда, барои он интиқод мешавад, ки дар роҳи мубориза бо фасод танҳо бо таъқиби “моҳичаҳои хурд”-е, чун омӯзгорону табибон ё кормандони ҷамоатҳову коммисариатҳои низомӣ маҳдуд шуда, мансабдорони баландпоя ва бонуфузашро кор намегирад.

Дар соли 2007 дар Тоҷикистон ба хотири тақвияти мубориза бо фасод Оҷонсии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод ташкил шуд. Ҳоло, бино ба хабарҳо, ҳафт корманди ин ниҳод, аз ҷумла бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуда, тафсилоти бештари қазияашон ошкор нашудааст.

Дар яке аз нишастҳои Шӯрои амнияти Тоҷикистон соли 2016 президент Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори ташвиш аз баланд будани мизони ришвахорӣ дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳам додгоҳҳои кишвар гуфт, дар давоми панҷ соли гузашта дар нисбати 1200 додрас, муфаттиш, кормандони умури дохилӣ ва амнияту дигар масъулини ҳифзи қонун дар кишвар барои ришвахорӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Гузорише, ки он замон бо ширкати СММ таҳия шуда буд, кормандони ҳифзи қонунро дар панҷгонаи "фасодзадатарин" сохторҳо дар Тоҷикистон ворид кард.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG