Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ аз мақомаш барканор шуд


Раиси Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 17-уми июл, баъди ҳамагӣ панҷ моҳи кор, аз мақомаш барканор гардид. Дар фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфта шудааст, ки Исмоил Мирмахсумиён “бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо” аз кор ронда шуд.

Мирмахсумиён дар гузашта дар вазифаи муовини раиси Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур кор мекард ва моҳи феврали имсол раиси Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ таъин шуда буд.

Рӯзи душанбе раиси Додгоҳи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва муовини аввали раиси Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ аз кор озод шуданд. Дар шарҳи фармони онҳо гуфта шудааст, ки Раҳмон Содиқзода ва Мошариф Раҳмонзода “бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан” озод карда шаванд.

Ҳафтаи гузашта Дӯстмурод Илёсзода низ аз вазифаи раиси додгоҳи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд барканор шуд, вале далели ин барканорӣ маълум нест.

Аз он пештар Тоҷиддин Қурбониён, додраси Додгоҳи ноҳияи Панҷ, низ аз мақомаш барканор шуда ва мақомот гуфтанд, ки ӯ ба гирифтани ришва муттаҳам аст. Ӯ ба шарти аз маҳалли берун нарафтан аз маҳалли иқомат дар озодӣ ба сар мебарад ва таҳқиқи парвандааш идома дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG