Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қозӣ Искандар Саидзода 11 сол зиндонӣ шуд


Искандар Тӯйчӣ Саидзода. Акс аз вейбсати Оҷонсии мубориза бо фасод
Искандар Тӯйчӣ Саидзода. Акс аз вейбсати Оҷонсии мубориза бо фасод

Искандар Тӯйчӣ Саидзода – додраси собиқи додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ – ба ҷурми гирифтани 111 ҳазор доллар пора ба 11 соли зиндон маҳкум шудааст. Як манбаи муътамад дар Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 8 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми Саидзодаро ҳафтаи гузашта бар асоси моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ (гирифтани пора ба маблағи калон ва бо истифода аз мақоми давлатӣ) содир кардаанд. Додгоҳ мегӯяд, Саидзода ҳангоми додрас будан дар ивази ришва нисбат ба ду нафар ҷазои ғайриҳабсӣ, яъне ҷаримаро татбиқ карда буд.

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон рӯзи 24 июни имсол хабар дод, ки алайҳи Искандар Тӯйчӣ Саидзода, додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ, бо иттиҳоми гирифтани 111 ҳазор доллар пора парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Моҳи август раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо фармони худ Искандар Саидзода – додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакиро барои риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо ва содир намудани кирдорҳое, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифа озод кард.

Бино ба ин манбаъ, Саидзода моҳи апрел як парвандаи аз сӯи Оҷонсии зиддифасод бо иттиҳоми қаллобӣ анҷомшударо барои муҳокима гирифта, “бо ваъдаи пуштибонии умумӣ дар раванди баррасии судии парвандаи ҷиноятӣ, дар утоқи кории худ, аз судшавандагон "А" ва "Б" аввал 2500 доллар шахсан ба сифати пора талаб намуда, худи ҳамон рӯз ин маблағро аз номбурдагон гирифт.”

Додраси парванда ҳамин тавр, дар муддати ду ҳафтаи аввал бо ваъдаи кумак дар баррасии қазияи онҳо аз ин ду нафар, ки Оҷонсии зиддифасод дар гузориши худ танҳо “А” ва “Б” номашон бурдааст, як дафъа 2000 ва бори дувум 5000, дар маҷмӯъ 7 000 доллар мегирад.

Дафтари матбуоти Оҷонсии зиддифасод гуфта буд, "инчунин, тахминан аввалҳои моҳи апрели соли 2016, судя Саидзода Искандар Туйчӣ зимни баррасии ҳамин парвандаи ҷиноятӣ, кирдорҳои қасдонаи ҷинояткоронаи худро идома дода, зери таҳдиди таъини ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маблағи 50000 доллари амрикоиро дар утоқи кории худ аз судшавандагон "А" ва "Б" шахсан ба сифати пора талаб намуд.”

Саидзода, ба гуфтаи тафтишот ин 50 ҳазорро дар ду навбат – бори аввал 40 ҳазору бори дувум 10 ҳазор долларо дар утоқи кориаш дар бинои додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ аз “А” ва “Б” гирифта, дар иваз рӯзи 19 май онҳоро ба “ҷазои ғайриҳабсӣ, яъне ҷазо дар намуди ҷарима” маҳкум кардааст.

Искандар Саидзода, ҳамин тавр, аз ҳамин ду нафар – “А” ва “Б”, ки Оҷонсии зиддифасод алайҳашон боз як парвандаи дигар дошт, бо ваъдаи айни ҷазои ғайриҳабсӣ боз 50 000 доллари дигар талаб кардааст. Дар ҳар сурат, рӯзи 17 июн вақте додрас Искандар Саидзода мехост 50 ҳазори дуюмро аз “А” ва “Б” бигирад, аз ҷониби маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасод дастгир шуд.

Моҳи август раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо фармони худ Искандар Саидзода – додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакиро барои риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо ва содир намудани кирдорҳое, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифа озод кард. Қабл аз он, Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфта буд, ки ба далели доштани бемории саратон Искандар Саидзода ба шарти аз маҳалли зист берун нарафтан аз боздошт раҳо шудааст.

Ҳоло дар Тоҷикистон наздик ба 500 додрас фаъолият доранд.

Тоҷикистон дар гузоришҳои байналмилалӣ дар радифи кишварҳои фасодзадатарин номбар шуда, барои он интиқод мешавад, ки дар роҳи мубориза бо фасод танҳо бо таъқиби “моҳичаҳои хурд”-е, чун омӯзгорону табибон ё кормандони ҷамоатҳову коммисариатҳои низомӣ маҳдуд шуда, мансабдорони баландпоя ва бонуфузашро кор намегирад.

Дар соли 2007 дар Тоҷикистон ба хотири тақвияти мубориза бо фасод Оҷонсии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод ташкил шуд. Аз моҳи марти соли 2015 ба ин Оҷонсӣ Рустами Эмомалӣ – писари калонии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раҳбарӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG