Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

300 000 сомонӣ ва ордени Шараф ба Дилшод Назаров. АКС, ВИДЕО


Дилшод Назаров
Дилшод Назаров

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба Дилшод Назаров, барандаи медали тиллои Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро, 300 ҳазор сомонӣ туҳфа ва ордени Шараф, дараҷаи 1-ро супурд. Ин гурзандози маъруф моҳи августи соли гузашта бо медали Шараф, дараҷаи дувум сарфароз шуда буд.

Дилшод Назаров шоми 26-уми август ба Душанбе омад ва суҳбаташ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Миллат ҷараён гирифт. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ, оқои Раҳмон ба Дилшод Назаров "барои хизматҳои бузургаш дар муарифии бештари давлату миллати тоҷик ва баланд бардоштани шарафи варзишии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ" изҳори сипос кардааст.

Ӯ гуфтааст, "ба медали тиллоии мусобиқоти ҷаҳонӣ ноил шудани Дилшод Назаров дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар руйдоди фараҳбахшу беназир буда, Тоҷикистонро машҳури ҷаҳон гардонид".

Дилшод: Ба ваъдаи додаам вафо кардам

Дилшод Назаров баъди анҷоми Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро аввал ба Франкфурти Олмон ва аз онҷо ба Маскав расида, сипас, ба Душанбе омадааст. Вай дар лаҳзаҳои аввали расидан ба пойтахт гуфт, ба ваъдаи додааш вафо кард ва аз ин хушҳол аст.

"Ман ба Шумо ваъда додам, ки бо медал бармегардам ва ба ваъдаи додаам вафо кардам. Ин пирӯзии натанҳо ман, балки ғалабаи ҳамаи мардуми Тоҷикистон аст. Бе пуштибонии Шумо ва бе ҳимояти раисиҷумҳур наметавонистам ба ин пирӯзӣ даст ёбам," - афзуд ӯ.

Ба пешвози ӯ ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе садҳо нафар, аз ҷумла Рустами Эмомалӣ – раҳбари Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва писари раисиҷумҳури Тоҷикистон омада буданд. Дар канори Дилшод, инчунин, Абдуҷаббор Раҳмонзода, мушовири раисиҷумҳур ва Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ низ ҳузур доштанд.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Дилшод Назаров: Ин ғалабаи ҳамаи мост
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:43 0:00

Дилшод баъди лаҳзаҳои аз дохили фурудгоҳ берун омадан бо шодбоши сокинон рӯ ба рӯ шуд ва аксарият ӯро бо нидои "қаҳрамон" ва "ифтихори миллат" пешвоз гирифтанд.

Дилшод Назаров рӯзи 20-уми август дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ бо партоби гурз ба масофаи 78 метру 68 сантиметр мақоми аввалро ба даст овард ва дар тӯли 24 соли охир нахустин медали тиллоро ба Тоҷикистон ҳадя кард.

Бахши ниҳоии шодбошиҳо бо консерти бошукӯҳе дар бинои "Амфитеатр"-и Душанбе ба анҷом расид.

ДИЛШОД НАЗАРОВ

​6-уми майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Рекорди инфиродиаш дар гурзандозӣ 80,71 метр аст.

Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (2001) ва Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон (2006) мебошад.

Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Мураббиёнаш модараш Зайтуна Назарова, баъдан Юрий Пискунов (Украина) ва феълан Владимир Машко (Ҷумҳурии Чех) мебошанд.

Соли 2015 бо Ордени Шараф дараҷаи II мукофотонида шудааст.

Ӯ барандаи медали нуқраи мусобиқоти қарамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006 (Доҳа, Қатар), 2010 (Гуанҷоу, Чин) ва 2014 (Инчон, Кореяи Ҷанубӣ), қаҳрамони секаратаи Осиё дар солҳои 2009 (Гуанҷоу, Чин), 2013 (Пуна, Ҳиндустон), 2015 (Ухан, Чин) мебошад.

Дар Олимпиадаи соли 2008-ум дар Пекин (Чин) ҷойи 11-ум, дар Олимпиадаи соли 2012-ум дар Лондон (Англия) ҷойи 10-умро гирифтааст.

Дилшод Назаров ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ (Душанбе, 2003),
барандаи медали нуқраи Бозиҳои Африқову Осиё (Ҳиндустон, 2003),
ғолиби Бозиҳои I исломӣ (Арабистони Саудӣ, 2005) ва ғолибу ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалист.

Оиладор аст, ду фарзанд – як писару як духтар дорад

XS
SM
MD
LG