Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як додраси додгоҳи Ҳисор 7 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи олии Тоҷикистон як додраси шаҳри Ҳисорро барои фасодкорӣ ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Додрас Дилшод Искандарзода, моҳи январи соли равон барои "риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо", аз мақомаш озод ва ахиран равонаи зиндон шуд.

Як мақом дар Додгоҳи олӣ рӯзи 9-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми додгоҳ дар нисбати Дилшод Искандарзода аллакай ҳукми иҷро гирифтааст. Ба қавли манбаъ, алайҳи Дилшод Искандарзода баъди барканор бо моддаи 319 қисми 4 ё гирифтани пора "аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурўҳи муташаккил", парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд. Аммо манбаъ мегӯяд, додгоҳ дар нисбати Искандарзода камтарин мӯҳлати ҷазои пешбинишударо таин кард.

Дилшод Искандарзода ягон додрасе нест, ки барои нақзи қонун ва содир кардани ҷиноят аз мақом барканормешавад. Ахиран Икром Ҷумазода, раиси додгоҳи ноҳияи Айнӣ низ барои фасодкорӣ аз мақом озод ва боздошт гардид.

Тайи як соли ахир тақрибан даҳ додраси додгоҳҳои кишвар бо айни чунин иттиҳом аз кор ронда ва ба баъзеи онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Бархе аз таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, барканории баъзе аз додрасҳо бо сабаби нақзи қонун эътимоди бе ин ҳам то ҳадде костаи мардум ба адолати додгоҳӣ дар кишварро камтар хоҳад кард.

Ҳоло дар Тоҷикистон наздик ба 500 додрас фаъолият доранд.

XS
SM
MD
LG