Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси додгоҳи Айнӣ ба гирифтани 15000 сомонӣ ришва муттаҳам аст


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Шараф Турсунзода, раиси Додгоҳи ноҳияи Айниро рӯзи 6-уми июн бо гумони гирифтани ришва дастгир кардаанд, вале фармони барканориаш рӯзи 15-уми июн содир шуд. Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Турсунзодаро бо гумони гирифтани 15 ҳазор сомонӣ боздошт намуданд.

Оҷонсӣ рӯзи 17-уми июн дар хабарномаи расмӣ гуфт, раиси Додгоҳи ноҳияи Айнӣ "ин миқдор маблағро барои шартан татбиқ накардани ҷазо нисбат ба се муттаҳам талаб кардааст". Ба иттилои расмӣ, "вай даҳ ҳазор сомониро рӯзи 3-юми июни имсол ва панҷ ҳазори мондаро рӯзи 6-уми июн гирифтааст."

Назари наздикону вакили дифои Шараф Турсунзода ба қазия маълум нест.

Мақомот мегӯянд, ба зидди раиси Додгоҳи ноҳияи Айнӣ бо иттиҳоми "гирифтани пора" (қисми 3-и моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ) парванда кушодаанд ва тафтиш идома дорад.

Шараф Турсунзода рӯзи 15-уми июн бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон бинобар содир намудани кирдоре, ки "шаъну эътибори судяро паст мезанад" аз мақомаш барканор шуд. Ӯ то моҳи феврали имсол ба ҳайси додраси Додгоҳи ноҳияи Айнӣ кор мекард ва чаҳор моҳ пеш масъули додгоҳ таъйин шуд.

Ҳафтае пеш додраси Додгоҳи шаҳри Ҳисор Зайдулло Собирзода низ бо айни иттиҳом аз мансабаш барканор гардид.

Баъзе аз сокинони Тоҷикистон додрасҳоро ба эълони, ба бовари онҳо, ҳукмҳои ноодилона ва суистифода аз мансаб муттаҳам мекунанд.

Коршиносон маоши кам ва мустақил набудани додгоҳҳоро аз сабабҳои асосии чунин вазъият мепиндоранд.

Дар даҳ соли ахир 25 додраси додгоҳҳои Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шудаанд.

Феълан дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад додрас кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG