Ҳисоби натиҷаҳои овоздиҳӣ дар интихоботи президентии Амрико метавонад, то чанд рӯз тӯл кашад. Дар ҳоле ки ҳам Доналд Трамп ва ҳам Ҷо Байден дар бораи роҳи худ ба пирӯзӣ сӯҳбат мекунанд, ба қавли нозирон, натиҷаҳои овоздиҳӣ дар бораи маҳбубияти танготанги ҳар номзад гувоҳӣ медиҳад. Натиҷаҳои овоздиҳии интихоботи президентии Амрикоро бо Радиои Озодӣ пайгирӣ кунед
Амрико дар интизори натиҷаҳои интихобот

1
Ҳисоби овозҳо дар шаҳри Филаделфияи аёлати Пенсилвания

2
Доналд Трамп дар утоқи шарқии Кохи Сафед дар бораи аввалин натиҷаҳои овоздиҳӣ сӯҳбат мекунад. Дар изҳороти худ Трамп таъкид кард, ки ба таҷлили "натиҷаҳои фавқулода"-и интихобот омода мешавад. Муовини президент Майк Пенс, ки баъди ӯ суханронӣ кард, Трампро бо пирӯзӣ табрик гуфт

3
Ҷо Байден ҳангоми суханронӣ дар назди тарафдоронаш дар шаҳри Вилмингтони аёлати Делавер ҳамаро ба сабру интизорӣ даъват кард ва айни замон ба пирӯз шуданаш изҳори бовар намуд.

4
Тарафдорони Трамп дар шаҳри Майамии аёлати Флорида пирӯзии президентро таҷлил мекунанд
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Оини мадоро
- Сафҳаи хонандагон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Нигористон
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Меҳмони Озодӣ
- Матолиби навтарин
- Озодӣ Онлайн
- Коронавирус
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод