Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои 4 соли дигар. Ҳукумати Доналд Трамп, ё Ҷо Байден?

Президенти ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп ва рақиби демократи ӯ Ҷо Байден дар иёлоти хеле муҳими таъминкунандаи пирӯзии номзадҳо бо ҳам дар рақобати танготанг қарор гирифтаанд.


Чакида

  • Амрикоиҳо рӯзи 3-юми ноябр ба пойи сандуқҳои раъй рафтанд, то президенти 46-уми Иёлоти Муттаҳидаро интихоб кунанд.
  • Онҳо номзадро мустақим интихоб намекунанд, балки тавассути як ниҳоде овоз медиҳанд, ки дар ҳар як аёлат мувофиқи шумораи аҳолиаш таъсис шудааст.
  • Барои пирӯзии номзад аз миёни 538 овози ҳайати интихоботӣ ба даст овардани 270 раъй кофӣ аст.
  • Доналд Трамп номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ва Ҷо Байден номзади Ҳизби Демократ аст.
Мардуми Амрико раъй дод ва мунтазири натиҷаи интихобот аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Невада мегӯяд, ки то 5-уми ноябр ҳисобу китоби овозҳоро бозмедорад

Ню-Йорк, мардум дар интизори натиҷаҳои интихобот

Аёлати Невада бидуни шарҳу тавзеҳе гуфт, ки то 5-уми ноябр ҷараёни ҳисоби раъйҳои интихобкунандагонро бозмедорад. Дар аёлати Невада шумори овозҳои тарафдорони президент Доналд Трамп ва рақиби демократи ӯ Ҷо Байден ба ҳам наздик аст. Рӯзи 4-уми ноябр мақомоти аёлати Невада дар Твиттер навиштанд, ки ҳанӯз бояд раъйи мардумро, ки тавассути почта дар рӯзи овоздиҳӣ дастрас шуд ва ҳам то ҳафтаи оянда мерасанд, ҳисоб кунанд. Невада дар қатори Ҷорҷиа, Мичиган, Каролинаи Шимолӣ, Пенсилвания ва Висконсин яке аз шаш аёлат аст, ки дар интихобот натиҷаҳои он ба эътибор гирифта мешавад. Байден бояд ҳадди аққал дар сетои ин иёлот баранда шавад ва ба Трамп пирӯзӣ дар ҳадди аққал чортои ин иёлот зарур аст. Барандаи интихобот ҳанӯз маълум нест. “Ҳисоби раъйҳо дар Невада хеле сахт аст, чунки ҳар як овоздиҳанда раъяшро тавассути почта фиристодааст. Маълум аст, ки ҳама овоз дода наметавонанд”, омадааст дар Твиттери мақомоти интихоботии Невада. Дар заминаи тасмими мақомоти Невада шарҳу ҷузъиёте дода намешавад. Дар номаҳои раъйдиҳандагон, ки тавассути почта дастрас мешаванд, бояд ки санаи ирсоли раъй на дертар аз 3-юми ноябр сабт шуда бошад, вале ин номаҳо метавонанд дертар дастрас шаванд. Аёлати Невадаро доимо тағйирёбанда меноманд ва дар аксари интихоботҳо шурӯъ аз соли 1912 ба истиснои ду дафъа, барандаи интихоботи Невада ғолиби куллии интихоботи кишвар шудааст. Дар овоздиҳии соли 2016 вақте Ҳиллари Клинтон бо беш аз 2 дарсади овозҳо пирӯз шуд, натиҷаҳои ниҳоӣ бо ғалабаи Трамп анҷомид.

Пандемия ва амрикоиҳо: натиҷаҳои экзит-пол чӣ мегӯяд?

Дар Амрико шаҳрвандон дар шароите ба интихобот рафтанд, ки мизони олудашавӣ ба коронавирус ва бистаришавии мардум хеле баланд аст. Вале бар пояи экзит-поли маркази таҳқиқотии Эдисон, пандемия яке аз чандин масоилест, ки мардуми ИМА-ро ташвиш медиҳад. Бо вуҷуди ин ки дар кишвар 9,4 миллион амрикоӣ олуда шудаву беш аз 230 ҳазор нафар ҷон додаанд, аз 10 овоздода танҳо ду нафарашон гуфтанд, ки COVID-19 масъалаи мавриди нигаронии онҳо аст.

Нисфи овоздодаҳо дар интихоботи Амрико гуфтанд, ҳарчанд коронавирус ба иқтисод таъсиргузор шуд, беҳтар аст он боздошта шавад. Сеяки овоздиҳандагон гуфтанд, ки ҳангоми интихоби президент масъалаи иқтисод барои онҳо калидӣ будааст. Натиҷаҳои пурсиши экзит-пол инчунин мавқеи мардумро ба бархӯрди ҳукумат бо пандемия ҳам ошкор кард. Аз ҷумла, аз 10 нафар чор пурсидашуда гуфтанд, ки талошҳо барои боздоштани пандемия “бисёр бад” буд.

Дар Аврупо дар вокуниш ба мавҷи дуюми пандемия кишварҳо паси ҳам маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд ва дар тамоми ин қора шумори фавтидаҳо аз коронавирус аз 270 ҳазор нафар бештар шуд. Дар Австрия, Юнон ва Шведсия рӯзи 3-юми ноябр маҳдудиятҳои нав ва дар Олмон “карантини сабук”-и якмоҳа ҷорӣ шуд.

Трамп иддао кард, ки "пирӯз шуд". Байден гуфт, "ин кори мо нест, ҳаққи раъйдиҳандагон аст"

Доналд Трамп бе пешниҳоди далеле иддао кард, ки дар интихоботи президентӣ ба номзади демократҳо Ҷо Байден пирӯз шудааст. Ӯ бо иқдоми ҳуқуқӣ ҳам таҳдид кард.

Ин дар ҳолест, ки натиҷаҳои овоздиҳӣ дар иёлоте ба монанди Пенсилвания, Висконсин, Мичиган ва Ҷорҷиа ҳанӯз дар ҳоли ҳисоб шудан аст ва дар миёни ин ҳама баргаҳо, инчунин, овозҳои додаи шаҳрвандон тавассути почта ҳам пурра ҳисоб нашудааст. Матубот ҳам гуфт, ҳеч як аз ду номзад натавонист 270 раъйи ҳайати овоздиҳандагонро, ки таъминкунандаи пирӯзӣ мебошад, ба даст оварад.

Байден гуфт, бовар дорад ӯ барои даст ёфтан ба 270 овози ҳайати интихоботӣ наздик мешавад, вале ҳамоно бисёр овозҳо дар иёлоти Мичиган, Пенсилвания ва Висконсин то охир ҳисоб нашудаанд. Барои Байден пирӯзӣ дар ҳамин се аёлат барои дастёбӣ ба пирӯзӣ кофӣ хоҳад буд.

Тафсилотро дар инҷо хонед

Ёфтҳои бештар

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG