Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои 4 соли дигар. Ҳукумати Доналд Трамп, ё Ҷо Байден?

Президенти ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп ва рақиби демократи ӯ Ҷо Байден дар иёлоти хеле муҳими таъминкунандаи пирӯзии номзадҳо бо ҳам дар рақобати танготанг қарор гирифтаанд.

  • Амрикоиҳо рӯзи 3-юми ноябр ба пойи сандуқҳои раъй рафтанд, то президенти 46-уми Иёлоти Муттаҳидаро интихоб кунанд.
  • Онҳо номзадро мустақим интихоб намекунанд, балки тавассути як ниҳоде овоз медиҳанд, ки дар ҳар як аёлат мувофиқи шумораи аҳолиаш таъсис шудааст.
  • Барои пирӯзии номзад аз миёни 538 овози ҳайати интихоботӣ ба даст овардани 270 раъй кофӣ аст.
  • Доналд Трамп номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ва Ҷо Байден номзади Ҳизби Демократ аст.

Доналд Трамп ва Ҷо Байден дар интихоботи рӯзи 3-юми ноябр бо ҳам рақобат мекунанд. Ҳар раъй муҳим аст, аммо номзадҳо барои ба даст овардани орои баъзе аёлатҳо талоши бештар ба харҷ медиҳанд. Иллати он система ё низоми печидаи интихоботии Амрико аст, ки гузаштааш ба тақрибан замони таъсиси Иёлоти Муттаҳида бармегардад.

Бештар дар инҷо бихонед

Интихоботи Амрико аз овоздиҳӣ дар соҳилҳои шарқии кишвар шуруъ шуд

Флорида, 3-юми ноябри 2020
Флорида, 3-юми ноябри 2020

Шаҳрвандони Амрико ба овоздиҳӣ дар яке аз интихоботҳои бисёр муҳими даҳсолаҳои ахири кишвар шуруъ карданд.

Президенти ҷумҳуриҳох Доналд Трамп, ки бо шеваи махсуси муҳофизакоронааш чор сол пеш вориди Кохи Сафед шуд, дар талоши ҳифзи курсии раёсатҷумҳурӣ барои чор соли дигар аст.

Муовини пешини президенти Амрико Ҷо Байден, демократ ва сиёсатмадори собиқадор, тарбиятгирифтаи оилаи коргарҳо бо ваъдаи пирӯз шудан бар вирус мехоҳад дили мардумро ба даст оварад.

Овоздиҳӣ соати 7-и субҳ дар тахминан 20 иёлоти ҷойгир дар соҳилҳои шарқии Амрико шуруъ шуд.

Дар 51 аёлати Амрико фарқияти вақт вуҷуд дорад ва аз ин рӯ, овоздиҳӣ дар соатҳои гуногун ҷараён мегирад. Вале дар шароити пандемия мақомот қарор карданд, ки овоздиҳӣ тавассути почта ва ҳам ҳузурӣ қабл аз 3-юми ноябр имкон дорад ва то рӯзи асосии интихобот беш аз 99,6 миллион аҳолии кишвар дар интихобот иштирок карданд. Ин омор аллакай рекордӣ мебошад.

Нигоҳе ба зиндагии раиси ҷумҳури Амрико. Доналд Трамп кист?

Интихоботи президентии Амрико 3-юми ноябр шуруъ шуд. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, бори дувум номзад шудааст. Рақиби ӯ Ҷо Байден аз Ҳизби Демократ аст. Дар ин гузориш нигоҳе ба зиндагии шахсӣ ва сиёсии Трамп андохта шудааст:

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG