Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Системаи "бемонанд"-и интихоботии Амрико. Ҳайати интихоботӣ чист?


Овоздиҳии барвақтӣ дар интихоботи Амрико
Овоздиҳии барвақтӣ дар интихоботи Амрико

Доналд Трамп ва Ҷо Байден дар интихоботи рӯзи 3-юми ноябр бо ҳам рақобат мекунанд. Ҳар раъй муҳим аст, аммо номзадҳо барои ба даст овардани орои баъзе аёлатҳо талоши бештар ба харҷ медиҳанд. Иллати он система ё низоми печидаи интихоботии Амрико аст, ки гузаштааш ба тақрибан замони таъсиси Иёлоти Муттаҳида бармегардад.

Брайан Фэйрбразер, узви ҳайати интихоботӣ мегӯяд: “Мо раиси ҷумҳури худро бо раъйи мардум таъйин намекунем. Раиси ҷумҳури худро бо райъи ҳайати интихоботӣ таъйин мекунем.”

Асоси ҳайати интихоботиро Конститутсияи Амрико гузоштааст. Ин низом ба аёлатҳои хурд қудрати бештар медиҳад, то дар маъракаҳои интихоботӣ аз назар дур намонанд.

Ҷо Байден ва Доналд Трамп
Ҷо Байден ва Доналд Трамп

ИН НИЗОМ ЧӢ ГУНА КОР МЕКУНАД?

Теъдоди ҳайатҳои интихоботии ҳар як аёлат ба шумораи аъзояш дар Конгресс баробар аст. Тақрибан дар ҳамаи аёлатҳои Амрико аъзои ҳайати интихоботӣ ба номзаде рой медиҳанд, ки интихоботро дар ҳамон аёлат бурдааст.

Бинобар ин, номзаде, ки дар баъзе аёлатҳо раъйи хеле бештар мегираду баранда мешавад, вале дар чанд аёлати дигар бо фарқи андак шикаст мехӯрад, мумкин аст, аксарияти орои мардумро дар саросари кишвар ба даст орад, аммо барандаи аксарияти орои ҳайати интихоботӣ нахоҳад шуд.

Дар 58 интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Амрико, ки то кунун баргузор шудааст, панҷ раиси ҷумҳур барандаи орои ҳайати интихоботӣ шуда, аммо аксарияти овози мардумро соҳиб нашудаанд. Ончунон ки дар соли 2016 бо Доналд Трамп ва дар соли 2000-ум бо Ҷорҷ Буши хурдӣ иттифоқ уфтод.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири пешини умури хориҷии Амрико, дар интихоботи соли 2016 аз Доналд Трамп се миллион бештар раъйи мардумро ба даст овард, аммо пирӯзии Трамп дар чанд аёлати муҳим сабаб шуд, ки 304 ройи ҳайати интихоботиро ба даст оварад, дар ҳоле ки теъдоди орои ҳайати интихоботии Ҳилларӣ Клинтон ба 227 мерасид.

КЛИНТОН ГУФТ, ШАХСЕ ОВОЗИ БЕШТАР МЕГИРАД, БАРАНДА ШАВАД

Ин вазъият дар системаи интихоботии Амрико сабаб шудааст, ки шуморе аз афрод хоҳони ислоҳот ва ё пурра аз байн рафтани он шаванд. Ҳилларӣ Клинтон яке аз онҳост: “Ин набояд таъйинкунанда бошад, ки кӣ барандаи интихобот мешавад. Шахсе, ки овози бештар мегирад, бояд баранда шавад. Рӯшан аст, ки дар ин маврид ҳисси амиқ дорам, чун дар муқоиса бо ҳар номзади дигар дар таърихи интихоботи президентии Амрико раъйи баландро ба даст овардаам.”

Системаи ҳайати интихоботӣ дар шаклдиҳии маъракаҳои интихоботӣ нақши муҳим дорад. Номзадҳо танҳо барои гирифтани раъйи бештари мардум талош намекунанд, балки барои пирӯзӣ дар минтақаҳои калидӣ мубориза мекунанд, ки орои ҳайати интихоботии онҳо бештар аст.

Ҳилларӣ Клинтон
Ҳилларӣ Клинтон

АЁЛАТҲОИ ХОС

Баъзе аз аёлатҳо тақрибан ҳамеша ба як ҳизби мушаххас рой медиҳанд. Масалан, Аляска ба ҷумҳурихоҳон ва Калифорния ба демократҳо.

Аммо аёлатҳое низ ҳастанд, ки гоҳе ба як ҳизб ва гоҳе ба ҳизби дигар рой медиҳанд. Рӯшан аст, ки номзадҳо ба чунин аёлатҳо таваҷҷуҳи бештар медиҳанд. Доналд Трамп гуфт, “мо дар аёлати Висконсин баранда хоҳем шуд ва барои чаҳор соли дигар баранда хоҳем буд”.

Таҳлилгарон низ ба аёлатҳои дар ҳоли тағйир таваҷҷуҳи бештар доранд, то битавонанд натиҷаи беҳтари интихоботро пешбинӣ кунанд.

Флорида, Висконсин, Пенсилвания ва Мичиган аёлатҳое ҳастанд, ки дар солҳои гузашта барои онҳо хеле рақобат шудааст. Ҳама аёлатҳое ҳастанд, ки ду бор ба Барак Обама рой додаанд. Каролинаи Шимолӣ танҳо дар соли 2008 ба Обама раъй дод. Аризона аз даҳаи 90 ба ин сӯ ба номзади Ҳизби Демократ овоз надодааст.

НАҚШИ ТАЪИНКУНАНДА

Таҳлилгар Кайл Кондик мегӯяд, “аммо ончи дар аёлатҳои Аризона ва Калифорнияи Шимолӣ мебинед, як ҳаракат бар хилофи Трамп дар байни рустонишинон ва ҷавонони сафедпӯсте, ки дар сатҳи коллеҷ таҳсил кардаанд, ба вуҷуд омада ва ин аёлатҳоро бештар рақобатӣ месозад. Инҳо шаш аёлате ҳастанд, ки аксари мардум фикр мекунанд дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ нақши таъйинкунанда доранд.”

Мавридҳое ҳам будааст, ки аъзои ҳайати интихоботии як аёлат бар хилофи тақозои аёлаташон ба номзади дигар овоз додаанд. Аммо теъдоди онҳо, ки “ҳайатҳои паймоншикан” хонда мешаванд, андак аст ва ҳеч вақт натиҷаи умумии интихоботро тағйир надодаанд.

Имсол додгоҳи олии Амрико ба аёлатҳо ин салоҳиятро дод, то аз ин ҳайатҳо бихоҳанд, ки монанди аксарият рой бидиҳанд.

Баъзе аз назарсанҷиҳо нишон додаанд, ки аксрияти амрикоиҳо ҷонибдори тағйири системаи ҳозираи интихобот ҳастанд ва мехоҳанд, раиси ҷумҳур бар асоси овози мардум интихоб шавад. Аммо тағйири низоми интихоботии Амрико хеле мушкилу тӯлонист ва бояд Қонуни асосӣ ислоҳ шавад.

Ҳоло ҳамон 538 ройи ҳайати интихоботист, ки бар асоси он президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико интихоб мешавад.

XS
SM
MD
LG