Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои 4 соли дигар. Ҳукумати Доналд Трамп, ё Ҷо Байден?

Президенти ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп ва рақиби демократи ӯ Ҷо Байден дар иёлоти хеле муҳими таъминкунандаи пирӯзии номзадҳо бо ҳам дар рақобати танготанг қарор гирифтаанд.

  • Амрикоиҳо рӯзи 3-юми ноябр ба пойи сандуқҳои раъй рафтанд, то президенти 46-уми Иёлоти Муттаҳидаро интихоб кунанд.
  • Онҳо номзадро мустақим интихоб намекунанд, балки тавассути як ниҳоде овоз медиҳанд, ки дар ҳар як аёлат мувофиқи шумораи аҳолиаш таъсис шудааст.
  • Барои пирӯзии номзад аз миёни 538 овози ҳайати интихоботӣ ба даст овардани 270 раъй кофӣ аст.
  • Доналд Трамп номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ва Ҷо Байден номзади Ҳизби Демократ аст.
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ

Хоманаӣ гуфт, натиҷаи интихоботи Амрико мавқеи Эронро дигар намекунад

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, гуфт, ҳамагуна натиҷаи интихоботи президентии Амрико мавқеи Теҳронро дар баробари Вашингтон дигар нахоҳад кард.

Хоманаӣ дар ин бора як рӯз пеш аз солгарди ишғоли сафорати Амрико ва гаравгон гирифтани дипломатҳои амрикоӣ дар Теҳрон ибрози назар кард. Ин ҳодиса 4-уми ноябри соли 1979 иттифоқ уфтода буд.

Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, барои онҳо муҳим нест, ки зимоми қудратро дар Амрико Доналд Трамп ба даст мегирад ва ё Ҷо Байден.

Дар Тоҷикистон ба интихоботи Амрико чӣ назар доранд?

Дар Тоҷикистон нигоҳҳо ба интихоботи раиси ҷумҳури Амрико гуногун буда, бархе аз таҳлилгарон натиҷаи ин маъракаи сиёсиро барои кишвар муҳим арзёбӣ мекунанд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки бо Тоҷикистон наздики 11 ҳазор километр роҳи ҳавоӣ дорад, барои ин кишвари Осиёи Марказӣ дар ҳамсоягии Афғонистон нақши муҳим дорад.

Ҷо Байден, номзад ба мансаби президенти Амрико кист?

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG