Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои 4 соли дигар. Ҳукумати Доналд Трамп, ё Ҷо Байден?

Президенти ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп ва рақиби демократи ӯ Ҷо Байден дар иёлоти хеле муҳими таъминкунандаи пирӯзии номзадҳо бо ҳам дар рақобати танготанг қарор гирифтаанд.

  • Амрикоиҳо рӯзи 3-юми ноябр ба пойи сандуқҳои раъй рафтанд, то президенти 46-уми Иёлоти Муттаҳидаро интихоб кунанд.
  • Онҳо номзадро мустақим интихоб намекунанд, балки тавассути як ниҳоде овоз медиҳанд, ки дар ҳар як аёлат мувофиқи шумораи аҳолиаш таъсис шудааст.
  • Барои пирӯзии номзад аз миёни 538 овози ҳайати интихоботӣ ба даст овардани 270 раъй кофӣ аст.
  • Доналд Трамп номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ва Ҷо Байден номзади Ҳизби Демократ аст.

Трамп: "Шаби олӣ хоҳем дошт, аммо ин сиёсат аст"

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп рӯзи худро бо ҳузур дар телевизиони “Фокс Нюз” оғоз кард ва дар он изҳор дошт, ки “имкони воқеии пирӯз шуданро дорад”.

Вай ҳангоми боздид аз дафтари Кумитаи миллии ҷумҳурихоҳон дар Арлингтони Вирҷиния гуфт, “ман фикр мекунам, як шаби олӣ хоҳем дошт, аммо ин сиёсат аст, интихобот аст ва Шумо ҳаргиз намедонед, ки чӣ хоҳад шуд.”

Трамп 74-сола аст.

Байден: "Аз ин хона ба Кохи Сафед, бо лутфи Худо"

Ҷо Байден
Ҷо Байден

Рақиби ӯ, Ҷо Байден, аз Вилмингтони Делавер боздид кард ва муддате дар сари қабри писараш истод, ки соли 2015 аз бемории саратон даргузашта буд.

Баъдан Байден дар Пенсилвания дар девори хонае, ки кӯдакиаш сипарӣ шудааст, навишт, “аз ин хона ба Кохи Сафед, бо лутфи Худо.”

Байден 77-сола аст.

Ин яке аз нодиртарин интихоботи Амрикост, ки дар сояи бемории коронавируси нав баргузор шудааст. Пеш аз рӯзи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ зиёда аз сад миллион кас тавассути почта ё дар нуқтаҳои ройдиҳӣ овоз додаанд.

Бо дар назардошти ин ки шумори зиёди афроди қобили рой қабл аз баргузории интихобот овоз додаанд, шояд мизони иштирок дар ин маърака нисбат ба интихоботи президентии соли 2016 ба беш аз 55 дарсад бирасад.

Майкл МакДоналд, устоди Донишгоҳи Флорида, ба Радиои Озодӣ гуфт, шояд 160 миллион нафар дар интихобот ширкат кунанд. Ба гуфтаи вай, ин аз соли 1950 ба ин тараф баландтарин рақами иштироки мардум дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико хоҳад буд.

Дар баъзе аз аёлатҳои Амрико нуқтаҳои овоздиҳӣ баста шудаанд. Бар асоси натиҷаҳои ибтидоӣ, Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар аёлатҳои Кентакки ва Индиана баранда шудааст. Ин дар ҳолест, ки рақиби ӯ аз Ҳизби демократ Ҷо Байден дар аёлати Вермонт пирӯз шудааст.

Ҷо Байден ва Доналд Трамп
Ҷо Байден ва Доналд Трамп

Ёфтҳои бештар

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG