Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои 4 соли дигар. Ҳукумати Доналд Трамп, ё Ҷо Байден?

Президенти ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп ва рақиби демократи ӯ Ҷо Байден дар иёлоти хеле муҳими таъминкунандаи пирӯзии номзадҳо бо ҳам дар рақобати танготанг қарор гирифтаанд.

  • Амрикоиҳо рӯзи 3-юми ноябр ба пойи сандуқҳои раъй рафтанд, то президенти 46-уми Иёлоти Муттаҳидаро интихоб кунанд.
  • Онҳо номзадро мустақим интихоб намекунанд, балки тавассути як ниҳоде овоз медиҳанд, ки дар ҳар як аёлат мувофиқи шумораи аҳолиаш таъсис шудааст.
  • Барои пирӯзии номзад аз миёни 538 овози ҳайати интихоботӣ ба даст овардани 270 раъй кофӣ аст.
  • Доналд Трамп номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ва Ҷо Байден номзади Ҳизби Демократ аст.

Бозтоби интихоботи Амрикоро дар телевизиони "Настояшее Время" бо забони русӣ дар инҷо бинед:

Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи президентии Амрико то кунун 52 ва Ҷо Байден, номзади Ҳизби демократ 42 ройи ҳайати интихоботиро ба даст овардаанд. Шахсе пирӯз дониста мешавад, ки 270 овози ҳайати интихоботиро соҳиб шавад.

Раъйи ҳайати интихоботӣ то ин дам:

Доналд Трамп - 83

Ҷо Байден - 83

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG