Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои 4 соли дигар. Ҳукумати Доналд Трамп, ё Ҷо Байден?

Президенти ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп ва рақиби демократи ӯ Ҷо Байден дар иёлоти хеле муҳими таъминкунандаи пирӯзии номзадҳо бо ҳам дар рақобати танготанг қарор гирифтаанд.

  • Амрикоиҳо рӯзи 3-юми ноябр ба пойи сандуқҳои раъй рафтанд, то президенти 46-уми Иёлоти Муттаҳидаро интихоб кунанд.
  • Онҳо номзадро мустақим интихоб намекунанд, балки тавассути як ниҳоде овоз медиҳанд, ки дар ҳар як аёлат мувофиқи шумораи аҳолиаш таъсис шудааст.
  • Барои пирӯзии номзад аз миёни 538 овози ҳайати интихоботӣ ба даст овардани 270 раъй кофӣ аст.
  • Доналд Трамп номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ва Ҷо Байден номзади Ҳизби Демократ аст.

Барои 4 соли дигар. Ҳукумати Доналд Трамп, ё Ҷо Байден?

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мардум ба пойи сандуқҳои раъй рафтанд, то дар яке аз тафриқабарангезтарин интихоботҳои кишвар дар аҳди муосир раиси ҷумҳури кишварашонро интихоб кунанд.

То рӯзи интихобот беш аз 100 миллион амрикоӣ ҳузурӣ ва ё аз тариқи почта раъй додаанд. Миллионҳо нафари дигар дар аҳди пандемия ва бо тарс аз тазоҳурот дар рӯзи интихобот раъй доданд.

Артур Коҳен, яке аз интихобкунандаҳо дар Вашингтон, гуфт, “азбаски мо аркони муназзаму мустаҳками демократияро дар Амрико дорем, умедворам, ҳама чӣ хубу ором мегузарад.”

Раъйдиҳӣ дар марказҳои умумӣ, калисо ва аз ҷумла дар масҷиди Лос-Анҷелес сурат гирифт. Яке аз ройдиҳандаҳо дар Калифорния гуфт, “муҳим аст, мо аз ин ҳаққи муҳими худ истифода барем, чун аз роҳ ба тағйирот дар кишвар таъсир мегузорем.”

Мардум мунтазири натиҷаҳои интихобот ҳастанд
Мардум мунтазири натиҷаҳои интихобот ҳастанд


Як тарафдори Байден мегӯяд, барои тағйирот раъй додааст. Филип Мартин гуфт, “соли гузашта дар инҷо мардум фаҳмиданд, ки мо бояд ба нобаробариҳои иҷтимоӣ ва пешқазоват таваҷҷуҳ кунем.”

Кевин аз Калифорния мегӯяд, “ман раъй медиҳам, то дигарбора Амрикоро олӣ созем. Ман инҷо касеро интихоб мекунам, ки кишварро раҳнамоӣ кунад ва ман барояш чӣ коре анҷом дода метавонам.”

Дигарон ҳамон мувофиқанд, вазъи Амрико дар аҳди Трамп хуб шудааст. Трейси Ҳинсон, аз ҷонибдорони Трамп гуфт, “ба ман маъқул аст, ки президент Амрикоро дар ҷойи аввал мегузорад. Ман бовар дорам, ки ҷумҳурихоҳон дуруст мегӯянд.”

Носир Байрам, яке аз ҷонибдорони Байден мегӯяд, кишвар дар аҳди Трамп бегонаситез шудааст. “Ҳамаи мо муҳоҷирем. Ҳамин кишварро барои ҳамаи мо бузург кардааст. Агар чунин сиёсати Трамп идома кунад, ин кишвар деворкашида мешавад, ки мо қабул надорем.”

Ин нигаронӣ ҳаст, ки номзадҳо, ё раъйдиҳандагон, натиҷаҳои интихоботро напазиранд. Натиҷаҳои ниҳоӣ шояд баъди рӯзҳо, ё ҳафтаҳо эълон шавад. Меъёрҳои интихоботӣ дар ҳар иёлат фарқ мекунанд.

Дар Пенсилвания Бет Ҷобсон, тарафдори Байден мегӯяд, ҳамаи раъйҳо бояд ҳисоб шавад: “Ман дуо мекунам, ки ҳар раъй ҳисоб шавад. Мо набояд девонагӣ кунем. Бигзоред ҳисоб кунанд, биёед, муколама дошта бошем. Чун дар оилаи ман баъзеҳо назари дигар доранд, вале бо ин ҳам ман онҳоро дӯст медорам.”

Оё ҳама чиз дуруст тамом мешавад ва ҳарду ҳизб натиҷаҳоро мепазиранд? Амрикоиҳо ва ҷаҳон мунтазири ҳамин натиҷаҳо ҳастанд.

Рақобати танготанги Байдену Трамп

Президенти ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп ва рақиби демократи ӯ Ҷо Байден дар иёлоти хеле муҳими таъминкунандаи пирӯзии номзадҳо бо ҳам дар рақобати танготанг қарор гирифтаанд. Пешбинӣ мешавад, ки давоми чанд рӯзи дигар натиҷаҳои интихобот номаълум хоҳанд монд.

Байден субҳи 4-уми ноябр гуфт, ӯ ба пирӯзӣ наздик мешавад ва аз овоздиҳандагон хост, сабр кунанд, то натиҷаҳои расмиву ниҳоӣ ба даст биёяд.

Ҷо Байден
Ҷо Байден

Трамп баъди ин демократҳоро дар “дуздии” интихобот гунаҳкор кард ва гуфт, худи ӯ интизори “пирӯзии бузург” аст. Лаҳзаҳое, ки Байден суҳбат мекард, Трамп дар Твиттер навишт: “Мо дар остонаи (ғалабаи) бузург ҳастем, вале онҳо талош доранд интихоботро бидузданд”.

Баъди ин Твиттер бар асоси “Сиёсати мадании ҳамгироӣ” ин навиштаҳоро пинҳон кард ва гуфт, мазмуни ин навиштаҳо баҳсбарангез аст ва хонандаро дар ғафлат мегузорад.

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Байден умедвор буд, дар иёлоти калидие ба мисли Флорида пирӯз мешавад, вале натиҷаҳои пешакӣ мегӯяд, ин аёлат насиби Трамп шуд ва дар баъзе иёлоти дигар ҳам пештоз аст. Натиҷаҳои овоздиҳӣ дар дигар иёлоти калидӣ ҳам бояд ҳисоб шавад, вале бо сабаби шумори зиёди овоздодаҳо аз роҳи почта интизор меравад, ҳисобу китоби ниҳоии овозҳо вақт мегирад.

Дар бисёр иёлот ҳамоно бояд шумори хеле зиёди баргаҳо ҳисоб шаванд, аз ҷумла, дар Каролинаи Шимолӣ, Ҷорҷиа, Мичиган, Висконсин, Техас ва Пенсилвания пешбинӣ мешавад, ки натиҷаҳои овоздиҳӣ ба ҳам хеле наздик мешавад.

Дар Пенсилвания эҳтимол ҳисоби ниҳоии баргаҳо се-чаҳор рӯз кашад. CNN гуфт, пешбинӣ мешавад то нисфишаб Байден бо 270 овоз дар муқобили 136 овоз аз Трамп пеш мегузарад.

Интихоботи президентии Амрикоро дар таърихи даҳсолаҳои охир нодир меноманд. Чун дар шароити пандемия ва ихтилофи хеле ҷиддӣ дар ҷомеа баргузор мешавад, вале айни замон, ба хотири имкони овоздиҳии пешакӣ, то рӯзи аслии интихобот беш аз 100 миллион сокини ин кишвар тавонистанд дар интихобот овоз бидиҳанд.

Аз ҳамин рӯ, пешбинӣ мешавад, ки барои ҳисобу китоб ва эълони натиҷаҳои ниҳоии интихобот чанд рӯзи дигар лозим мешавад.

Ҳадаф танҳо Кохи Сафед нест. Демократҳо дар талоши ба даст овардани Конгрес ҳастанд

Рӯзи 3-юми ноябр дар Амрико мардум на танҳо дар интихоботи президентӣ, балки дар интихоботи Сенат ва Маҷлиси намояндагон ҳам иштирок карданд.

Натиҷаҳои ибтидоӣ баёнгари он аст, ки назорат ба ду курсии муҳими Сенатро ҳарду ҳизб бо ҳам тақсим карданд.

Дар Колорадо матбуот навишт, ки демократ Ҷон Ҳиккенлупер, собиқ шаҳрдори Денвер бар номзади ҷумҳурихоҳон сенатор Гори Гарднер пирӯз шуд.

Дар Алабама собиқ мураббии футбол Томми Тубервайл аз номи ҷумҳурихоҳон пирӯз шуд ва Даф Ҷонси демократро мағлуб кард. Пешбинӣ мешуд, ки хатари аз дасти демократҳо рафтани ин курсӣ ҳам вуҷуд дорад.

Назорат бар ҳарду палатаи Конгресс барои президенти оянда, ҳар касе набошад, хеле муҳим аст, чунки маҳз ҳамин ниҳоди қонунгузор дар татбиқи қарорҳои президент нақш иҷро мекунад.

Давоми ду соли гузашта Трамп дар шароите кор кард, ки Конгресс ду тақсим буд. Дар ҳоле ки демократҳо аз интихоботи миёндавраии соли 2018 дар Маҷлиси намояндагон аксариятро ташкил медоданд, ҷумҳурихоҳон бо бартарии 53 ба 47 вакил Сенатро дар даст доштанд.

Сенаторҳои ҷумҳурихоҳ дар маҷмӯъ барои ҳифзи 23 курсӣ ва демократҳо – барои 12 курсӣ мубориза мебаранд. Дар Маҷлиси намояндагон барои интихоби 435 вакил ҳар ду сол овоздиҳӣ барпо мешавад. Матбуоти амрикоӣ пешгӯӣ мекунад, ки демократҳо назорати палатаи поёнии маҷлиси Амрикоро ба даст меоранд.

Трамп ва Байден пирӯзиро дар иёлоти калидӣ тақсим карданд

Президент Доналд Трамп ва рақиби демократаш Ҷо Байден пирӯзиро дар иёлоте, ки дар натиҷаҳои овоздиҳӣ нақши хеле муҳим мебозанд, бо ҳам тақсим карданд. Дар иёлоти соҳилҳои шарқӣ дарҳои нуқтаҳои раъйдиҳӣ баста шудаанд ва дар қисматҳои дигар овоздиҳӣ дар ҳоли анҷом ёфтан мебошад. Дар қисматҳои ғарбии кишвар раъйдиҳандагон ҳамоно барои овоздиҳӣ мешитобанд ва ҳанӯз маълум нест, ки дар иёлоти калидии таъминкунандаи пирӯзии номзадҳо вазъ чӣ гуна аст. Интихоботи кунунии президентии ИМА-ро дар даҳсолаҳои охир бемисл меноманд, чун дар шароити маҳдудиятҳову пандемия баргузор мешавад, вале азбаски овоздиҳӣ аз қабл тавассути почта ва ҳузурӣ иҷоза дода шуд, то шурӯи овоздиҳии 3-юми ноябр беш аз 100 миллион аҳолии кишвар аллакай дар интихобот ширкат карда буданд.

Пешгӯиҳои аввал ва тасдиқношуда ин аст, ки Трамп дар иёлоти суннатан муҳофизакори Теннеси, Арканзас, Вирҷинияи Ғарбӣ, Луизиана, Миссисиппи, Индиана ва Оклаома ғолиб омадааст. Дар бораи Байден пешбиниҳо ин аст, ки дар Мериланд, Ню-Йорк, Ню-Ҷерси, Коннектикут, Род Айленд, Делавар ва Массачусетс пирӯз шудааст. Ҳарчанд ҳанӯз маълум нест, вале эҳтимолан пирӯзӣ дар иёлоти калидии Флорида насиби Трамп ва Оҳайову Каролинаи Шимолӣ - аз Байден мешавад. Ин иёлот, дар баробари Ҷорҷиа ва Пеннсилвания барои таъмини пирӯзии номзадҳо хеле муҳим мебошанд.

Пешбинӣ мешавад, ки бо сабаби хеле зиёд будани овозҳо, барои эълони натиҷаҳои ниҳоии интихобот чанд рӯз лозим мешавад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG