Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп иддао кард, ки "пирӯз шуд". Байден гуфт, "ин кори мо нест, ҳаққи раъйдиҳандагон аст"


Вашингтон, 3-юми ноябри 2020
Вашингтон, 3-юми ноябри 2020

Доналд Трамп бе пешниҳоди далеле иддао кард, ки дар интихоботи президентӣ ба номзади демократҳо Ҷо Байден пирӯз шудааст. Ӯ бо иқдоми ҳуқуқӣ ҳам таҳдид кард.

Ин дар ҳолест, ки натиҷаҳои овоздиҳӣ дар иёлоте ба монанди Пенсилвания, Висконсин, Мичиган ва Ҷорҷиа ҳанӯз дар ҳоли ҳисоб шудан аст ва дар миёни ин ҳама баргаҳо, инчунин, овозҳои додаи шаҳрвандон тавассути почта ҳам пурра ҳисоб нашудааст. Матубот ҳам гуфт, ҳеч як аз ду номзад натавонист 270 раъйи ҳайати овоздиҳандагонро, ки таъминкунандаи пирӯзӣ мебошад, ба даст оварад.

Байден гуфт, бовар дорад ӯ барои даст ёфтан ба 270 овози ҳайати интихоботӣ наздик мешавад, вале ҳамоно бисёр овозҳо дар иёлоти Мичиган, Пенсилвания ва Висконсин то охир ҳисоб нашудаанд. Барои Байден пирӯзӣ дар ҳамин се иёлат барои дастёбӣ ба пирӯзӣ кофӣ хоҳад буд.

Трамп, ки ҳанӯз қабл аз овоздиҳӣ иддао кард, ширкат дар интихобот тавассути почта роҳи тақаллубро зиёд мекунад, нақши худро дар интихоботи иёлоти муайян ҳамчун пирӯзӣ ба Байден баён кард.

Дар ҳоле ки натиҷаҳои раъйҳо ҳанӯз дар ҳоли ҳисоб шудан аст, Трамп иддао кард, ки “самимона бигӯем, мо пирӯз шудем”. Ӯ бидуни далел иддао кард, ки “ин фиреби мардуми Амрико аст”.

Бар асоси қонунҳои Амрико, эълони натиҷаҳо дар салоҳияти мақомоти интихоботии ҳар иёлат аст ва президент ҳақ надорад худро дар интихобот баранда эълон кунад.

Дар вокуниш Байден дар Твиттер навишт: “Ин кори ман ё Доналд Трамп нест, ки барандаи интихоботро эълон кунем. Ин ҳаққи раъйдиҳандагон аст”.

Аз ин пеш Трамп демократҳоро ба он муттаҳам кард, ки ба гуфтааш, интихоботро “дуздиданд” ва ӯ интизор дорад, ки “баранда мешавад”.

Трамп дар Твиттер навишт, “мо дар остонаи (ғалабаи) бузург ҳастем, вале онҳо талош доранд интихоботро бидузданд”. Баъд аз ин Твиттер бар асоси “Сиёсати мадании ҳамгироӣ” ин навиштаҳоро пинҳон кард ва гуфт, мазмуни ин навиштаҳо баҳсбарангез аст ва хонандаро дар ғафлат мегузорад.

Байден умедвор буд, ки дар иёлоти ҳалкунандае ба монанди Флорида, Оҳайо ва ё Каролинаи Шимолӣ баранда мешавад ва ин пирӯзӣ барои пойин овардани эҳсосоти тарафдорони Трамп мусоидат мекунад. Вале натиҷаҳои нашршуда мегӯяд, нақшаҳои Байден дар чанд иёлати ҳалкунанда барбод рафт, чун Трамп дар марҳилаи пеш аз интихоботӣ тавонист тарафдории сокинони ин иёлотро ба даст оварад.

Вале ҳатто бидуни пирӯзӣ дар Пенсилвания, ғалабаҳои Байден дар Аризона, Мичиган ва Висконсин ҳамроҳ бо пешгӯиҳои ғалаба дар Небраска метавонад роҳи ин демократи 77-соларо то Кохи Сафед ҳамвор кунад.

Пешгӯиҳо ин аст, ки Трамп дар Флоридаву Оҳайо, ки ду минтақаи муҳими сиёсӣ мебошанд, раъйи бештари ҳайати овоздиҳандагонро ба даст овардааст.

Дар Техас демократҳо дар талоши ба даст овардани дили мардуми испанинажод буданд, вале пешбиниҳо ин аст, ки 38 овози ҳайати раъйдиҳандагон насиби президенти амалкунанда мешавад.

Дар иёлати ҷанубии Ҷорҷиа демократҳо умедворанд, ки аз ҳисоби минтақаи Атланта, макони зисти аксар амрикоиҳои африқоитабор пирӯзӣ ба даст меоранд, вале ҳанӯз ҳисобу китоби ин ҷо ба охир нарасидааст. Пирӯзӣ дар Ҷорҷиа ба Байден 16 овози ҳайати раъйдиҳандагонро таъмин мекунад, ки хеле муҳим хоҳад буд. Дар Каролинаи Шимолӣ ҳам вазъ ҳанӯз муайян нест.

Рӯзи 3-юми ноябр, ки онро таҳлилгарон як рӯзи интихоботи таърихии Амрико номиданд, бо вуҷуди пандемияи коронавирус ва тақсим шудани ҷомеа ҳузури овоздиҳандагон хеле гарму фаъол буд.

Қабл аз рӯзи интихобот беш аз 100 миллион аҳолии Амрико тавассути почта ва ё ҳузурӣ дар нуқтаҳои райъдиҳӣ овоз доданд ва гуфта мешавад, дар муқоиса бо соли 2016, ин навбат 73 дарсади мардум овоз доданд.

Азбаски бисёриҳо овози худро аз роҳи почта фиристоданд, интизор меравад, барои ҳисоби натиҷаҳои интихобот чандин рӯз лозим мешавад. Ҳарду номзад ҳам гуфтаанд, ки омода ҳастанд дар сурати шубҳа дар натиҷаҳо аз роҳи қонунӣ интихоботро ба чолиш бикашанд.

Дар остонаи интихобот пурсишҳои афкори умум Байденро 8 дарсад пештар аз Трамп пешгӯӣ мекарданд, вале аз ин муҳимтар ҳамин аст, ки собиқ муовини президенти Амрико аз роҳҳои мухталиф шонс дорад, 270 овози ҳайати овоздиҳандагонро ба даст оварад. Дар қиёс пурсишҳои афкори умум мегӯянд, Трамп барои пирӯзӣ дар иёлоти ҳалкунанда чандон василаи зиёд надорад.

Дар пурсишҳои экзит-пол аз ҳар 10 шаҳрванд чор нафараш гуфтаанд, ки пандемия ва баъди он вазъи иқтисодӣ аз мушкилоти аввали ин кишвар ба шумор мераванд. Дар соле, ки ихтилофҳои марбут ба нажодпарастӣ хеле доғ шуда буд, аз 10 як нафар гуфтааст, ки ин масъала барои ҷомеаи Амрико муҳим мебошад. Шаш нафар аз даҳ пурсидашуда гуфтааст, ки аз самтгириҳои сиёсии кишвар розӣ нестанд ва сеяки пурсидашудаҳо аз кори ҳукуматҳои федеролӣ изҳори норизоият карданд.

Рӯзи 3-юми ноябр ба иловаи интихоботи президентӣ дар Амрико инчунин аъзои нави Маҷлиси намояндагон ва Сенатро ҳам интихоб карданд. Сенати Иёлоти Муттаҳида ҳоло дар дасти аксар ҷумҳурихоҳон буда, Маҷлиси намояндагонро демократҳо назорат мекунанд.

Омадани ин ё он нирӯ ба палатаҳои Конгресс дар комёбии кори президент ҳам таъсиргузор мешавад. Дар интихоботи гузашта баъзе аз сенаторҳои ҷумҳурихоҳ бо рақибони демократи худ дар муборизаи бисёр танготангу шадид қарор доштанд.

Барои демократҳои Сенат, ки аз 100 курсӣ 47 курсиро дар ихтиёр доранд, бурдани чор курсӣ ба маънои таъмини назорат бар маҷлиси болии Конгрессро хоҳад дошт. Дар Маҷлиси намояндагон, ки аз 435 курсӣ иборат аст, интизор меравад, дубора демократҳо аксариятро ташкил хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG