Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арабистони Саудӣ ҳукми ниҳоии муттаҳамон ба қатли Хошуқҷиро эълон кард


Ҷамол Хошуқҷӣ.
Ҷамол Хошуқҷӣ.

Ҳудуди ду сол пас аз қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди ҳукумати Арабистони Саудӣ дар консулгарии он кишвар дар Истанбул, Додситонии кулли Арабистони Саудӣ рӯзи душанбеи 7-уми сентябр ҳукми ҳашт тан аз муттаҳамонро эълон намуд ва ин парвандаро "поёнёфта" эълон кард.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", панҷ муттаҳами ин қатл ҳар як ба 20 сол ҳабс, як муттаҳам ба 10 сол ва ду муттаҳам ба ҳафт солӣ зиндон маҳкум шуданд.

Додгоҳи ибтидоӣ дар Саудӣ ҳудуди даҳ моҳ пеш панҷ тан аз муттаҳамонро ба қатл маҳкум карда буд, аммо ин муҷозот дар марҳилаи кассатсионӣ ба 20 сол коҳиш ёфт. Додгоҳи Саудӣ дар марҳилаи аввал се тани дигарро низ ба 24 солӣ ҳабс маҳкум карда буд. Арабистони Саудӣ номҳои ҳеҷ яке аз ин маҳкумшудаҳоро эълон накардааст.

Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзи 2-юми октябри соли 2018 вақте, ки барои дарёфти санадҳо ба консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул муроҷиат кард, то битавонад бо номзади туркии худ Хадиҷа Чингиз издивоҷ кунад, дигар аз он бино берун наомад.

Номзади ӯ соатҳои тӯлонӣ дар берун аз консулгарӣ мунтазири ӯ буд ва бо тамос бо мақомоти Туркия, таваҷҷуҳи онҳоро ба нопадид шудани ин рӯзноманигор ҷалб кард.

Ҷамол Хошуқҷӣ, ки дар замони фаъолияти худ бо хонадони подшоҳии Саудӣ робитаи наздик дошт, пас аз ҳимоят аз ислоҳот дар низом ва хуруҷ аз кишвараш, барои рӯзномаи "Вашингтон пост", мақола менавишт ва дар нишастҳои байналмилалӣ суханронӣ мекард. Ӯ дар охирин суханрониаш аз ҳокимони Саудӣ интиқоди сахт карда буд.

Қатли фоҷеабори ин рӯзноманигори мунтақид ва ҷузъиёте, ки Туркия дар моҳҳои баъд нашр кард, ҷомеаи ҷаҳониро такон дод. Арабистони Саудӣ дар оғоз ҳама гуна даст доштан дар нопадид шудани Ҷамол Хошуқҷӣ дар консулгарии он кишвар дар Истанбулро рад кард ва Муҳаммад Ал-Утайбӣ, консули Саудӣ бо нишон додани бинои консулгарӣ ба як хабарнигори ғарбӣ иддо кард, ки Хошуқҷӣ биноро тарк кардааст.

Арабистони Саудӣ ду ҳафта баъд аз ин ҳодиса дар баёнияи расмӣ таъкид кард, ки Ҷамол Хошуқҷӣ дар даруни консулгарии ин кишвар бинобар, "муноқишаи нохоста" кушта шудааст. Риёз чанд моҳ баъд аз боздошти як тими 18-нафара хабар дод ва исрорҳои Туркия барои таслим кардани онҳоро ба ҳадафи муҳокима дар хоки ин кишвар рад кард.

Додгоҳи Арабистони Саудӣ дар ҳукми ибтидоии муттаҳамон гуфта буд, ки онҳо бо нияти куштани Хошуқҷӣ ба Истанбул нарафта буданд, балки мехостанд ӯро "ҳатто агар бо зӯр ҳам бошад, ба Арабистон баргардонанд". Додгоҳи Саудӣ даъво кардааст, ки муттаҳамон "беш аз ҳад маводи мухаддир" ба Ҷамол Хошуқҷӣ гузаронданд ва дар натиҷа миёни онҳо ва қурбонӣ даргирӣ сурат гирифт ва қатли "нохоста" рух дод.

Саъуд Ал-Қаҳтонӣ, мушовири баландпояи Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудӣ, ки номаш дар робита ба ин қатл сари забонҳо афтод, дар озодӣ ба сар мебарад. Додгоҳ соли гузашта ҳукм кард, ки Қаҳтонӣ дар ин қатл "дахл"-е надорад.

Аҳмад Ал-Усайрӣ, муовири вазири амнияти Арабистони Саудӣ низ, ки ду ҳафта баъд аз матраҳ шудани номаш дар ин қатл аз мақом барканор шуд, дар ин парванда муттаҳам шинохта нашудааст ва озод мебошад.

Додгоҳи ибтидоӣ ҳамчунин Муҳаммад Ал-Утайбӣ, консули пешини Арабистони Саудӣ дар Истанбулро "бегуноҳ" донист.

Арабистони ҷузъиёте дар бораи марҳилаи шикояти кассатсионӣ нашр накардааст. Нуҳ ҷаласаи додгоҳӣ низ дар пушти дарҳои баста баргузор шуда буд.

Мунтақидон дар ҷаҳон таъкид доштанд, ки парвандаи чунин қатле ниёз ба баррасии васеъ ва ҳамаҷониба дошт, аммо ба назар мерасад Арабистони Саудӣ барои эълони ҳукм ва бастани парванда шитоб дошт.

Арабистони Саудӣ аз оғози моҷаро ҳар гуна даст доштани Муҳаммад бин Салмон бо қатли Хошуқҷиро қотеона рад кард, дар ҳоле ки гурӯҳҳои мудофеи ҳуқуқи башар иддао доранд, ки чунин кор бидуни мувофиқати валиаҳди Саудӣ имконнопазир аст ва Ал-Қаҳтонӣ ва Ал-Усайрӣ дастури ӯро иҷро карданд.

Далел ва нишонаҳои зиёд, ки дар натиҷаи таҳқиқоти тулонии ниҳодҳои амниятии Туркия ба огоҳии расонаҳои ҷаҳонӣ расид, зоҳиран нишон медод, ки тими фиристодашуда аз Арабистони Саудӣ барои куштани Ҷамол Хошуқҷӣ дар нахустин дақиқаҳои вуруди ӯ ба бинои консулгарӣ вайро бо арраи барқӣ пора-пора карда ва қитъаҳои ҷасадро бо маводи кимиёӣ об карданд ва қитъаи дигареро дар танӯри хонаи консул дар атрофи бинои консулгарӣ сӯзондаанд.

Қатли Ҷамол Хошуқҷӣ муносибатҳои Туркия ва Арабистони Саудиро, ки бинобар масоили минтақавӣ тира буд, боз ҳам печидатар кард. Он рӯйдод ҳамчунин муносибати кишварҳои ғарбӣ бо Арабистони Саудиро тағйир дод.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG