Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзе, ки Хошуқҷӣ вориди консулгарӣ шуд ва дигар берун наомад


Чанд рӯз пеш дар остонаи солгарди қатли фоҷеабори Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди ҳукумати Арабистони Саудӣ, Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди ин кишвар дар мусоҳибае гуфт, ки ба унвони мақоми баландпояи Саудӣ дар ниҳоят масъулияти ин қатл бар шонаҳои ӯ қарор мегирад, аммо ӯ дастури чунин кореро надода ва аз ин иқдом бехабар будааст.

Ӯ ба шабакаи CBS гуфт, ки "рӯзона се миллион нафар барои ҳукумати Саудӣ кор мекунанд" ва барои ӯ "ғайримумкин" аст, ки аз кору фаъолияти ин афрод бохабар бошад.

Ҷамол Хошуқҷӣ хабарнигори рӯзномаи амрикоии "Вашингтон пост" ва аз мунтақидони ҳукумати Арабистони Саудӣ рӯзи 2-юми октябри соли 2018 дар консулгарии ин кишвар дар шаҳри Истанбули Туркия ба қатл расид ва ин ҳодиса ҷанҷоле ба роҳ андохт, ки ҳанӯз домони хонадони саудиро раҳо накардааст.

Рӯзи чаҳоршанбе сухангӯи Иттиҳоди Аврупо бо нашри баёнияе гуфт, ки Ҷамол Хошуқҷӣ "ҳамчунон илҳомбахши рӯзноманигорон ва ҳамкорон ва аз ҷумла ҳамкороне аст, ки дар муассисаҳои Иттиҳоди Аврупо бо вай дар иртибот буданд". Иттиҳоди Аврупо дар ин баёния зикр кардаааст, ки "як сол пас аз қатли вай, бисёре аз пурсишҳо ҳанӯз бепосух мондаанд". Иттиҳоди Аврупо хостори анҷоми таҳқиқоти шаффоф ва муътабар дар мавриди ин қатл ва посухгӯии комили ҳама афроди масъул дар он шудааст.

Бо вуҷуди таъкиди подшоҳ ва валиҳди Арабистони Саудӣ, ки дар ин ҳодиса даст надоранд ва аз он бехабар будаанд, ахиран Агнес Калламард, гузоришгари махсуси Созмони Милалил Муттаҳид дар умури марбут ба эъдомҳои худсарона ва бидуни ҳукми додгоҳӣ, гуфт, ки аз санадҳо чунин бармеояд, ки Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудӣ ва мақомҳои баландпояи ин кишвар бо қатли Ҷамол Хошуқҷӣ рабте доранд.

Агнес Калламард як рӯз пеш аз солгарди ин қатл дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Рейтерз" гуфт, ки ба бовари ӯ валиаҳди саудӣ талош дорад ҳарчи шавад байни худ ва ин моҷаро фосила эҷод кунад.

Қабл аз ин шуморе аз сенаторҳои амрикоӣ пас аз шунидани гузориши маҳрамонаи мудири созмони CIA ибрози итминон карда буданд, ки Муҳаммад бин Салмон ба куштани Ҷамол Хошуқҷӣ амр кардааст.

Ҷузъиёти такондиҳанда

Муфаттишони пулис дар Туркия ақида доранд, ки тиме 15-нафара аз Арабистони Саудӣ ба Истанбул рафта буданд, то Ҷамол Хошуқҷиро ба қатл бирасонанд. Туркия ахиран як навори маҳрамонаи 45-дақиқаӣ аз садои сабтшуда дар консулгарии Арабистон дар хоки худ ба Созмони Милали Муттаҳид супурдааст ва мақомҳои СММ дар рӯзҳои ахир дар мавриди бахшҳое аз муҳтавои он ба расонаҳои тавзеҳе додаанд.

Дар ин навор гуфтугӯҳои такондиҳандае шунида мешавад, ки гуфта мешавад садои қотилони Хошуқҷӣ қабл ва баъд аз қатли ӯ дар консулгарӣ аст. Дар ин навор, яке аз ин афрод бо ханда мепурсад, ки "ҳайвони қурбонӣ ҳанӯз нарасидааст?"

Дар идома, ҷумлаҳое аз ин афрод шунида мешавад, ки нишон медиҳад онҳо комилан дар робита ба масъалаи зинда ба зинда сӯзонидани инсонҳо роҳат ҳастанд ва бо "ханда ва шӯхӣ" дар мавриди ин амал сӯҳбат мекунанд.

Пас аз раду бадал шудани чанд ҷумлаи ҳавлнок байни ин афрод ва пас аз он, ки қотилон Ҷамол Хошуқҷиро бо кашидани як халта бар сараш хафакуш кардаанд ва зоҳиран пас аз буридани сари ӯ бо ишора ба чизе мегӯянд, ки "инро бигзор рӯи сари ин саг, бипечаш, бипечаш".

Набераи табиби махсуси подшоҳ

Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигор, нависанда ва сардабири пешини шабакаи хабарии "Араб Нюс" 13 октябри соли 1957 дар шаҳри Мадинаи Мунаввара зода шудааст. Падаркалони Ҷамол Хошуқҷӣ, яъне Муҳаммад Хошуқҷӣ табиби шахсии Малик Абдулазиз Оли Сауд, бунёдгузори подшоҳии Арабистони Саудӣ буд. Асли Муҳаммад Хошуқҷӣ аз Туркия буд ва номи хонаводагии ӯ низ арабишуда аз вожаи туркии қошуқчӣ ба маънои қошуқсоз аст.

Хонаводаи Хошуқҷӣ аз оғози ташкили Арабистони Саудӣ ба мақому манзалати болое расиданд ва сарвати зиёде низ ба даст оварданд.

Хошуқҷӣ солҳои ахир ба яке аз мунтақидони ҳукумати Арабистони Саудӣ табдил шуда буд. Пас аз он, ки теъдоде аз дӯстонаш дастгир шуданд, ба Амрико рафт ва дар онҷо зиндагӣ мекард.

Ӯ дар бисёре аз шабакаҳои телевизионии арабӣ кор кардааст. Ҷамол Хошуҷӣ аз солҳои 1991 то 1999 ҳамчун хабарнигор дар кишварҳое монанди Афғонистон, Алҷазоир, Кувайт, Судон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна фаъолият намудааст.

Гузориш шудааст, ки вай дар ин муддат бо хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ ва эҳтимолан бо Амрико дар Афғонистон кор кардааст. Вай сипас аз унвони муовини сардабири шабакаи "Араб нюс" таъйин шуд ва аз соли 1999 то 2003 дар ин мақом кор кард.

Хошуқҷӣ пеш аз марг ният дошт бо Хадиҷа Чингизи 36-сола, як шаҳрванди Туркия издивоҷ кунад. Ӯ барои дарёфти санади расмии сабти талоқ ва дар натиҷа ба даст овардани иҷозатномаи издивоҷи нав, вориди бинои консулгарии Арабистони Саудӣ шуда буд, ки дигар аз он бино берун наомад.

Хадиҷа Чингиз дар солгарди ин қатл ба хабарнигорон гуфт, ки "порсол дар назди консулгарӣ танҳо ба интизори Ҷамол Хошуқҷӣ мондам, аммо имсол ҳама дунё бо ман ба интизори Ҷамол ва дар интизори иҷрои адолат дар ҳаққи Ҷамол аст".

XS
SM
MD
LG